Такмилу инкишофи низоми молиявӣ тақозои замон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Сайдаҳмадзода Шуҳрат гуфт молиячиёни шаҳр  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи кишвар, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои баланд бардоштани сифати муҳосибӣ, таъмини шаффофияти буҷет, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоту муассисаҳо пайваста талош намуда, уҳдадориҳои хешро иҷро намуда истодаанд.

Ҳадаф таъмини иҷроиши буҷети ноҳия

Номбурда афзуд, ки  давоми 9 моҳи соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати  молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд, ҳамчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, шаҳр ва Сарраёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин давра тадбирҳои зиёд андешида, корҳои  назаррасро ба сомон расониданд.

Нақшаи буҷети шаҳр

Зикр шуд ки оид ба  нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳалии шаҳри Левакант дар семоҳаи сеюми соли 2025 Ҳаҷми умумии буҷети шаҳри Левакат дар соли 2025 дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 13 декабри соли 2024,№381 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузоришаванда ба маблағи 85852,7 ҳазор сомонӣ, аз он ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилояти Хатлон ба маблағи 10713, 9 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 75138,7 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2025 ҳамагӣ ба маблағи 27229,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 13912,2 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 13317,7 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Левакант дар семоҳи сеюми соли 2025 дар умум бо назардошти нақшаи вилоят ва аз рӯи контингенти умумӣ бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ ба андозаи 99 фоиз таъмин гардида, ба маблағи 89627,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Нақшаи андози иҷтимои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар маҷмуъ 117 фоиз ,аз ҷумла буҷетӣ ба маблағи 12061,3 ҳазор сомонӣ 108 фоиз ғайрибуҷетӣ ба маблағи 13501, 8 ҳазор сомонӣ пешбинишуда ба маблағи 64064, 4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Ӯ афзуд, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 ба андозаи 94, 5 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 60924,8 ҳазор сомонии пешбинишуда 57602, 8 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳои буҷетӣ равона гардидааст, ки нисбат ба нишондодаҳои нақшавӣ 3321,9 сомонӣ кам мебошад. Маблағҳои равонгардида барои пардохти моддаҳои ҳимояшаванда, аз ҷумла пардохти фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағӣ 53381, 5 ҳазор сомонӣ ё 92 фоизи нақшаи қисми хароҷотро ташкил медиҳад, пардохтҳо барои хизмати коммуналӣ ва алоқа 735, 0 ҳазор сомонӣ кумакпулиҳо 480, 5 ҳазор сомонӣ ва дигар моддаҳо ба маблағи 932. 9 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳо равона карда шудааст. Ба соҳаҳои иҷтимоӣ: маориф тандурусти, фарҳанг ва варзиш ба маблағи 51740, 3 ҳазор сомонӣ равона гардидааст,ки ин 90 фоизи нақшаи умумии қисми хароҷотро ташкил медиҳад. Ҳисаҷудокуниҳо ба буҷети вилоятӣ аз андозҳои танзимшаванда дар нуҳ моҳ соли ҷори ба маблағи 6623, 0 ҳазор сомонӣ равона шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон ҳамаи маблағҳои барои фонди музди меҳнат мақсаднок пардохт гардидааст. Ҳоло дар шаҳр қарздории музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад  ва кормандони Раёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант дар оянда низ баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода кардани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки музди маоши кормандони ташкилоту идораҳоро саривақт пардохт кунанд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

Кормандон ба забономӯзӣ ҷалб шуданд

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёстаи молия  доимӣ аз курсҳои   такмили ихтисос мегузаранд. Дар Раёсати  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешаванд ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд.

Раёсати Вазорати  молияи ноҳияи мазкур  баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро  ба забономӯзӣ  ҷалб намудаанд.

Дастуру супоришҳо саривақт амали мешаванд 

Ӯ илова кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки  ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо  дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунон ки Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.

Молия сутуни давлат аст

Кормандони Раёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  шаҳр вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

“Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь