“Ҳар миллате, ки ба соҳаи маориф такя мекунад, на танҳо имрӯзи худро, балки ояндаи насли худро месозад. Ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад. Соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад”.
                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон
Дар ноҳияи Ёвон соҳаи маориф дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Хатлон, мақомоти маҳаллӣ ва корбарии шабонарӯзии аҳли маорифи ноҳия бо маротиб рушд карда, барои хонандагон дар муассисаҳои соҳаи маориф имрӯз ҳама шароити таълиму тарбия ва илмомӯзи фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ин имкониятҳо буд, ки дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ имрӯз назаррас мебошад.
Пояи давлат набошад бе маориф устувор
Оид ба дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Муродализода Раҷабмурод суҳбате дорем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.
Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон фаъолияти худро дар соли 2025 тибқи нақша ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, дастурҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар соли 2025 корҳои зиёде ба анҷом расонид. Таҳия ва ба тавсиб расонидани нақша чорабиниҳо оид ба амали гардидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозӣ намудааст, ки дар натиҷа сатҳу сифати таҳсилот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ру ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дар шуъбаи маорифи ноҳия тибқи воҳидҳои корӣ 4 нафар хизматчиёни давлатӣ, мудири кабинети методӣ, 16 нафар мушовирон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази иттилоот ва коммуникатсия, Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд, ки ба раванди таълиму тарбияи насли наврас кумак расонида, сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, мунтазам назорат менамоянд.
Рушди соҳаи томактабӣ дар маддӣ аввал
Дар ноҳия дар асоси талаботи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025” 9 муассисаи таълимии томактабӣ, аз он ҷумла 2 муассисаи хусусии таълимии томактабӣ (Ориёна ва Истиқлол) дар 74 гурӯҳ бо фарогирии 1841 нафар тарбиягирандагон фаъолият карда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 шумораи тарбиятгирандагон -129 нафар зиёд аст. Илова бар ин дар назди 84 муассисаҳои таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдакон бо фарогирии 7789 нафар наврасон дар 232 гурӯҳ фаъолият менамояд, ки нисбати соли таҳсили гузашта 2524 нафар наврасон зиёд мебошад. Дар соли 2025 дар умум фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ 9630 нафарро ташкил медиҳад,ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2524 нафар зиёд аст. Фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ 33, 6 фоиз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-9,3 фоиз зиёд аст. Дар муассисаҳои томактабӣ 294 нафар, кормандон, аз он ҷумла 67 нафар мураббиён, 67 нафар ёрдамчиёни мураббӣ, 9 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, 8 нафар сармураббиён,135 нафар кормандони хурд фаъолият менамоянд, ки сатҳи касбӣ ва таҳсилоти онҳо ба талабот ҷавобгӯ аст.
Соли 2025 дар озмуни вилоятии “Мураббияи сол”, Раҷабова М сармураббии муассисаи таълимии томактабии хусусии “Ориёна” иштирок карда сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов дар заминаи бинои собиқ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 муассисаҳои таълимии томактабии рақами 2 таъсис дода шуд. Тибқи нақша сохтмони муассисаҳои таълимии томактабӣ барои солҳои 2025- 2029 дар соли 2025 -2 адад пешбинӣ шуда, 1 адад сохта шуд. Дар умум дар зарфи панҷ соли охир то соли 2029 дар нақша аст, ки 39 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 20 адад муассисаҳои таълимии томактабӣ сохта ба истифода дода шавад.
Муассисаҳои таълимӣ
Дар сохтори шуъбаи маорифи ноҳия 86 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз он ҷумла, 78 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 2 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, як мактаб- интер нати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, як литсей, як гимназия фаъолият менамоянд. Муассисаҳои таълимии ноҳия тарҳи замонавӣ дошта, ҷавобгӯ ба Стандарти давлатии таҳсилот мебошанд ва дорои шиносномаи техникӣ ва сертификати ҳуқуқӣ истифодабарии замин мебошанд.Дар давраи ҳисоботӣ бо қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 18.08.2025, № 1420 муассисаи таҳсилоти асосии умумии рақами 79, бо қарори раиси ноҳия аз 18.08. 2025, № 1421, муассисаи таҳсилоти асосии рақами 74 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуда, бо қарори раиси ноҳия аз 10.09.2025, № 1643 дар деҳаи Ғорчашма Ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти асосии рақами 83 таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 22 октябри соли 2025, № 1968 дар заминаи собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 муасисаи таҳсилоти томактабии рақами 2 таъсис дода шуд.
Базаи кадрӣ
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 3239 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1961 нафар занон фаъолият менамоянд, ки 2006 нафарашон бо таҳсилоти олӣ, 106 нафар бо таҳсилоти олии нопурра 811 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус мебошанд. Вобаста ба тахассус 622 нафар бо тахассуси дараҷаи олӣ, 621 нафар бо тахассуси дараҷаи якум ва 565 нафар бо тахассуси дуюм фаъолят карда, 944 нафар омӯзгорон дар синфҳои ибтидоӣ ва 2255 нафар дар синфҳои болоӣ дарс мегуянд. Дар соли 2025 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвон 34 мутахассиси ҷавон ба кор фиристода шуданд. Аз ин ҳисоб 27 нафар мутахассисони ҷавони ба ноҳия омада бо ҷойи кор таъмин шуданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби омӯзгорони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, омӯзгорони дар дигар ҷойҳо машғулбуда ва омӯзгорони нафақахӯр, ки қобилияти кор карданро доранд, 319 нафар аз тарафи директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор қабул карда шуданд. Дар озмуни вилоятии “Омӯзгори сол” Файзов Умед омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии рақами 16 сазовари ҷойи дуюм гардид.
Хонандагон
Дар соли таҳсили 2025- 2026 шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 73625 нафар расид, ки аз инҳо духтарон 36000 нафар ва писарон 37628 нафар мебошанд. Дар умум шумораи хонандагон нисбат ба соли таҳсили гузашта 3464 нафар,аз он ҷумла духтарон 1668 нафар, писарон 1796 нафар зиёд гардиданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 18 (12 духтар) нафар хонандагони бепадар ва бемодар, 751 нафар бе падар (361 духтар), 262 нафар бемодар (147 духтар) таҳсил менамоянд, ки ҷиҳати дарстгирӣ, кумак ва ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста чораандешӣ карда мешавад.Боиси қайд аст, дар давраи ҳисоботӣ хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 Лоиқҷони Қурбоналӣ дар озмуни сатҳи вилоятӣ иштирок карда сазовори унвони “Хонандаи сол-2025” гардид.
Корҳои сохтмонӣ
Дар ноҳия вобаста ба зиёд гардидани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои сохтмони бино ва синфхонаҳои таълимӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар соли 2025 бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди 5 муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 54, 55, 56 ва 83 бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 39 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 1950 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 сохтмони майдончаи варзишии пӯшида сохта шуд, ки иншоотҳои бо истифодадодашудаи соҳаи маориф бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва дар маросими кушодашавии онҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Сардори Раёсати маориф вилояти Хатлон Абдулзода З, раиси ноҳияи Ёвон Вализода И.С ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон иштирок намуданд. Ҳамзамон, бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва падару модарон дар назди 12 муассисаҳои таълимии рақамҳои 3,69,23,39,20,31,17,22, 27,26,61 ва 84 сохтмони босуръати биноҳои дуошёнаи иловагӣ иборат аз 166 синфхонаи таълимӣ барои 8300 нафар хонанда дар ду баст ва бо маром давом дорад.
Ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 вобаста ба бунёди 800 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 1000 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,нақшаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025- 2029 аз тарафи раиси ноҳия 20 январи соли 2025 тасдиқ карда шуд, ки мутобиқи он дар зарфи панҷ соли оянда дар ноҳия 39 муассисаҳои таълимӣ ва 20 муассисаҳои таълимии томактабӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар соли 2025 аз 8 адад иншоотҳои ба нақша гирифташуда 5 тоаш пурра ба истифода дода шуда, дар 3 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дастовардҳо
Бобати густариши ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 дар ноҳия аз руйи 13 номгӯйи фанҳои таълимӣ дар панҷ давра муассисавӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва синфҳои 11 ташкил ва гузаронида шуд, ки дар умум зиёда аз 9597 нафар хонандагони аълохону болаёқат иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 29 нафар хонандагони ноҳияи Ёвон бо гирифтани 1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 25 ҷойи сеюм ғолибони олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ дониста шуданд, ки ин шумора нисбат ба соли таҳсили гузашта 6 нафар зиёд мебошад.
Илова бар ин дар озмуни вилоятии “Донояк” хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Раҳимова Бибимарям ҷойи дуюм ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Раҳимов Мустафо ҷойи сеюм, дар озмуни “Луғатдони беҳтарин” Солиева Муниса хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ҷойи дуюм ва хонандаи Литсейи давлатии рақами 1 Назирова Б ҷойи сеюм, дар озмуни вилоятии “Рассоми беҳтарин” Азизов Суннатилло хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Вабаста ба озмуни гирандагони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ, аз ноҳияи Ёвон номзадии 18 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2024- 2025 барои гирифтани медалҳои номбаршуда ба комиссияи Раёсати маорифи вилояти Хатлон пешниҳод карда шуд.Дар натиҷа 3 нафар хатмкунандагон, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 Салимшоева Нурия -равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва Салимзода Меҳроҷ -равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Наҷмиддинова Нозия равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ бо медали нуқра сарфароз гардонида шуданд.
Ҷиҳати иҷрои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” соли равон, олимпиадаҳои фаннии “Беҳтарин донандаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ”, ”Беҳтарин донандаи фанҳои табиатшиносӣ”, “Барномасозӣ беҳтарин”, “Ихтироъкори ҷавон”, ҳафтаи олимони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Ихтироъкори наврас”, ки моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, дар номинатсияи “Лоиҳаи хусусияти иҷтимоӣ дошта” хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 Акрамов Меҳробиддин сазовори ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 Тошев Муҳаммадҷон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид, ки ғолибони озмун шогирдони омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 Раҳмонов Соҳибназар мебошанд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар олимпиадаҳои байналми лалии “AMS-2025” аз фанни математика 115-нафар, “Глобус” аз фанни география 35 нафар ва “Кенгуру” 64 нафар хонандагони ноҳия тариқи фосилавӣ иштирок карда, 59 нафарашон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар соли таҳсили равон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар хатмкунандагон бо аттестати аълои равияи табиӣ- риёзӣ бо медали тилло ва 1 нафар бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ бо медали нуқра сарфароз гардонида шуданд.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар умум 2867 нафар, аз ҷумла 1542 нафар занон иштирок намуданд. Аз ин миқдор иштирокчиён 957 нафар аз он ҷумла 375 нафар духтарон дар даври ноҳиявӣ, 80 нафар, аз он ҷумла 66 нафарашон занон дар даври вилоятӣ иштирок карда, дар натиҷа 9 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз ноҳияи Ёвон се нафар, Сироҷиддинова Шукрона – хонандаи синфи 1 МТМУ № 80 сазовори ҷойи сеюм дар наминатсияи Адабиёти классики тоҷик, Зайниддинов Валӣ – хонандаи синфи 4 МТМУ № 80 сазовори ҷойи дуюм дар наминатсияи Адабиёти ҷаҳон ва Боева Фирӯза-омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №77 сазовори ҷойи сеюм дар наминатсияи Адабиёти классики тоҷик гардиданд ва ин нишондиҳанда дар байни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҷойи сеюм мебошад.
“Илм -фурӯғи маърифат”
Дар соли 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” дар даври муассисавӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ дар умум дар номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия) 195 нафар, физика ва астрономия 137 нафар, химия 132 нафар, биология (ботаника, зоология, анатомия) 106 нафар, география 84 нафар, технологияи иттилоотӣ 77 нафар, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ 79 нафар, ихтироъкорӣ ва навоварӣ 87 нафар, дар умум 897 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 39 нафар ба даври вилоятӣ ва 9 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Дар соли 2026 доир ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 29 январи соли 2026, № 139 қабул карда шуда, баҳри ташкил ва ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни озмун 128 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуд. Дар даври якуми озмун 9987 нафар иштирок намуданд.
Дастуру супоришҳои саривақт иҷро мешаванд
Дар давраи ҳисоботӣ дар ду марҳила аз 1 сентябр то 31 майи соли 2025 ва аз 1 сентябр то 31 декабр “Рӯзи мудири шуъбаи маориф” ва пешбурди корҳои идеологӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” дар 86 муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, дар ҳамин радиф вохӯрӣ бо падару модарон низ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷамъомад ва вохӯриҳои баргузоргардида асосан ба масъалаҳои амалишавии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои Муаззами Миллат дар Рӯзи Дониш, Дарси Сулҳ, назорат ва иҷрои қарор ва Барномаҳои давлатӣ, ба масъалаҳои тарбияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, эмин нигоҳ доштани ҷавонон ва насли наврас аз хавфу хатарҳои замони муосир, пешгирии шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,назорати дохилимуассисавӣ, давомоти ҳаррӯзаи хонандагон, бо либоси мактабӣ ва лавозимоти таълимӣ ба дарс омадани онҳо, ҳолати рӯзномадорӣ ва риояи интизоми меҳнат, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, сатҳи пасти дониши аксарияти таълимгирандагон аз фанҳои дақиқу риёзӣ, пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона, сатру ҳиҷоб, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати ҷиддӣ дода, падару модарон огоҳ карда шуданд, ки ба масъалаҳои қайдгардида ва ба масъалаҳои кадом сайтҳои интернетӣ зиёдтар пайваст гардидани фарзандон, кадом видеонаворҳо, филмҳои мазҳакавию бадеӣ тамошо карданашон, чи гуна адабиётҳоро мутолиаю дар забонашои кадом алфози бадро истифода мебаранд аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Ҳамзамон, чунин вохӯриҳо бо мудирон, сармураббӣ, мураббиён, ёрдамчиёни мураббӣ ва дигар кормандони 9 муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия, мураббиёни МИК низ гузаронида шуда, дар Шурои шуъбаи маориф “Вазъи таълиму тарбия, давомоти хонандагон, омодагии омӯзгорон ба соатҳои дарсӣ, пӯшидани либоси тавсиявӣ аз тарафи омӯзгорону хонандагон дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 38,62,19,31,41,36,43 ва 13” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар раванди “Рӯзи мудири шуъбаи маориф”кормандони шуъбаи маориф, мушовирони фаннӣ ба дарсҳои омӯзгорон ворид шуда, бо раванди дарсгузаронӣ, истифодаи аёният ва конспект аз тарафи омӯзгор, ҳолати рӯзномадорӣ ва журналдорӣ, коргузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои муассисаҳои таълимӣ шинос гашта, ба омӯзгорон, маъмурият ёрии методӣ расонида шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Сифати таҳсилот
Соли 2025 бо қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» ва “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” қабул карда шуд, ки тибқи он беҳтар намудани сифати таҳсилот, таҳлил ва баҳогузории он дар сатҳи нав арзёбӣ карда шуд. Тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф дар соли 2025 дар Шурои шуъбаи маориф моҳи октябр “Вазъи таълиму тарбия,назорати дохилитаълимгоҳӣ, сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷагири аз он оид ба фанҳои гуманитарӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 45,31,43, 24,56,71 ва 7” дар моҳи ноябр “Вазъи таълиму тарбия, назорати дохилитаълимгоҳӣ, сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷагири аз он оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 6,8,62,74,21,48,61,37,26 ва 52” мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муқаррар карда шуд, ки сатҳу сифати дониши хонандагон, фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дигаргуниро тақозо дорад.
Маориф сарчашмаи ҷомеаи пешрафта
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, масъулони Шуъбаи маорифи ноҳия дар оянда баҳри бозҳам баланд бардоштани савияву донишу малкаи хонандагон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти хониш, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давалтии кишвар талош хоҳанд кард.
Ҳамчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илими Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят ва Раёсати маорифи вилоят ҳама донишу малакаи худро истифода мебаранд.
Раҳмоналӣ Додархуҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь