Азимбой Ҳакимов, сокини ҳаштодусесолаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати  ноҳияи Деваштич аст. Ӯ 40 рӯз боз дар  Муассисаи давлатии Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд табобат мегирад. Ҳамсуҳбати мо гуфт замоне, ки силшиносони ноҳияи Деваштич ройгон будани табобати силро гуфтанд, муйсафед бовар накард ва инро як суханони дилгармкунанда барои   табобат гумошт.

Вале 40  рӯз пеш ба  маркази мазкур омад ва навиштаҷоти “Дар беморхона хизматрасонии тиббӣ ва ташхису табобати беморони сил ройгон ба роҳ монда шудааст”-ро хонда як андоза ҳайратзада шуд.  Баъди бистарӣ шудан, амаки Азимбой илова бар ташхису табобати ройгон аз дастгирии навбатии ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ баҳравар шуд – ин ҳам бошад таъмин будан бо хӯроки ройгону серғизо.

Ҳамсуҳбати мо гуфт дар умри беш аз 80-солаи худ ягон бор дар беморхона нахобидааст, вале тайи чанд моҳи охир сулфаи шадид ӯро нагузошт давлати пирӣ ронад.  Дар аввал доруҳои зиёд барои зуком истеъмол кардааст, баъди эҳсоси камқувватӣ ва харобшавии зиёд фарзандонаш ӯро ба Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич бурданд. Дар он ҷо духтурон фаҳмонидаанд, ки гирифтори бемории сили шуш шудааст.  Ҳакимов мегӯяд   дурудароз  будани мӯҳлати табобат ӯро каме рӯҳафтода мекунад, аммо ройгон будани он ва шароити ҳаматарафа муҳайё ӯро болида мекунад.

Нафасгирӣ мушкил буд, доруҳои зиддисилӣ хурдаму дар рӯз хеле беҳбудӣ шуд

Фароғат Ҷураева, сокини 90 солаи шаҳри Конибодом буда, дар БМ “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд” табобат мегирад. Номбуда   барои сӯҳбат дар назди дурбини камера бо майли том розӣ шуда гуфт:                                 “Сил ягон беморие нест ки  инсон шарм дорад, худро аз дигарон канор гирад ё чеҳраашро пинҳон кунад. Сил ҳам мисли дигар бемориҳо як дард аст ва  давои худро дорад”.                                                                                                                                   Қаҳрамони мо мегӯяд дар умри қариб 100 солаи худ дар дар беморхонаҳои гуногун хобидааст. Аммо беморхонае, ки табобат ва хурокаш ройгонро нав дидааст.

Ба нақли пиразан, чор моҳ пеш азми сафар ба Руссия дошт то ба назди фарзандону небераҳояш равад. Сулфаи шадидро бо дорухурӣ ва бистарӣ шудан дар дигар марказҳои саломатӣ рафъ карда натавонист. Ҳафтаи гузашта вақте ташхиси такрорӣ супурид духтурони шаҳри Конибодом гуфтанд, ки ӯ  гирифтори бемории сил шудааст ва ҳатман бояд дар марказ табобат гирад:

“Бемадор будам, иллати пирӣ фикр мекардам, сулфа будам, зукоми мавсимӣ гумон кардам, арақзеркуниро  гармии хона дониста, гоҳо тирезаҳоро мекушодам.   Роҳҳои нафас маҳкам шуда, нафаскашӣ хеле мушкил шуд,  бо ҳолати вазнин ба  ин беморхона оварданд. Духтурон дору дармони даркориро  дар вақташ карда истодаанд, ҳоло  организмам хеле  сабук шуд, нафаскашӣ озод сулфа кам.  Беморони сил бо шароити моддӣ 100% таъминанд, аммо дар фаҳмиш то ҳол камбудӣ ҳаст

Ҷумъа Ёқубов,  муовини директори БМ “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд” аст. Номбурда мегӯяд дастгирии беморони сил аз ҷониби  давлату ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дигар сохторҳои марбута ғамхорӣ сол сол то сол зиёд шудааст.

Соли 2016 маркази мазкур бо ибтикори Пешвои миллат кушода шуд ва аз он замон то имрӯз беш аз 10 номгуй технологияи муосири тиббӣ ворид шуд, аз ҷумла:
-GeneXpert  MTB/RIF Ташхиси зуд бо усули ДНК, ки дар давоми 2 соат сил ва муқовимат ба рифампицинро муайян мекунад

-Xpert MTB/RIF Ultra- Версияи такмилёфтаи GeneXpert барои кӯдакон ва силҳои пинҳонӣ ҳассостар аст

-Line Probe Assay (LPA) таҷҳизот барои муайян кардани муқовимати микроби сил ба доруҳо, яъне муҳим барои силҳои дорумуқовимат (MDR-TB)

-(Digital Chest X-ray) Рентгени рақамии шуш бо сифати баланд ва коркарди компютерӣ
Флуоресцентная микроскопия (LED microscopy) дастгоҳе, ки аз микроскопияи анъанавӣ дақиқтар барои муайян кардани микобактерияи сил ва ғайра.

“То ворид шудани технологияи муовири тибби мушкилот ҷиддӣ буд, ҳам барои силшиносон ҳам барои худи беморон. Зеро мо гумонбарон ба бемории силро ҳам то дами дақиқ шудани бемори дар миёни беморони сил ҷо мекардем, дигар роҳ ва илоҷ набуд.  Дастгоҳи GeneXpert  набуд ва натиҷаи ташхис гоҳо як моҳ ҳам кашол меёфт. Сили шуш ва ғайришуширо ҳам да як ҷо бистарӣ мекардем, акнун ки технологияи рушд кард, аз тарафи ҳукумати  кишвар ба тамоми минтақаҳо дастрас шуд ҳар бемор аз руйи беморияш шӯъба ба шӯъба бистарӣ аст” – афзуд Ёқубов.

“Воридоти технологияҳои болозикр  барои дарёфт ва табобати беморони сил дастрас гардидааст ки ин ғамхории хеле назаррас аст. Инчунин табобат комилан ройгон  буда  беморон бо хӯроки бепул таъмин буданд. Бемороне, ки аз минтақаҳои дурдаст меоянд  роҳпулӣ  низ дода  мешаванд. Танҳо як мушкил боқӣ мондааст: Ин ҳам бошад пурра аз баён нарафтани доғгузорӣ ё тамғагузорӣ  нисбати беморон мебошад-илова намуд ӯ.

Икромов: Назорати зиёд ва бемории кам

Насибҷон Икромов,  мудири шӯъбаи сироятҳои ниҳоят хавфноки МНДСЭ-и вилояти Суғд ва шахси масъул оид ба назорати бемории сил дар шимоли кишвар  аст. Икромов мегӯяд афроди осебпазир ё мақсаднок дар гирифторӣ ба бемории сил пеш аз ҳама гуруҳи одамоне, ки бемориҳои музмин доранд, нашъамандон, майзадагон, беморони қанд, калонсолон ва  маҳбусиён мебошанд. Дар баробари табобат назорат ҳам пурзур аст ва ин омилҳои асосӣ барои кам кардани бемории сил дар байни аҳолӣ мебошад.

Сатторов: “Тамғагузориро аз байн бурдан кори дастаҷамъӣ аст”

Бахтиёр Сатторов, директори МД “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд” аст. Номбурда гуфт дар соли  2025 – 836 нафар беморон ба қайд гирифта шуда, аз он 774(26,0)  нафар беморони ҳодисаи нав дарёфт гардиданд. Боқимонда 62 нафар беморони сил такроран ба қайд гирифта шуданд.   Дар  соли  2024 – 910 нафар беморон бақайдгирифта шуда, аз онҳо 833 (29,0) нафар беморони ҳодисаи нав ва боқимонда 77 нафар беморон такроран ба қайд гирифта шудаанд. Нисбати соли 2024 – 74 нафар беморони умумӣ кам ба қайд гирифта шуда, беморони ҳодисаи нав 59 нафар кам дарёфт гаштааст.

Беморшавӣ  дар соли  2025 – 774 (26,0)  нафар беморон дарёфт гардиданд (дар  соли  2024 – 833 нафар ё 29,0 ҳолат ба 100 000 аҳолӣ),  ки нисбати соли гузашта – 59 нафар кам дарёфт шудаанд.

Сатторов мегӯяд “баланд бардоштани маърифати тиббӣ,  аз фикрҳои ғалат дур кардани беморону атрофиён, муроҷиати саривақтӣ,  пурра табобат гирифтан омилҳои асосие ҳастанд, ки бемории силро  ба таври назаррас кам мекунад. Барои аз байн бурдани доғгузорӣ нисбати беморони сил  саҳми намояндагони ВАО, маорифчиён, имомхатибон,  валантиёрон  ва фаъолони ҷомеа хеле назаррас аст. Мо дар якҷоягӣ метавонем ҳар гуна тамғагузориро нисбат ба беморони сил решакан намоем”.

Фарзона Муродӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь