Мединский ва Умаров пас аз музокирот дар Истанбул гуфтанд:
Натиҷаҳои даври саввум
Даври сеюми музокирот байни Русия ва Укроин дар мавриди ҳаллу фасли муноқиша дар Истанбул ба поён расид. Ин ҷаласа ҳудуди 40 дақиқа тӯл кашид.
Дар поёни музокирот, сарони ҳайатҳои Русия ва Укроин бо баёнияҳое дар пеши журналистон маърӯза карданд. Ба гуфтаи Владимир Мединский, ҷонибҳо мавқеъҳои дар ёддоштҳо зикршударо ба таври васеъ баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки табодули асиронро ба таври номаҳдуд идома диҳанд.
Ёвари президенти Русия гуфт, ки мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский бояд ба низоъ хотима бахшад. Изҳороти асосии Владимир Мединский ва Рустам Умаров дар рӯзномаи “Коммерсант” чунин аст:
Владимир Мединский
Дар бораи созишнома
.Тамоми созишҳое, ки дар мавриди масоили башардӯстона, ки дар даври дуввуми музокироти Истанбул ҳосил шуда буд, ба иҷро даромад.
. Мубодилаи 250 зиндонӣ дар муқобили 250 зиндонӣ дар марзи Укроин ва Беларус ба анҷом мерасад. Мубодилаи 1200 нафар асирон бошад, ба охир расид.
Русия беш аз 7 000 ҷасадро ба Укроин бозгардонида ва шумораи камтари ҷасади худро бозпас гирифт.
Русия пешниҳоди бозгашт ба таваққуфҳои кутоҳмуддати башардӯстона (24 ва 48 соата) дар хатти ҷабҳаро додааст.
Дар бораи гуруҳҳои корӣ
. Русия пешниҳод дод, ки Укроин се гурӯҳи корӣ- дар мавриди масоили сиёсӣ, башардӯстона ва низомӣ ташкил диҳад, ки онҳо тариқи онлайн кор кунанд.
Укроин мувофиқа кард, ки пешниҳоди Русия дар мавриди гурӯҳҳои кориро баррасӣ кунад.
Дар бораи мубодилаи нав
. Дар ояндаи наздик мубодилаи камаш 1200 нафар низомиён сурат мегирад.
. Русия ба Украина ин пешниҳод додааст, ки 3000 ҷасади дигар аз сарбозони кушташудаи украиниро таҳвил диҳад.
Ба маҳзи ин ки Укроин тавоноии фаннӣ дошта бошад, ҷасадҳо бо кумаки Салиби Сурх интиқол дода хоҳанд шуд.
Русия ва Украина мавзуи бозгашти ғайри низомиёни оворашуда дар асари даргириҳоро мавриди баҳс қарор доданд.
Мубодилаи бемаҳдуд бо Укроин барои афроди ба шиддат маҷруҳ ва бемор дар хатти набард идома хоҳад ёфт.
Дар бораи сокинони Курск
. Як аз бандҳои ин шартнома ба таври комил иҷро нашуд- ҳамаи сокинони вилояти Курск ба хона барнагаштанд. Шумораи онҳо ҳудуди 30 нафар аст.
Далели нигаҳдории ғайринизомиёни вилояти Курск дар Укроин мушаххас нест.
Русия омода аст, низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва дигар шаҳрвандони Укроинро ба сокинони вилояти Курск иваз кунад.
Дар бораи ёддоштҳо
. Мавқеъҳои ёддоштии тафоҳум байни Русия ва Украина аз ҳамдигар фосилаи зиёде дорад, аммо барои идомаи тамос тавофуқ ҳосил шудааст.
Дар бораи кӯдакони Укроин:
. Русия тамоми рӯйхати 339 номи кӯдакони украиниро ба таври комил баррасӣ кардааст: бархе онҳо аллакай ба Украина баргаштаанд. Кор рӯи боқимондаҳо дар ҳоли анҷом аст.
50 ном аз рӯйхати кӯдакони укроинӣ, ки гуфта мешавад дар қаламрави Русия ҳастанд, калонсолон мебошанд. Теъдоди зиёди кӯдакон аз рӯйхати Укроин ҳеҷ гоҳ дар қаламрави Русия набуданд.
. Русия мавзуи “бозгашти кӯдакони русро, ки дар Укроин мондаанд ё ба Иттиҳоди Аврупо мунтақил шудаанд” бо Укроин матраҳ кард.
Дар бораи дидори Путин ва Зеленский:
. Пеш аз ин ки раҳбарони Русия ва Укроин битавонанд бо ҳам дидор кунанд, ибтидо бояд як тавофуқи ҳаллу фасл мавриди баҳс қарор гирад.
. Дидори Путин ва Зеленский бояд ба ин даргирӣ “поён диҳад”. Ҷаласа сирфан барои мулоқот албатта, бемаънӣ аст
. Русия умедвор аст, ки даври чаҳоруми музокирот бо Укроин баргузор шавад.
Изҳороти Рустам Умаров:
. Укроин пешниҳоди баргузории мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский бо ширкати Доналд Трамп ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон то охири моҳи августро додааст.
. Укроин ҳамчунон бар оташбаси комил ва бидуни шарт исрор дорад.
. Ин оташбас бояд қатъи пурраи ҳамла ба объектҳои ғайринизомӣ ва инфрасохтори муҳимро дар бар гирад.
. Укроин интизори пешрафт дар озодсози натанҳо асирони ҷанг, балки шаҳрвандони осоишта, аз ҷумла кӯдаконро низ дорад.
Укроин ният надорад, ки ғайринизомиён ё кӯдаконро дар ин табодул ба Русия биспорад, балки мехоҳад онҳоро бипазирад.