Сухан чун аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.
Андешаи ман суи фаъолияти кории табибоне меравад, ки аз сӯзу созашон олам мунаввару дунё гулбасар мегардад. Онҳо рисолати худро бо тамоми ҳастияшон иҷро мекунанд. Сухан дар бораи нафароне меравад, ки собиқаи чандсолаи корӣ дошта, ҳабиби мардумонанд ва дасти шафқатбори эшон шабу рӯз баҳри дармонбахшии дардмандон аст. Онҳо киҳоянд? Нафароне, ки мо дар бораашон сухан оғоз кардем- табибони Муассисаҳои кӯммаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мӯъминобод мебошанд.
Муассисаҳои кӯммаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мӯъминобод супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, саломатии мардум боигарии давлат. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и ноҳияи Мӯъминобод талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия доимо таъмин бошад.
– Дар Муассисаҳои КАТС ноҳияи Мӯъминобод дар 5 моҳи соли 2025 ба аҳолии ноҳияи Муъминобод 49 нафар духтурон (4,6 нафар ба 10000 нафар аҳолӣ), 630 нафар кормандони миёнаи тиб (59,5 нафар ба 10000 нафар аҳолӣ) фаъолият менамоянд, инчунин 132 нафар кормандони хурди тиб, 66 нафар дигар коргарон хизматрасонии амбулаторӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои КАТС дар соли 2023, 7 нафар табибон ва дар соли 2024, 4 нафар табибон (1 нафар акушер-гинеколог, 1 нафар терапевт ва 2 нафар педиатр) ва дар 5 моҳи соли равон 1 нафар табиб (педиатр) ба кор омаданд.
Сохтмони БС Дошманд аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва БС Ҷавзодара бо саҳми соҳибкор ва саҳми аҳолӣ идома доранд. Бо маблағгузории ташкилоти ғайридавлатӣ (GIZ) маркази саломатии деҳотии Деҳлоло аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар соли 2025 сохтмони БС Дараи ҳаваш, Ғуломобод, Рисқидара бо ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ, соҳибкорон ва сохтмони МСД Дегрез, таъмири асосии маркази саломатии ноҳиявӣ ва МСД-и Боғгаӣ бо маблағгузории Барномаи “Миллати солим”-и ВТ ва ҲИА ҶТ ба нақша гирифта шудааст. – мегӯяд, Сайдамир Розиқов, роҳбари муассисаҳои КАТС-и Мӯъминобод.
Аз тарафи кормандони КАТС ҳаррӯза гашти хонаҳо гузаронида мешавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ бурда мешаванд. Ташрифи беморон дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба МКАТС-100732 нафарро ташкил медиҳад. Гашти хонаҳо аз тарафи кормандони КАТС дар 1 рӯз-баҳисоби миёна 3000-4000 нафарро ташкил медиҳад.
Дар 5 моҳи соли равон аз 5282 нафар наврасон, аз ҷумла 2646 нафар писарон (50,1%) 1018 нафар (19,3%), аз ҷумла 884 нафар писарон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд, ки 101 нафар беморон (9,9%), аз ҷумла 69 нафар писарон (7,8 %) дарёфт карда шуданд. Аз комиссияи тиббии то даъватӣ 699 нафар ҷавонписарон аз муоина гузаронида шудаанд, ки 80 нафар беморон (11,4%) дарёфт карда шуда 33 нафар солим гардонида шуданд. Айни замон 1092 нафар беморони гирифтори диабети қанд дар қайд мебошанд (1%, 1030,9 нафар ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ), аз ҷумла 3 нафар кӯдакони то 18 сола. Дар давоми 5 моҳи соли 2025 ба 837 даъват аз тарафи кормандони шӯъбаи ёрии таъҷилӣ хизмат расонида шудааст, 4 нақлиёти ёрии таҷилӣ коршоям мебошанд.
Иҷроиши қарори №600 дар КАТС дар 5 моҳи соли равон 15408 сомонӣ-125,74%, иҷроиши қарори №600 дар госпитал дар 5 моҳи соли 2025 – 82055 сомонӣ-100,71% ва муоинаи ҳатмии тиббӣ дар КАТС-18407 сомонӣ- 34%-ро ташкил мекунад. Аз тарафи мутахассисони КАТС дар 5 моҳи соли 2025 66 нафар кӯдакон хатна карда шуданд.
Дар муассисаҳои кӯммаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 21 маркази саломатии деҳотӣ, 33 бунгоҳи саломатӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 1 БМН, 2 Беморхонаи рақамӣ, 1- МДСЭН, 1-МСН, 7-марказҳои соҳавӣ, 1-шуъбаи дез-я дар маҷмӯъ 67 муассиса фаъолият намуда дар хизмат аҳолӣ мебошанд.
Аҳолии ноҳия ба 01.06.2025 105924 нафар, (54042 мард, 51882 зан). Кӯдакони то 18 сола 44744 нафар, Занҳои қобили таваллуд 25285 (нафар (23,9%). Ноболиғон 5854 нафар (5,5%) 2965 нафар писар. Таваллуд дар ноҳия дар 5 моҳи соли 2025-ум 1132 (25,7%) нафарро ташкил медиҳад. Ҳомиладорон 1176 нафар, то 12 ҳафтаина-885 (74,6%). Маъюбон аз ҳисоби беморӣ 1857 нафар (1,75%), Кӯдакони маъюб 366 нафар то 18 сола-19,7% (0,34%), хориҷи кишвар-5 нафар, 1 кӯдак, берун аз ноҳия-12 нафар, 5 нафар фавт.
Роҳбарияти муассиса С.Розиқов бо ифтихор табибон ва кормандон Мирзодавлат Миров табиби даҳонпизишк, Гурез Сабзаалиев, табиби оилавии деҳаи Ғеш, ҷамоати деҳоти Чашмасорон, Мирҷон Раҳимов табиби оилавии МС Чашмасор, ҷамоати деҳоти Тӯтиён, Хомӯш Рафиев, табиби МС Сангдара, ҷамоати деҳоти Боғгаӣ, Зебуниссо Соҳибова, директори маркази имунизатсияи ноҳия, Савронбӣ Абдураҳмонова, табиби акушер гениколог ва директори маркази солими репрудиктивӣ, Алиҷони Абдураҳим директори маркази мубориза зидди бемориҳои сил, Хуршед Сино, табиби ҷарроҳи КАТС, Хуршед Ҳисайнов, табиби шикастабанд, Наргис Маҳмадова ҳамшираи калони Маркази саломатӣ, Бобоҷон Гадоев, муовини роҳбари КАТС, Илҳом Давлатов, муовини роҳбари КАТС, Ғоибзода Ҳусния, табиб акушер гениколог, муовини роҳбари КАТС самти ҳифзи модару кӯдак, Оиша Холназарова, табиби кӯдакона, Эраҷ Ватанов, табиби бемориҳои даруна, Нурулҳақ Ҳамидов бародари тиббӣ аз ҷамоати деҳоти Деҳибаланд, Парвина Нуруллоева, сардухтури МС Лангар, ҷамовти деҳоти Боғгаӣ, Рамазон Худоёров бародари тиббии МС Туто , ҷамоати деҳоти Балхобӣ, Асадулло Лолахонов, бародари тибби МС Оламтоб, ҷамоати деҳоти Балхобӣ, Б.Мираков, бародари тиббии БТ деҳаи Синҷии ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, Козимшоҳ Баҳромов, бародари тиббии МС Кулчашма, ҷамоати деҳоти Чашмасорон, Музаффар Қосимов, бародари тиббии МС деҳаи Кулчашмаи боло, ҷамоати деҳоти Чашмасорон, Ҷамолхон Давлатов бародари тибии МС Деҳилоло, Баҳодур Каримов, бародари тиббии БС Бустон, Орзу Каримов, бародари тиббии ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, Хуршед Ҳасанов, бародари тиббии БС Ҷавзодара, ҷамоати деҳоти Чилдухтаронро ба забон оварда мегӯяд, ки инҳо устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Мӯъминобод сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Дар рӯзи кормандони тиб ва рӯзҳои иди соҳибистиқлолии кишвар, ҷашни Наврӯз аз ҷониби иттифоқҳои касабаи муассиса собиқадорони соҳа ҳар сол даъват шуда, ҳавасманд гардонида мешаванд.
Билоли Шамс,
МТЖТ