Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода

Мушкили камбуди об дар гармои шадид ва танзими нодурусти об дар деҳаи Басманда боиси хушку нобуд шудани садҳо гектар замини кишти картошка гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки ноҳияи Деваштич яке аз ноҳияҳои картошкапарвар дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва то ин вақт саҳми Басманда дар ин самт хеле назарас таъкид мешуд.

Ҳоло дар даромадгоҳи Басманда дар ду канори роҳ заминҳои кишти картошка ва сабзӣ аз норасоии об хушку пажмурда гаштаанд.  Даҳҳо нафар кишоварзони ин деҳа изҳор мекунанд, дар чунин вазъ имсол ба даст овардани ҳосили хуби картошка амри муҳол аст, зеро кишти зироат аз беобӣ алакай сӯхтааст.

Деҳаи Басманда, ки беш аз 10 ҳазор аҳолӣ дорад ва яке аз калонтарин деҳаи Деваштич ба шумор меравад ва сокинонаш умдатан аз ҳисоби кишоварзӣ ва он ҳам картошкапарварӣ рӯзии худро дарёфт мекунанд.

Аз хушкшавии картошказорҳо кору заҳмати сокинон дучанд мушкил шудааст. Ҳоло сокинон ҳар бушкаи мошини обро (аз 5 то 11 тон) бо нархи 130 то 200 сомонӣ хариддорӣ карда ба сари заминҳои худ мебаранд то аз ин вазъ газанди бештаре ба киштзорҳо нарасад.

Аммо ба гуфтаи сокинон ин кор ҳам чандон самараовар нест, зеро ниҳоли сӯхтаи картошка ва сабзӣ аз нав намесабзад.

Дар деҳаи Басманда ин ҳолати нав аст, ки сокинон барои шодобкунии зироатҳо аз мошини обкашон истифода мекунанд.

Сокинони деҳа иброз мекунанд, ки аз як су мушкили камбуди ҳаҷми оби ҷоришаванда ва аз сӯи дигар танзими нодурусти он, боиси то 15 – 20 рӯз беоб мондани киштзорҳо гардид ва дар натиҷа садҳо гектар замини картошка хушку нобуд шуд.

Чанде пеш дар ин деҳаи ҳудуди 100 га замини чарогоҳ обёрӣ шуда дар он барои аввалин бор кишти картошка ба роҳ монда шуд. Ҳоло беш аз 350 гектор кишти картошка аз норасоии об сӯхтааст.

Дар чунин вазъ аз масъулини ҳукумати вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич тақозо карда мешавад, ки як ситод оиди бартарафсозии паёмади хушкшавӣ таъсис шавад ва аз ин вазъи зиёнбор пешгирӣ шавад.  Дар акси ҳол соли ҷорӣ на танҳо сокинон аз даромади як солаи деҳқонии худ пурра бебаҳра мемонанд, балки нақшаи ҳосили картошка дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд иҷро ношуда боқӣ мемонад.

Аз саҳифаи фесбукии “Басманда Сити”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь