Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара гуфт, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо бо ҷониби Қирғизистон, яъне тайи 19 сол, масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ аз раванди гуфтушинидҳо бо кишвари ҳамсоя оид ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки масъалаи асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух, масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

– Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон, аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид. Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуда, расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расидааст.

– Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад, — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президент зикр кард, таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёд тақозо мекунад.

– Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, ором бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд.Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад, — тазаккур дод Сарвари давлати Тоҷикистон.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ташриф оварда, чанд иншоот, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд, ки рамзи гӯшаи ҷудонопазири Тоҷикистон будани Ворухро бозгӯ мекунад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, Ворух ҳеҷ гоҳ мавриди масъалагузории иваз кардан бо ҳудуде набуд ва нахоҳад буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь