Ба таваҷҷӯҳи Прокурори  генералӣ муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло

Ба таваҷҷуҳи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро

Ба таваҷҷӯҳи Прокурори вилояти Суғд муҳтарам Хоҷазода Фурқат  Файзалӣ

Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода

Ман Додобоева Гулзора,  дар соҳаи маориф собиқаи 21 солаи корӣ дорам.  Санаи 8-уми апрели соли 2025 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи директори Литсейи № 5 таъин шудам.

Тӯли чор моҳ дар ин даргоҳ фаъолият кардам. Санаи 28-уми июли соли 2025 бе Фармоиш аз кор озод шудам. Ба ҷойи ман  Абдуманнонова Шаҳлоро  ҳамчун роҳбар таъин намуда, бо раводиди раиси шаҳри Исфара ва муовини Раёсати  маорифи шаҳр  Умарзода  Фотима  оварда,  ба ҷойи ман  монданд.

Барои ман вазифа ва роҳбари як литсей будан, муҳим нест. Зеро  он ҷо бо хоҳиши худам нарафта будам. Ман, ки дар Раёсати маорифи шаҳри Исфара аз соли 2012 то 2024 дар вазифаҳои мушовир, мудири кабинети методӣ, мушовири муассисаҳои томактабӣ, Сармухатассиси Раёсати маориф ва дигар вазифаҳои кор кардаам, аз муаммоҳои  молӣ ва кадри роҳбарикунандаи Литсейи №5 хуб огоҳӣ доштам. Қабл аз ман  София Шарипова роҳбар буд он ҷо.

Моҳи апрели имсол сардори Раёсати маорифи шаҳри Исфара Атохонзода Ҳакима аз ман хоҳиш кард, ки ман ҳамин Литсейи  № 5-ро қабул кунам.  Инчунин Атохонзода таъкид кард, ки Литсейи №5 яке аз мактабҳои бообруйи сатҳи ҷумҳурӣ аст,  шумо рафта  кори муассисаро пеш баред. Ман розигии худамро додам ва санаи 8-уми апрел ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи директори Литсейи № 5 ба кор оғоз кардам.

То охири сол дар шароити якдигарфаҳмӣ ва созанда кори муассисаро пеш бурдем, то 28-уми июл дар муассисаи болозикр будам.  Корҳои таъмир ҳам  қариб пурра ба охир расида буд.

Санаи 28-уми июли 2025  соати 8:20 мушовири  масъули кадри маориф Барно Ҳамитова ба ман телефон карда гуфт:

“Имрӯз гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳр барои санҷиши омодагӣ ба зимистонгузаронӣ меравад, ҳама муаллимонро сарҷамъ кунед”.

Ҳама омӯзгорон дар рухсатии меҳнатӣ буданд, ман муҳосиб ва посбон ва 3-4 нафар кормандони техникӣ бо устоҳо  корҳои таъмирро карда истода  будем.

Гуфтам, биёянд ман худам ҳастам, тамоми ҳуҷҷатҳои лозима дар ҷояш, бемалол санҷиш кунанд.  Муассисаи мо бо ангишт не, бо барқ ба гармӣ пайваст буд, аз ин ҷиҳат ҳам дилам пур буд.

Пас аз лаҳзае Умарзода Фотима,  муовини сардори Раёсати маорифи шаҳр ва Ҳамитова Барно, Абдуманнонова Шаҳлоро гирифта омаданду дар як вазъияти булаҷаб гуфтанд: Аз имрӯз ин кас директори мактаб.

Ман ҳайрон шудаму гуфтам: Канӣ фармони ин кас?

Ба ман ду Фармонро доданд, ки якеаш маро бе огоҳии ман  ба рухсатии меҳнатӣ гусел ва бозхонд кардаанд, дар дуюм Фармон ба вазифа таъин шудани Шаҳло Абдуманнонова буд.

Фармонҳоро дида ба ҳайрат афтодам. Охир пеши худ маро ба рухсатӣ гусел ва аз рухсатӣ бозхонд кардаанд. Рухсатии меҳнатӣ ман бо фармон моҳи январ баромада буд-ку! Санаҳое, ки дар Фармони сохтаи онҳо омадааст гуё ман дар рухсатии меҳнатӣ бошам ва бозхонд карда бошанд, дар асл ман пурра дар кор будам.

Хулоса ҳарду Фармонҳоро гирифтаму пурсидам: Фармони сеюм канӣ?

Боз чӣ хел Фармон?- пурсиданд онҳо.

Фармони аз кор рафтани ман куҷост?-гуфтам ба масъулини Раёсати маорифи шаҳр.

Дар посух гуфтанд, ки ба шумо зарурати интишори Фармоиш нест. Шумо иҷрокунанда будед-ку.

Хулоса баҳс кардам, ки вақте ба кор таъин мекунед бо Фармон аст, аммо вақти аз кор гирифтан чаро бефармон? Куҷост риояи талаботи Кодекси меҳнат? Куҷост риояи эҳтироми омӯзгор? Масълини зикршуда норизо хестанду рафтанд.

Дар ҳоли сардаргумӣ шинаста будам, ки пас аз як соат муовини раиси шаҳри Исфара Парвина Хуршедзода,  корманди ҳукумати шаҳр Саидова Сабо боз ҳамин  Шаҳло Абдуманноноваро гирифта оварданд.

Бори дуюм на ба хоҳиш ва роҳи дипломатӣ, балки бо фишор ва пастзании шаъну шараф муовини раис гуфт:

-“Шумо ба нағзӣ ҷойро холӣ мекунед ё не?”

Ба Хуршедзода гуфтам то Фармони аз кор озод шуданам ба дастам нарасад, ҳеҷ куҷо намеравам. Муовини раис гуфт фармони аз кор озод шудани ту дар дасти муовини Раёсати маориф Умарзода Фотима аст.

Аз Хуршедзода Талаб кардам, ки ба Умарзода тамос гирад, модоме ки аз вазифа рафтани ман ба ин ҳад фаврӣ бошад Фармони барканории маро зуд гирифта орад ва ман ҳам тамоми ҳуҷҷатҳоро супурда меравам, дилам кашоли вазифа нест.

Хуршедзода ба Умарзода занг зад ва гӯширо баланд намуд. Аз он тарафи гӯшӣ муовини маориф гуфт: “Он кас (яъне ман Додобоева Гулзора) аризаашонро надодаанд мо чи хел Фармон кунам?”

Хулоса, онҳо ҳам бо таҳдид ва ноумедӣ рафтанд. Соати 5-и бегоҳӣ дар хона будам, ки аз МИҲД-и шаҳри Исфара мудири шӯъбаи ташкилӣ занг зада гуфт:

-“Пагоҳ соати 8-шуморо раиси шаҳр шуморо  интизор”.

Санаи 29-уми июл ба чанд масъулини маориф ва муовини раис  ба қабули раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рафтем. Хулоса, суҳбати раиси шаҳр ҳамин буд, ки вазифаи роҳбарии директори Литсейи №5 ро бебаҳсу саркашӣ ба Абдуманнонова Шаҳло супорам.

Якуми август аз шаҳри Исфара ба шаҳри Душанбе рафтам то ба қабули Вазири маориф ва илм даромада, арзамро баён кунам.  Дуюми август ба Вазорат рафтам ва гуфтанд, ки вазир  бо сафари корӣ дар ноҳияи  Кушониён  аст. Аз Душанбе ба Кушониён рафтам. Хулоса санаи 2-юми август бо муҳтарам Вазир Саидзода Раҳим Ҳамро вохурда шикоятамро кардам. Вазир гуфтанд, ки шикоятамро хаттӣ пешниҳод кунам ба Вазорат. Санаи 4-уми август оид ба ҳолатҳои зикршуда ба Вазорат ариза пешниҳод намудам.

Вале ҷойи таассуф он аст ки ман аз кори муовини Раёсати маорифи шаҳр   Умарзода Фотима шикоят кардам, аммо боз аризаи маро барои баррасӣ ба  он кас фиристодаанд. Чаро  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон риоя намешавад?                                                                                                        Чаро одилона баррасӣ кардани аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ назорати ҷиддӣ бурда намешавад?

Ман ба Баҳодурзода ҳам фаҳмонидам, ки бо 7 раиси шаҳр кор кардам, аммо раисон ба соҳаи маориф эҳтиром доштанд, беасос дахолат намекарданд.

Хулоса, бе Фармон маро аз кор гирифтанд ва Абдуманнонова Шаҳлоро директори Литсейи № 5 таъин карданд. Аз руйи қонун бояд санади додугирифти роҳбари кӯҳна бо роҳбари нав шавад. Мо ҳоло ин санадро ҳам тартиб надодаем. Абдуманнонова  қулфи дарро иваз карду дар кабинети роҳбарӣ нишастааст, вале метарсам баъдан барои роҳ додан ба камбудиҳо, маро гунаҳгор накунанд. Зеро санад нест ва исбот нест!.

Додобоева Гулзора

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь