Ҳеч неъмат беҳ зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.

Дар воқеъ, Мавлонои бузурги Балхӣ хеле дуруст ва бамаврид гуфтаанд, ки неъмате беҳтар зи истиқлол буда наметавонад. Ин неъмати худододи пурарзиш, ки дар баҳои ҷони ҷавони садҳо фарзандони ба ору номус ва шарафёри кишвар ба даст омадааст, ифодагари ормонҳои миллии таърихи беш аз сад ҳазорсолаи на танҳо Сомониёну Сосониён, балки Каёниёни далери кишваркушои Ориёӣ буда, пайвандгари имрӯзу фардои мост. Шояд ҳамин пайванди ногусастании далеру кишваркушо ва башардӯстамон бошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини интихобшуданашон ба мақоми олии Раиси Шурои Олии Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол бо матонату қаҳрамонӣ ва далериву шуҷоати Ориёӣ, тамоми масъулияти раҳбарии кишварро миёни оташу хун ва ниқору кина бар душ гирифта, рӯҳи ҷовидонаи Ориёи бузург дар баҳои ҷон ва хонумони азизаш онро дифоъ намуда, истиқлолияти рӯ ба нестӣ ниҳодаро аз нав эҳё намуда, муждаи васлу висол ва шукуфоиро бар гӯши ҷони мардуми саросарии кишвар расонид.
Имрӯз мардуми шарафманду соҳибиқболи тоҷик, 34 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷашн мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, миллати тоҷикро ба ин ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, ба хонадони ҳар кадомашон осудагӣ, хушбахтӣ ва тинҷию оромӣ таманно менамоям.
Воқеан, Истиқлол дастоварди бузург аст, чунончӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бояд дарси худшиносӣ гирифт, зеро истиқлоли давлатӣ ба мо имкон дод, ки рукнҳои давлатдории миллии худро тавқияту мустаҳкам намоем ва ҳамзамон дар худшиносии худ осору пажуҳишҳои гаронбор анҷом диҳем, ҳамзамон истиқлол фурсат дод то ҷаҳониён миллати фарҳангофари тоҷикро бештар бишносанд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари азизамон мебошад. Истиқлолият нишони озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва бақои миллати тоҷик буда, Тоҷикистони азизи мо маҳз бо шарофати он ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдорӣ арзи ҳастӣ намуд.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 34 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстию ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик сиёсати оқилонаю хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ободии кишвари азизамон хуш пазируфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комил барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон бо азму ғайрати бепоён меҳнат карда истодаанд.
Фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстиву ватандорӣ яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ буда, ҳар як ватандӯстро водор месозад, ки ифтихор аз ватан, миллат таъриху мероси фарҳангӣ дошта бошад ва ба арзишҳои умумибашарӣ дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигар, пешрафти илму техникаи муосир эҳтиром гузошта, аз онҳо баҳра бардорад ва ба манфиату пешрафти Тоҷикистон равона созад.
Насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Онҳо бояд шахсони бо маърифат, эҷодкор, номбардори миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд. Тоҷикистонро ҳамчун модари азизи худ дӯст доранд, аз он ифтихор кунанд ва ҳамчун гавҳараки ҷашм ҳифз намоянд. Зеро ҳаёт ва таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад: дар ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ арзи вуҷуд дорад, тараққиёт, пешравӣ ва маданияти баланду рӯзгори осуда мавҷуд мебошад.
Имрӯз мо шукронаи онро мекунем, ки дар мамлакатамон марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ва эҳёи иқтисодии кишвар, таҳкими истиқлолияту амнияти иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангии он инкишоф ёфта истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои дар кишвар пойдор гардидани сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ заҳматҳои зиёд кашидаю бо қатъият талош меварзад.
Мо бояд шукри ин даврон карда, ба қадри заҳматҳои дар роҳи таҳкими сулҳу ваҳдат, беҳбудии рӯзгор ба меҳнатҳои беандозаи Роҳбари давлат бирасем, дар атрофи чунин шахсияти ҷаҳоншинохта бештару зичтар муттаҳид гардида, баҳри ҷомаи амал пӯшонидани маром ва ниятҳои неку наҷиби ин фарзанди арзандаи миллат неру, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем.
Бо ҳамин ниятҳои нек дар ин лаҳзаҳои пурнишот ҷашни бузурги 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба кулли мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд, тани сиҳат, сарбаландию комёбиҳо дар кор, хонаи обод ва зиндагии осоиштаро орзу менамоям.



