Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунам. Зеро медонам, ки пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз рушди илму маориф вобаста мебошад. Ғамхорӣ ба ин соҳаро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар ва бақои давлат мешуморам.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар соҳаи маориф дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати моариф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва корбарии шабонарӯзии аҳли маорифи шаҳр ба маротиб рушд карда, барои хонандагон дар муассисаҳои соҳаи маориф имрӯз тамоми шароит баҳри гирифтани таълиму тарбия ва илмомӯзи фароҳам оварда шудааст. Маҳз чунин имкониятҳо боис гаштанд, ки имрӯз дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назарас мебошад.

Пояи давлат набошад бе маориф устувор…

Шоиста Абдуназарзода мудири Шуъбаи моарифи шаҳри Бохтар дар оғози суҳбат гуфт, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳо бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳаи маориф садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ карда шуда истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол ба сол зиёд шуда, вазъи соҳа мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Иҷрои датсуру супоришҳо дар мадди аввал

Абдуназарзода афзуд, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, дастурҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар соли 2025 корҳои зиёде ба анҷом расонид.

Таҳия ва ба тавсиб расонидани нақша чорабиниҳо оид ба амали гардидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иҷро ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, назорати раванди таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, амалӣ гардидани барномаи компютеркунонӣ, дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тариқи Маркази миллии тестӣ ва ғайраро роҳандозӣ намудааст, ки дар натиҷа сатҳу сифати таҳсилот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Як соли бобарор

Қайд гардид, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 15 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 литсей ва 1 гимназия, дар маҷмуъ 24 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 32570 нафар хонандагон, аз ин шумора 14797 нафар духтарон фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2060 нафар хонандагон зиёд мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон дар соли хониши 2025-2026, 1412 нафар аз ҷумла 1054 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз онҳо 1166 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, ва 246 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият доранд.

Инчунин 19 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ, 3 муассисаи хусусӣ ва 1 адад соҳавӣ таълимии томактабӣ бо фарогирии 4240 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда истодааст. Барои таълиму тарбияи онҳо 247 нафар мураббияҳо кору фаъолият менамоянд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр бо ҳамшираи тиббӣ , омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ ва омӯзгорони мусиқӣ таъмин мебошад. Омузиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳама муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар шаҳри Бохтар 17 маркази инкишофи кӯдак бо 40 гурӯҳ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд, ки шумораи умумии кӯдакон 1020 нафар буда аз ин 422 нафарро духтаронро ташкил медиҳанд.

Шуруъ аз моҳи январи соли 2026 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳия ва тасдиқ гардида, баҳри иҷроиш ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид.

Касбомӯзӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2022 оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 №357, “Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва дастури раиси вилояти Хатлон аз 8 августи соли 2017 №7-78 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таъмини тамоми муассисаҳои таълими бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон тибқи нақша дар давраи ҳисоботӣ, 291 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва 23 нафар мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ сафарбар гардидаанд, ки 112%-и нақшаи солонаро дар бар мегирад.

Сифати таълиму тарбия

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф дар ин давра 12 Шӯрои шуъбаи маориф бо баррасии зиёда аз 78 масъала нисбати сифати таълим, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, қонунҳои соҳавӣ гузаронида шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин аз тарафи мушовирони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 37 семенарҳои методии дастурдиҳӣ баргузор карда шуд, ки аз манфиат холӣ набуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад .

Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардида буд, пайваста аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат гирифта, дар асоси нақша чорабиниҳо амалӣ гардидани бандҳои он мунтазам кору фаъолият намуда истодаанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот назорат карда шуда, натиҷаи дониши хонандагон марҳила ба марҳила дар асоси ҷамъбасти баҳои ниҳоии хонандагон ба шуъбаи маориф пешниҳод мегардад. Натиҷаи сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар чоряки якуми соли таҳсили 2025-2026 ба 98,9% ва сифатноки ба 58,6 % баробар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.

Ҳамзамон натиҷаҳои мониторинги сифати таҳсилот, ки аз ҷониби гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар ҳар як чоряк гузаронида мешавад, далели гуфтаҳои болост.

Дастовардҳо

Қайд кардан ба маврид аст, ки то ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаҳои фаннии мактабачагон дар даври ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-11, сазовори 150 ҷой ва 14 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2024, 38 адад зиёд мебошад. Дастоварҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 15 адад медали тилло, 17 адад нуқра ва 118 адад биринҷиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида то ин давра сазовори 288 ҷойи намоён гардидаанд. Инчунин дар соли 2025, 10 нафар хатмкардагони синфи 9-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар соҳиби аттестати аъло гардида 6 нафар хатмкардагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки аз 1333 нафар хатмкунандагони синфи 11-и шаҳр, дар давраи ҳисоботӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷи кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ 1110 нафар, 8 нафар гурӯҳҳои мақсаднок, 54 нафар хориҷи кишвар ва 13 нафар мақомотҳои қудратӣ қабул гарданд, ки 89,1 %-ро ташкил медиҳад ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1% зиёд мебошад.

“Соли фарҳанги китобхонӣ”

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12.12. соли 2024, №720 ҷиҳати эълон гардидани “ Соли 2025 – соли фарҳанги китобхонӣ дар қаламрави вилоят”, Қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 2 январи соли 2025, №12/12 ва қарори раиси шаҳри Бохтар аз 31.12. соли 2024, №820 дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеи он корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои мазкур фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 31-уми декабри соли 2024, №120 ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида ҷиҳати иҷро дастраси масъулини муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Бо ин мақсад дар давраи таътили зимистона ва баҳорӣ дар муассисаҳои таълимӣ даври санҷиши хондани китобҳои бадеӣ аз тарафи хонандагон бо иштироки падару модарон гузаронида шуд. Дар ин санҷиш 19 ҳазору 793 нафар хонандагон иштирок намуда ба 2036 нафар беҳтаринҳо ва ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дастовардҳо аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 1-уми марти соли равон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардида пас аз ҷамъбасти давраҳои дохили муассисавӣ ва шаҳри 78 нафар довталабон ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифта буданд. Аз ин шумора 19 нафар довталабон аз вилояти Хатлон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд, ки 11 нафарашонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ташкил медод.

Дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи маориф ва роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур дар маҷмуъ аз шаҳри Бохтар 6 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки 4 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар мебошад.

Аз ҷумла Абдуғафорзода Маҳваш хонандаи синфи 2-и литсейи давлатии “Ориёно” ҷойи якум, Гадоева Ясмина хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҷойи сеюм, Шарафзода Зуҳро хонандаи синфи 8-и литсейи давлатии “Ориёно” ҷойи сеюм ва Мусоев Шукрулло хонандаи синфи 11-и литсейи хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар сазовори ҷойи сеюм гардидаанд.

Ҳамзамон 1-уми апрели соли равон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” оғоз гардада даври шаҳрии он низ ҷамъбаст гардид ва 129 нафар ғолибони даври шаҳрии озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки 25 нафар ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда 3 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла 2 нафар ҷойи 2-юм ва 1 нафар ҷойи 3-юм.

Дастгирӣ

Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри рушди соҳа, муҳайё намудани шароити мусоиди таълим ва тарбия дар соли равон дар муассисаҳои таълимӣ бо кумаки шахсони эҳсонкор, соҳибкорони ватанӣ ва аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ бо маблағи зиёда аз 960 ҳазор сомонӣ харидори намудани ашёву лавозимотҳои таълимӣ, таъмиру ивази дару тирезаҳои пластикӣ, барқарорсозии хатҳои об, барқ, сафолакпуш намудани саҳни муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳри Бохтар ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар 23 адад  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои болоӣ ва иштироки зиёда аз 8573 нафар хонандагони синфҳои 8-11 ва падару модарон вохӯриҳо доир карда шуда ҷиҳати таълим ва тарбияи хонандагон, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, иштироки хонандагон ба ҳамагуна озмуну олимпиадаҳо маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Забономӯзӣ

Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси мудири шуъбаи маориф курси омӯзиши забони англисӣ ва забони русӣ ташкил карда шуда ба он 23 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ҷалб карда шуданд.

Авҷи корҳои сохтмони дар соҳа

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар панҷ соли оянда сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар маҳаллаҳое, ки зиёда аз 100 оила зиндагонӣ мекунанд ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 актябри соли 2022, №553 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” дар шаҳри Бохтар корҳои зеринро ба сомон расонид:

Муасссиаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 барои 620 нафар хонанда иборат аз 31 адад синфхонаҳои таълимӣ пурра ба истифода дода шуд. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 сохтмони бинои иловагӣ барои 320 нафар хонандагон иборат аз 15 адад синфхонаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ идома дорад. Ҳамзамон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар сохтмони 1 адад муасссисаи таълимии томактабии хусусӣ барои 240 нафар тарбиятгиранда ба итмом расидааст ва рӯзҳои наздик дар назар аст ба истифода дода шавад.

Илова бар ин дар ҳудуди шаҳри Бохтар давоми панҷ соли оянда сохтмони 4 адад муассисаҳои томактабӣ барои 570 нафар тарбиятгиранда ва сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2608 нафар хонандагон пешбинӣ гардида дар сетои он корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва омодагӣ оғоз гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми муасссиаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2025-2026 аз таъмири хушсифат бароварда шуда ба соли нави таҳсил омода шуда буд, ки ин маблағҳо аз ҳисоби падару модарон ва буҷаи маҳал пардохт карда шудааст.

Ҳамзамон барои таъмири муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҳисоби буҷаи маҳалл 2 млн. 919 ҳазору 943 сомонӣ ва аз ҳисоби кумитаи падару модарон 959 ҳазору 254 сомонӣ пешбинӣ гардида буд ва ин маблағҳо пурра ва самаранок истифода гардид.

Муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ

Дар самти иҷрои талаботҳои Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои мӯҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар соли 2025 аз 22 адад кабинетҳои фаннӣ 13 адад кабинети фаннӣ ташкил карда шуд, ки 52 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва ин раванд идома хоҳад ёфт.

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати омӯзиши технологияҳои муосир дар давраи ҳисоботи дар муасссиаҳои таълимии шаҳр 1654 адад компютерҳо, 1215 адад камераҳои мушоҳидавӣ, 140 адад принтерҳо, 71 адад видеопроекторҳо ва 72 адад тахтаҳои электрони мавҷуд мебошад.

Ҷалби мутахасисони ҷавон ба соҳа

Дар соли таҳсили 2025-2026, 50 нафар мутахассисони ҷавон барои кор ба муасссиаҳои таълимии шаҳр фиристода шуданд. Вале аз ин шумора танҳо 43 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардида 7 нафари дигар бо сабабҳои гуногун ба кор ҳозир нашуданд.

Айни замон дар кабинети методии шуъбаи маориф 12 нафар мушовирон фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар ва ё 1 воҳиди корӣ зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар раванди таълим ва тарбия, баргузории семинару машваратҳои методӣ, расонидани ёрӣ ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сафарбар намудани кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ нақши кабинети методии шуъбаи маориф назаррас буда мувофиқи нақшаи тасдиқгардида фаъолият намуда истодаанд.

Маҳфилҳо

Ҳамзамон дар Муассисаи маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф 15 нафар кормандон ва 9 маҳфил фаъолият дорад, ки дар маҳфилҳои марказ 340 нафар хонандагон ва дар маҳфилҳои назди муассисаҳои таълимӣ дар 432 маҳфил 8466 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 корманд ва 128 нафар хонандагон зиёд мебошад. Кормандони марказ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.

Муассисаи давлатии маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф фаъолияти назаррас дошта дар он 22 нафар корманд, 13 маҳфил бо фарогирии 220 нафар хонандагон, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 нафар хонандагон зиёд мебошад.

Зимистонгузаронӣ

Вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 “ Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” дар соҳаи маорифи шаҳр корҳои зеринро ба сомон расонидем. Дар ин самт фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 13 майи соли 2025, №63 ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда баҳри иҷро ба масъулини муасссиаҳои таълимӣ дастрас карда шуд. Дар самти таъмин ва иҷрои нақшаи ангишт, ҳезум ва сузишвории дизелӣ тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимӣ корбари намуда давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бе ягон мушкилӣ сипарӣ гардида истодааст. Нақшаи маводҳои сузишворӣ барои зимистону тирамоҳи солҳои 2025-2026 чунин миқдор муайян гардидааст. Ангишт 324 тонна, ҳезум 310 метри кубӣ ва сузишвории дизелӣ 409 литр муайян гардида пурра таъмин карда шудааст. Ҷиҳати харидории маводҳои сузишворӣ аз буҷаи маҳаллӣ 491,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Истироҳати кӯдакон дар таътил

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №97, “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025” дар шуъбаи маорифи шаҳр корҳои зерин ба сомон расонида шуд. Дар ин самт фармоиши мудири шуъбаи маориф ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида баҳри иҷро дастраси масъулини муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Мувофиқи нақша дар тамоми шаклҳои лагерҳои истироҳатӣ кӯдакону наврасон таъмин карда шуда иҷроиши он ба 102% расоинда шуд. Маблағи ҷудогардида барои лагерҳои назди муассисавӣ 142 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ пардохт карда шудааст.

Нақшаҳо барои оянда

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.

Маорифчиёи шаҳри Бохтар муҳимияти дастуру таъкидҳои сарвари давлатро бо ҳисси масъулият ба инобат гирифта, баҳри вусъат бахшидан ва татбиқи раванди таълиму тарбия тамоми нерӯву имкониятҳои худро равона месозанд” – дар фарҷоми суҳбат иброз дошт мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода.

Раҳмоналӣ Додархуҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь