Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳоли Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар самти бистаринамоӣ, ташхису муолиҷа бо истифода аз техналогияҳои муосир, инчунин дигар тадбирҳо равона карда шудааст.
Базаи кадрӣ
Пеш аз ҳама ёдовар мешавем, ки бо сартабиб Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Ҷобиров Суҳроб оид ба фаъолияти бемористони мавриди назар суҳбати ихтисоси анҷом додем. Номбурда нахуст дар бораи базаи кадрии бемористон сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки яке аз вазифаҳои асосӣ тандурустӣ таъмин намудани беморхонаи марказӣ ноҳия бо мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи тиб мебошад.
Дар 6 моҳи соли равон 3 нафар табибон ва 8 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор қабул карда шуданд.
Дар давоми 6 моҳаи якуми соли ҷорӣ 8 нафар табибон ва 20 нафар кормандони миёнаи тиббӣ аз такмили ихтисос гузаштанд.
Таъминотнокӣ бо табибон 2.5 ва кормандони миёнаи тиб 11,9 ба 10 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад. Барои баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 9 нафар кормандони миёнаи тиб дараҷаи тахассусӣ гирифтанд.
Дараҷаноки касбии табибон дар 3 муассисаҳои тандурустӣ ноҳия 38,7 ва кормандони миёнаи тиб бошад, таносубан 61,3 ташкил медиҳад.
Таъмир ва азнавсозӣ
-Дар давраи ҳисоботи аз тарафи Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯи ба модар ва кӯдак” беморхонаи марказӣ аз таъмир бароварда шуда истодааст ва бо таҷҳизотҳои тиббӣ муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда истодааст.
Дар сметаи хароҷоти Беморхонаи марказии ноҳия барои таъмир сесад ҳазор сомонӣ дар назар аст, ки барои аз таъмир баровардани беморхонаи минтақавии Мискинобод ва кашидани барқ бо чашмаки алоҳида ба беморхонаи марказӣ истифода мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар беморхонаи марказӣ як чоҳи нав канда шуд. Бинобар танқисии об ва нокифоя бадани захира, як чоҳӣ иловагӣ низ ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ канда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд,-афзуд номбурда.
Маводи доруворӣ ва хидматрасонӣ
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар 6 моҳи соли 2025 маводи доруворӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ба маблағи 35300 сомонӣ харидори карда шудааст. Дар 6 моҳи соли 2024 маводи доруворӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ба маблағи 35890 сомонӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар 6 моҳи соли 2025 шумораи муроҷиаткунандагон 2249 нафарро ташкил медиҳад, шумораи бистаришудагон 2377 нафар, дар беморхонаи марказӣ ва минтақаҳо бистарӣ шудаанд. Шумораи рухсатшудагон 2337 нафарро ташкил медиҳад. Нақшаи кори катҳо дар 6 моҳи соли равон 10006, нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 4,2 рӯзро ташкил медиҳад. Гардиш 11,8, ҳисоби миёнаи катҳо 50,0 ташкил медиҳад.
Дар давоми 6 моҳи соли 2025 дар бахшҳои ёрирасон ҳамагӣ шумораи муроҷиаткунандагон 8828 нафар мебошад. Физиотерапия 37 нафар, озмоишгоҳ 4307 нафар, ҳуҷраи СБД 571 нафар, ренген 2471 нафар, ҳуҷраи маҳс 53 нафар, ҳуҷраи фаросавтӣ 796 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи ҷарроҳиҳо дар 6 моҳи соли 2025 муқоиса бо 6 моҳи соли 2024 149 нафар нисбат ба соли гузашта 47 нафар зиёдтар аст. Дар давоми 6 моҳи соли 2025 дар шуъба 196 нафар ҷарроҳӣ гузаронида шуд, аз ҷумла ҷарроҳиҳои каҷшавии миёнадевори бинӣ 1 нафар, чураи кисашуда 0, холесистэктомия 7 нафар, ҷарроҳии гурда 5 нафар, аз ҷумла нефроактомия 1, пиелотиомия 4 нафар, ҷарроҳии узвҳои мардона 19 нафар, аз ҷумла ҷарроҳии праста аденомаэктомия 7 нафар, ҷарроҳии Вассерман1 нафар, кистэктомия 3 нафар, архиоэтомия 2 нафар, шикасти закар 1 нафар, ҷарроҳи роҳҳои пешобдон 1 нафар, аз ҷумла уретропилитомия 1 нафар ҷарроҳии узвҳои занона 1 нафар аз ҷумла тубэктомия 1 нафар ҷарроҳиҳои мушаку устухон 30 нафар аз ҷумла остеосинтез 18 нафар, артротомия 8 нафар, минискэктомия 2 нафар гирифтани лавҳа 2 нафар, ҷарроҳиҳои пӯст 8 нафарро ташкил медиҳанд.
Сифат ва бехатарӣ
Сартабиби бемористон тазаккур дод, ки комиссия оид ба сифаи ва бехатарии ёрии тиббӣ ҳамчун мақоме созмон дода шудааст, ки вазифаи идоракунии сифаи ва бехатариро дар беморхонаи марказии ноҳия дар асоси фармоиши роҳбари беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод амалӣ менамояд. Дар беморхонаи марказӣ нақшаву чорабиниҳо оид ба комиссияи сифат ва бехатарӣ аз тарафи роҳбари беморхона тасдиқ карда шудааст вазифаи ва фаъолият аз рӯи нақша ба зиммаи мудирон ва ҳамшираҳои калони шуъба вогузор карда шудааст.дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ 6 маротиба аз тарафи комиссияи сифат ва бехатарӣ санҷишҳои шуъбаҳои беморхона гузаронида шуд. Ва дар 5 моҳи соли ҷорӣ 1 маротиба санҷиши шуъбаҳо гузаронида шуда ҷаласаи навбатии комиссияи сифат ва камбудиҳо ва норасогиҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар беморхонаи марказӣ фармоиш оиди комиссияи сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ таъсис дода шудааст. Ҳар семоҳаи ҳисобот оид ба фаъолияти комиссияи сифат ва бехатарӣ гузаронида мешавад.
Ҳамсуҳбати мо дар фароварди суҳбат қайд кард, ки дар остонаи ҷашни тақдирсози давлату миллат- Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурда, тамоми сокинони ҷумҳурии азизамонро муборакбод мегӯям ва таманно мекунам, ҳамин сулҳу амонӣ, ки ба туфайли хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пояндаву бегазанд бод!



