Тӯли фаъолияти пурсамари худ Вазорати молияи кишвар бо афзоиши сол ба соли буҷети давлатӣ, зиёд намудани даромадҳои воқеии аҳолӣ, инкишоф додани молияи давлативу пешбурди сиёсати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ноил гардид, ки ин муваффақиятҳо бе шубҳа ба некӯаҳволии мардум мусоидат намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Шаффофият дар соҳаи молия омили пешрафти кишвар аст

Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Раҳимзода Дилшод  қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Раёсати молияи ноҳияи Данғара баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, ноҳияи Данғара, Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Иҷроиши барзиёди нақша

Ӯ гуфт натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Данғара буд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Данғара бо тағйиру иловаҳо ба маблағи 164 257 498 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба малағӣ 174 176 122 сомонӣ иҷро гардид, ки аз маблағи ба нақша гирифта шуда 9 918 624 сомонӣ зиёд буда, 106 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Раҳимзода Дилшод, илова кард, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар 7 моҳи соли 2025 бо таъғироту  иловаҳо ба маблағи 157 205 377 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 151 685 126 сомонӣ иҷро гардидааст, ки 96 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Омодагӣ ба зимистон пурра иҷро шуд

Барои омода кардани соҳаҳои иҷтимои  махсусан маорифу тандурустии ноҳияи Данғара аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия 1707200 сомонӣ ба нақша гирифта шуда  буд, ки аз ин маблағ 1600000 сомонӣ ба соҳаи маориф ва 107200 сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ  мебошад, ки он пурра пардохт гардида, ҳардуи ин соҳаҳо пурра ба зимистон омода мебошанд,- илова кард ӯ ва афзуд, ки дар 7 моҳи соли 2025 моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат ва нафақа) пурра пардохт гардида, дар ноҳия қардздори  вуҷуд надорад.

Ҳиссаҷудокуни ба буҷети вилоят ба маблағи 11 398 039 сомонӣ дар 7 моҳ ба нақша гирифта буд, ки он 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Авҷи корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳия

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар  ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Данғара барои кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия айни замон сохтмонӣ бинои 7 ошиёнаи Раёсат аз ҳисоби Вазорати молияи кишвар рафта истодааст.

Ба гуфти масъулони ин раёсат дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ин беҳтарин туҳфа барои кормандони Раёсати молияи ноҳия Данғара хоҳад буд. Зеро баъди ба истифода додани бинои мазкур шароити кории кормандон хуб хоҳад шуд.

Забономузӣ ва такмили ихтисоси кормандон

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёстаи молия  доимӣ аз курсҳои   такмили ихтисос мегузаранд.

Ӯ иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардида буданд, тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.
Раёсати Вазорати  молияи ноҳияи мазкур  баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро  ба забономӯзӣ  ҷалб намудаанд.

Молия сутуни давлат аст

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  ноҳия вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

“Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь