Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабарнигори сомонаи “Фараҳ бо сардори раёсати мазкур М. Арабов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда нахуст қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” фаъолият намуда, барои иҷрои ҳадафҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар баёнгардида, дар давоми шаш моҳи соли 2025 дар ҳамкори бо мақомотҳои марбута корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Иҷроиши буҷет

Дар шаш моҳи соли 2025 қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ, воридоти андозҳо ба маблағи 186642244 ҳазор сомонӣ нақшабанди гардида, иҷроиши он 195988483,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 105,05 фоизи нақша баробар мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар шаш моҳи соли 2025 – 103 фоиз таъмин гардидааст ва ҳамзамон дар шаш моҳи соли равон ҷамъи андози соҳаи иҷтимоии шаҳр 110,23 фоиз иҷро гардид.

Андоз аз даромад аз рӯи нақша 58876200 мебошад, иҷроиши он бошад 60455530,17 ва аз рӯи фоиз 102,68%-ро ташкил дод.

Дар шаш моҳи соли равон андоз аз молу мулк тибқи нақша 18860392, вале иҷроиши он бошад 19798126,16 мебошад ва 104,97%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин давраи ҳисоботӣ бошад, андоз аз арзишҳои иловашуда 102,79% иҷро гардид ва инчунин, низоми махсуси андозбандӣ 103,55%-ро ташкил дод.

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо кормнадони мақомоти андоз дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои сифатноки намудҳои андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кушиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳрро дар соли 2025 таъмин намоянд. Инчунин дар самти таъмини уҳдадориҳои давлатӣ, таъмини хароҷотҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, назорати доимиро дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷети тибқи талаботи имруза ба роҳ монда, нишондиҳандаи молиявиро дар оянда ҳам хуб ҷамъбаст менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь