Ба ҳамагон маълум аст, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ буда,  ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Вобаста ба фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ хабарнигори сомонаи “Фараҳ”  роҳбарият ва кормандони раёсати мазкур суҳбати ихтисосӣ анҷом, ки фишурдаи он пешакаши хонандагон мегардад.

Иҷрои буҷет

Чунончи аз раёсати мавриди назар иттило доданд, вобаста ба мусбӣ арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоии ноҳия иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои воридот (бо назардошти андози иҷтимоӣ) дар нимсолаи якуми соли 2025 дар сатҳи 121,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 394  077 988 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 69 063 988 сомонӣ зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 119 694 880 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ин давра ба андозаи 120,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 281 952 000 сомонии тасдиқшуда, 340 719 413 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 58 767 413 сомонӣ зиёд буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум ба маблағи 105 455 207 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи умумии 53 358 575 сомонӣ ё баробари 123,9 фоизи нақша андози иҷтимоӣ ворид карда шуд, ки аз он андози иҷтимоии буҷетӣ 13 411 917 сомонӣ (25,1%) ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 39 946 658 сомониро (74,9%) ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба нақша ба маблағи 10 296 575 сомонӣ ё 23,9 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои будҷетӣ ба маблағи 1 579 917 сомонӣ ё 15,3 фоиз ва корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 8 716 658 сомонӣ ё 84,7 фоиз афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 14 239 673 сомонӣ ё 36,4 фоиз афзудааст, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои будҷетӣ ба маблағӣ 4 265 388 сомонӣ ё 46,6 фоиз ва корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 9 974 285 сомонӣ ё 33,3 фоиз афзудааст.

Нақшаи қисми даромадҳо ба будҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 72 430 000 сомонӣ нақшаи тасдиқшуда ба будҷет  83 818 667 сомонӣ маблағ ворид гардид. Нисбати нақшаи ба маблағи 11 388 667 сомонӣ зиёд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 717 900 сомонӣ ё 30,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 нақшаи ҳиссаҷудокунии андозу даромадҳо ба будҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардидааст, яъне нақшаи тасдиқшуда 91 034 000 сомонӣ, иҷроиш 91 265 689 сомониро ташкил медиҳад, ки аз нақшаи пешбинишуда 231 689 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 накшаи ҳиссаҷудокунии андозу даромадҳо ба буҷети вилоятӣ ба андозаи 139,8 фоиз иҷро гардидааст, яъне нақша 118 488 000 сомонӣ, иҷроиш бошад 165 635 057 сомониро ташкил мекунад, ки ин аз нақшаи тасдиқшуда 47 147 057 сомонӣ зиёд мебошад.

Масъулиятшиносӣ

Чи тавре, ки аз сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Олмаҳмадзода Шаҳрулло  изҳор дошт, яке аз сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет, ин ситонидани бақияпулиҳои андоз мебошад. Дар марҳилаи сипарӣ бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешидашуда, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 01.07.2025  ба маблағи 174 231 сомонӣ баробар гардид, ки нисбати аввали сол 4 914 сомонӣ 2,7 фоиз кам гардидааст.

Мувофиқи ҳисоботҳои ҷамъбастшуда дар нимсолаи якуми соли 2025 ба иҷтимоиёту иҷтисодиёти ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 76 652 339 сомонӣ равона гардида, иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,5 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил дод, ки нисбат ба нақша 413 559 сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии ҳамин давраи соли гузашта 18 101 799 сомонӣ ё 30,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла, барои пардохти музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ 50 520 526 сомонӣ ё 65,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳия, дигар моддаҳои ҳимояшаванда бахусус барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ 1 022 050 сомонӣ, фонди нафақа 12 640 693 сомонӣ ва идрорпулию кӯмакпулиҳо 439 914 сомонӣ маблағ равона шудааст, мутаносибан 1,3%,16,5% ва 0,6 фоизро ташкил мекунад, ки дар маҷмӯъ пардохтҳо ба моддаҳои ҳимояшаванда 84,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳияро ташкил намудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия 76 652 339 сомонӣ равона гардидааст, аз ҷумла ба соҳаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 3 185 856 сомонӣ ё ба андозаи 98,1 фоиз иҷро гардидааст.

-соҳаи мудофия 343 310 сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз;

-соҳаи ҳифзи ҳуқуқ 21 598 сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз;

-соҳаи маориф 53 068 146 сомонӣ 1 ба андозаи 99,5 фоиз иҷро гардидааст;

-соҳаи тандурустӣ 13 541 598 сомонӣ ё ба андозаи 99,7 фоиз иҷро гардидааст;

-соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 699 698 сомонӣ ё ба андозаи 99,9 фоиз иҷро гардидааст;

-соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 1 617 751 сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз иҷро гардидааст;

-соҳаи фарҳанг 3 796 809 сомонӣ ё ба андозаи 98,9 фоиз иҷро гардидааст;

-соҳаи хоҷагии қишлоқ 277 579 сомонӣ ё ба андозаи 98,6 фоиз иҷро гардидааст;

-соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 100 000 сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз иҷро гардидааст.

Нигора Саидбекова, “Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь