Ба ҳамагон маълум аст, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ буда, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб баҳри дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Вобаста ба фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб хабарнигори сомонаи “Фараҳ” бо сардори раёсати мазкур Ҷ. Нурзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи он пешакаши хонандагон мегардад.
Иҷрои буҷет
Дар суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб дар нуҳмоҳаи соли равон бо назардошти андози иҷтимоӣ ғайри буҷетӣ 108,4 фоизро ташкил намуда, ба буҷет 56971105 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида (52530267 сомонӣ) 4440838 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2024 (50942273) 6028832 сомонӣ зиёд гардидааст.
Иҷрои нақшаи аниқшудаи даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Варзоб дар нуҳмоҳаи соли 2025 аз рӯи 7 намуди сарчашмаҳои андози дохилӣ 108 фоизро ташкил намуда, ба буҷети маҳаллӣ 49671478 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида (45953600 сомонӣ), 3717878 сомонӣ зиёд ва нисбати иҷроиши ҳамин давраи соли 2024 (44668790) 5 002 688 сомонӣ зиёд гардидааст.
Бидуни даромадҳои дохилӣ ба буҷети ноҳия, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок дар нуҳмоҳаи соли равон 29226585 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 100 фоиз ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи 29226585 сомонӣ ворид гардидааст. Аз ин маблағҳои воридгардида 41 фоизи қисми хароҷоти аслӣ ва 49 фоизи қисми хароҷоти фонди музди меҳнатро ташкил медиҳад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 89,2 фоиз иҷро гардида, маблағи (нақша 80 118 256) 71 521 414 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбати иҷроиши ҳамин давраи соли 2024 (62419970 сомонӣ) 9 101 444 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар раванди иҷроиши буҷети маҳаллӣ ба нақшаи аниқгардида, маблағгузорӣ намудани соҳаҳои алоҳида дар бахши мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва идораи давлатӣ дар ҳаҷми 81 фоиз (3797399 сомонӣ), комиссариати ҳарбӣ 100 фоиз (262471 сомонӣ), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 78 фоиз (571876 сомонӣ), соҳаи маориф 92 фоиз (53536397 сомонӣ), соҳаи тандурустӣ 82 фоиз (10438397 сомонӣ), Суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимои 100 фоиз (445584 сомонӣ) хоҷагии манзилию коммуналӣ 84 фоиз (948742 сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 93 фоиз (1196815 сомонӣ), хоҷагии қишлоқ 76 фоиз (268734 сомонӣ), Нақлиёт ва комуникатсия 100 фоиз (55000 сомонӣ) аз худ карда шудааст.
Мақсаднок истифода бурдани маблағ
Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаҳои хароҷотӣ, аз ҷумла нақшаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 92 фоизи хароҷотҳои умумии буҷети маҳаллии ноҳияро дар нуҳмоҳаи соли 2025 ташкил медиҳад, ки ба маблағи 65617193 сомонӣ равона гардидааст.
Таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар нуҳмоҳаи соли 2025 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андозӣ), қарздорӣ вуҷуд надошта, 84 фоизи маблағҳо ба маблағи 59945012 сомонӣ пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунии андозиро дарбар мегирад.
Дар ин давра ба 115 нафар иштирокчиён ва маъюбони садамаи Атомии Чернобил ва фарзандони маъюби онҳо дар ҳаҷми 445584 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шудааст.
Инчунин ҷиҳати иҷрои моддаи 16 ва 20-и Ҷонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ҳиссагузорӣ ба фонди стаблизатсионӣ оид ба рушди иҷтисодиёт ба маблағи 787098 сомонӣ суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 118065 сомонӣ аз ҳисоби барзиёдии даромади буҷети маҳаллии ноҳия барои давраи нуҳмоҳаи соли 2025 ҳамагӣ ба маблағи 905163 сомонӣ гузаронида шуд.
Хидмати содиқона
Дар фароварди суҳбат мавсуф афзуд, ки Раёсати молия дар оянда низ ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андозӣ, маблағгузории мақсаднок ва самаранокӣ, чорабиниҳоеро, ки дар соли 2025 пешбинӣ шудаанд таъмин намояд.
Ҳамзамон мекӯшем, ки хидмати содиқонаи худро беш аз пеш баҳри пешрафти кишвар анҷом диҳем.
Нигора Саидбекова, “Фараҳ”



