Вобаста ба фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус хабарнигори сомонаи “Фараҳ” бо сардори раёсати мазкур Султонзода Фирдавс суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи он пешакаши хонандагон мегардад.
Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем.
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар робита ба соҳаи молия супоришу пешниҳодҳои муфиду созанда доданд: “Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.
Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем.
Махсус таъкид менамоям, ки самаранокии хароҷоти давлатӣ бояд ба натиҷаҳои аз ҳар вақти дигар бештар нигаронида шавад.
Вазорати молия бояд якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин ҷода тадбирҳои иловагӣ андешад”.
Нуктаҳои таъкид кардаи Пешвои миллат, албатта, барои пешрафти бавижа соҳаи молия мусоидат хоҳад кард, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.
Буҷет
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки ба маъмулоти Шумо мерасонем, ки дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус аз 13 декабри соли 2024 №159 “Оиди буҷети ноҳияи Шаҳритус барои соли 2025” қисми даромади умумӣ ба маблағи 148.4 млн сомонӣ, аз ҷумла даромади худӣ ба маблағи 70.2 млн сомонӣ, маблағҳои мақсаднок аз будҷети вилоятӣ маблағи 76.7 млн сомонӣ, касри буҷети он ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ, ҷамъ маблағи 148,4 млн тасдиқ карда шудааст.
Нақшаи қисми даромади худи ноҳия дар давраи ёздаҳ моҳи соли 2025 ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 64,1 млн 65,3 млн сомонӣ, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1 млн. 184 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шудааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети вилоятӣ, ба маблағи 69, млн. 411 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин маблағҳо 65, млн 528 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ бо тағйиру иловаҳо ба маблағи 150 млн 882 035 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 145 млн. 695 895 сомонӣ ба соҳаҳои иқтисоди ноҳия равона гардидааст.
Масъулиятшиносӣ
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ вуҷуд надорад.
Дар соли ҷорӣ аз фонди захиравии раиси ноҳия ба маблағи 365 ҳазор 224 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ бо қарорҳои раиси ноҳия барои кӯмакпулиҳои яквақта ба шаҳрвандон ва барои дигар чорабиниҳои сиёсӣ равона гардидааст.
Ҳамчунин, Раёсати молия дар оянда низ ҷиҳати иҷрои супоришу фармонҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ҳама нерӯи зеҳнии худро равона карда, мекӯшад саҳми арзандаи худро дар пешрафти соҳаи молияи кишвар гузорад.
Нигора Саидбекова “Фараҳ”



