Вобаста ба фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабарнигори сомонаи “Фараҳ”  бо сардори раёсати мазкур Азимзода С. А. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод,  ки фишурдаи он пешакаши хонандагон мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар робита ба соҳаи молия супоришу пешниҳодҳои муфиду созанда доданд: “Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем.

Махсус таъкид менамоям, ки самаранокии хароҷоти давлатӣ бояд ба натиҷаҳои аз ҳар вақти дигар бештар нигаронида шавад.

Вазорати молия бояд якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин ҷода тадбирҳои иловагӣ андешад”.

Нуктаҳои таъкид кардаи Пешвои миллат, албатта, барои пешрафти бавижа соҳаи молия мусоидат хоҳад кард, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия  як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Иҷрои буҷет

Номбурда оид ба иҷрои буҷет қайд кард, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба иҷроиши қисми даромадӣ ва хароҷотии буҷети маҳалли ба шумо маълум менамояд, ки дар соли 2025 нақшаи қисми даромади худии буҷети маҳаллии ноҳия ба ҷои 35651299 сомонӣ, 39524225 сомонӣ, яъне 111% ё ин ки 3873626 сомонӣ зиёд мебошад. Маблағҳои мақсаднок аз ҷумҳурӣ дар соли 2025 пурра маблағгузорӣ карда шудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбини гардида 71506095 сомонӣ иҷро гардид, 71505288 сомонӣ ё ин ки 100%-ро ташкил медиҳад. Аз буҷети вилоят дар соли 2025 бо назардошти тағйиротҳо дар асоси Қарори раиси вилоят Хатлон аз 12 июни соли 2025, №127 ва Қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 25 июни соли 2015, №346 мувофиқи нақшаи пешбини гардида 800000 сомонӣ иҷро гардид, 200000 сомонӣ, ки 25 %-ро ташкил медиҳад, касри буҷет бошад дар соли 2025, маблағ 1773300 сомониро ташкил медод, ки аз ҳисоби барзиёдии даромадҳои худи пушонида шуд.

Аз намудҳои андозҳо дар ноҳия амалкунанда пурра ё ин ки сифатнок иҷро гардидааст.

Масъулиятшиносӣ

Мавсуф ҳамзамон тазаккур дод, ки қарзи бақияпулии андозҳои ташкилоту муассисаҳо дар назди буҷет ба ҳолати 01.01.2025 маблағи 2470198 сомониро ташкил дода, маблағҳои бақияпулии андозҳо асосан аз каперативи истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Инчунин дар соли 2025 бақияпулии андозҳо ба маблағи 1951878 сомонӣ зиёд карда шуда, маблағи биқияпулии андозҳо ба ҳолати якуми январи соли равон 4422076 сомонӣ боқӣ монда аст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2025 ба ҷои 111465617 сомонӣ ба маблағи 110934972 сомонӣ аз худ карда шудааст, ё ин ки 100%-ро ташкил медиҳад, барои коркарди тиллои пошхурда мувофиқи қарори 600 ба Раёсати Вазорати молия 382 шаҳрванд муроҷиат намудаанд аз ин шумора 24 нафарашон то ҳол ба Раёсати молия дастрас нагардидааст, ба 353 нафар иҷозат ворид гардид, 261 нафар иҷозатномаҳояшонро гирифтанд, 73 иҷозатнома ба Вазорати молия баргардонида шуда, 19 иҷозат дар Раёсати молия боқӣ мондааст. Ҳуҷҷати 5 нафар хато мебошад, маблағи муайянгардида аз ҳисоби нишондиҳанда 18450 сомонӣ дар соли ҷорӣ ба суратҳисоби Вазорати молия ворид гардидааст.

Дар соли ҷорӣ аз ҳисоби барзиёдии даромадҳо ба фонди муътадилгардони маблағи 1416693 сомонӣ, ба фонди захиравӣ 212504 сомонӣ пардохт намудем ва дар асоси қарори раиси вилоят аз 21 августи соли 2025 №190 аз ҳисоби андози захираи табиӣ ҶДММ назири 30 дарсад ба буҷети вилоят ба маблағи 1205100 сомонӣ пардохт намудем.

Дар фароварди суҳбат номбурда афзуд, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оянда низ тамоми кӯшишу ғайратро баҳри иҷрои уҳдадориҳои худ, дарёфти маблағҳои нав барои таъмини босифат нақшаи қисми даромади буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони буҷетӣ равона менамояд.

Нигора Саидбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь