Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон соҳаи тандрустӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва заҳматҳои шабонарузии роҳбарияти Беморхона ва комрандони он бо маротиб рушт карда, ҳамаи шӯъбаҳои Беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардидааст, ки ин пешравиҳо кормандони соҳаи тандрустии ноҳяиро руҳбаланд карда, онҳо шабонарӯз ба аҳолии ноҳияи Панҷ хизмати бо сифати тиббӣ расонида истодаанд. Бо мақсади ошноӣ дастовардҳои соҳаи тандрустии ноҳияи Панҷ хабарнигори “Фараҳ” бо сардухтури ин беморхона Ҷумъазода Муҳаммад суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Пешравиҳои соҳаи тандурстӣ хизматҳои Пешвои миллат аст
Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ӯ қайд кард, ки “Роҳбари давлат дар як баромадаш гуфта буд, ки Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.
Борҳо таъкид кардаам ва боз такрор мекунам, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад. Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд. Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед. Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд. Умедворам, ки шумо низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони кишварамон ҳамаи саъю талоши худро сафарбар месозед”.
Роҳбарият ва кормнадони соҳаи тандрустии ноҳия аз дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоятро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сокинони ноҳияро бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум ҳама донишу малкаи касбии худро сарф карда, бо дасту дили нияти пок ба беморону корафтодагон хизмат мекунанд.
Солимии ҷомеъа бойгардии давлат аст
Дар ноҳияи Панҷ як Беморхонаи маркази бо 381 кат ва 10 шуъба, ки бо тамоми шароит барои табобату муолиҷаи беморон муҳайё мебошад, шабонарӯз ба аҳолии ноҳия хизмати бо сифати тиббӣ расонида истодааст.
Ҳамзамон дар ноҳия Панҷ чор Беморхонаҳои деҳоти дорои 120 кат ва бо шароити хуб ва муҷаҳаз бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ҳамураза ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар онҳо 5890 нафар беморон бистари гардида шифо ёфтаанд.
Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар Беморхонаи маркази ва беморхонаҳои рақамии ноҳияи Панҷ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гаштаанд, ки ин дар сиҳатии аҳоли нақши калиди мебозад. Ба аҳолии ноҳия 70 нафара табибони бо таҷриба, 523 нафар ҳамшираҳои шавқат хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Ҳазамон барои тозагии 222 фаррош вобаста шудааст. Дар маҷмуъ 977 нафар дар ин беморхонаҳо шабонаруз кору фаъолият дошта маромашон хизмати шоиста ба халқу ватан ва сиҳатии аҳоли мебошад.
Роҳбарияти беморхона ҳама талошҳои худро баҳри бозҳам ободу зебо гардидани Беморхонаи маркази ва беморхонаҳои рақами равона кардааст.
Қарори 600 121 дарсад иҷро шуд
Гуфта шуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 фаъолият карда, дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Шуъбаҳои Беморрхона ба мабалғи 1241892 сомонӣ ворид карда шуда, ба 5803 нафар бемор хизматрасонии ройгон гузаронида шудааст. Нақшаи 8 моҳаи соли равон ба маблғи 783104 сомонӣ тасдиқ шуда, иҷроиши он 946860 сомонӣ ё 121%-ро ташкил медиҳад.
Беморхона бо таҷҳизотӣ зарурӣ таъмин аст
Бо дасгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷ.Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ҳамаи шуъбаҳои Беморхонаи марказиву рақамӣ бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шудааст, ки ин аз рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия дарак медиҳад.
Қайд гардид, ки дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар беморхонаи маркази бо иштироки роҳбарияти ноҳия Томогирафияи компютерӣ, насб карда шуд, ки насби ин таҷҳизот мушкилии сокинони ноҳия, ки то инҷониб ба дигар шаҳру ноҳияҳо мерафтанд ба пуррагӣ аз байн бурд. Масуълони Беморхона ва роҳбарияти ноҳияи Панҷ талош доранд, ки барои рушди бештари ин соҳа ва воридсозии муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ бозҳам хубтару беҳтар созанд.
Ба зимистон гузарони омодаем

Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бо дасгирии МИҲД-и ноҳия Панҷ ва ташолҳои роҳбарияти он пурра беморхонаи маркази ва беморхонаҳои рақамӣ ба зимистон омода шуда, ба қадри зарури ангишт, ҳезум, сузишвории дизелӣ, доруворӣ ва хурокворӣ харидори ва захира карда шудааст.
Ҳамзамон заминҳои назди Беморхонаро, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат масъулони Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ самараноку оқилона истифода карда, дар онҳо маҳсулоти кишоварзӣ картошка, сабзӣ ва дигар сабзавоту меваҷот шинонида, ҳамаруза аз он барои омода кардани хуроки беморон истифода мекунанд.
Ҷумъазода Муҳаммад, илова кард, ки дар фасли зимистон мо кушиш мекунем, ки ҳамаи ҳуҷраҳои беморхонаро гарм намуда, беморонро бо ду вақт хуроки гарм таъмин созем.
Омодагии табибон ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давалтии кишвар
Ӯ гуфт, ки кормандони Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаҳои деҳоти барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлолияти давалтии кишвар омода буда, барои ободу зебо гаштани атрофи беморхонаҳо ҳар ҳафта шанбеги гузаронида, гулҳои рангоранг, ки саҳни биноро зебо мегардонад шинонида истодаем, дар ҳама корҳои ҷамъиятии ноҳия саҳм гузошта истоданд ва ният доранд, ки ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд. Роҳбарияти Беморхонаи маркази ва ҳама кормандони соҳаи тиббӣ ноҳия дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба сокинони ноҳия хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза расонанд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум шабонарӯз фаъолият намоянд.
“Фараҳ”



