Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Молияи сутуни давлат аст

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ  хабарнигори “Фараҳ” бо сардори раёсати мазкур Самадзода Сайднизомиддин,  суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Номбурда афзуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ  баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Иҷроиши барзиёди буҷети ноҳия

Заҳматҳои шабона рӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ буд, ки дар 9 моҳи соли 2025-ум буҷети ноҳия бо назардошти таъғироту иловаҳояш дар ин давра ба маблағи 53148274 сомониро дар бар гирфита, иҷроиши он ба маблағи 54213771 мерасад, ки ин баробари 102 дарсади нақша мебошад.

Ӯ афзуд, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳалии ноҳияи Дӯстӣ бо таъғироту иловаҳо дар 9 моҳи соли равон 99630389 сомониро дар бар гирифта, иҷроиши он ба мабалағи 94257478 сомонӣ мерсад, ки ин баробари 95 % нақша мебошад.

Қайд гардид, ки аз ҳисоби буҷети вилоят 41273000 сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид шудааст, ки ҳама он мақсаднок истифода гардидааст.

Муздимеҳнати кормандон саривақт пардохт мегардад

Гуфта шуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати молияи ноҳия ҷиҳати саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, пардохт гардидаст.

Мусоҳиби мо ҳамчунин илова кард, ки музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба фондӣ ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз рӯйи он вуҷуд надорад.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ

Дар ноҳияи Дӯстӣ  ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, барои таъмиру бозсозии муассисаҳо ва омодагии онҳо ба зимистони имсола маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шуда буд, пурра пардохт шуда, ин соҳаҳо ба зимистон гузарони пурра омода карда шуданд, – илова кард ӯ

Ҳамчунин, баҳри иҷрои қарори 639 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар ин давра аз ҳисоби буҷети ноҳия то қадри имкон маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин барои беҳ кардани ҳолати роҳҳо ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунанд.

Донишу малакаи кормандон такмил дода шуда, онҳо ба забономӯзӣ ҷалб карда  мешаванд

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳо амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуда, мутахассисони молияи ноҳияи Дӯстӣ дар ин марказ  доими аз курсҳои   такмили ихтисос мегузаранд.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки тамоми корманадони худро  ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд. Кормандони Раёсати  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Дӯстӣ баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифтанд ва марҳила ба марҳила кормандони Раёсат ба забономӯзӣ  фаро гирфита шуданд.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард: “Мекӯшанд фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоянд. Президенти кишвар аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоянд ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.”

Масъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

“Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь