Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара,ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар – Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Дар чорабинии ба ин муносибат доиргардида раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода изҳор дошт, нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад. Зеро, дар нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорона ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ Навгилем Лакон ва шаҳраки Шуроб аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд. Шаҳрдори Исфара бо зикри он, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ арзёбӣ намуда, ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳр Содирхон Қосимӣ, модари даъватшаванда Умедахон Мараҷабова ва вакили Маҷлиси вилоятӣ Исроилхон Файзиддинов ба сухан баромада, оид ба гиромидошти Ватан ва ҳимояи марзу бум, қарз ва ӯҳдадориҳои ҳар як ҷавомписар дар назди халқу миллат изҳори назар карданд. Сарбози ба тозагӣ хизмати аскариро ба итмом расонида Идрисхон Бобоев иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад. Даъватшаванда Муҳаммадалӣ Саломов баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки ҷавонон набояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд. Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ будан, мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст. Ӯ дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳанд кард. Дар рафти чорабинӣ ба 11 нафар сарбозони даъватӣ шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид. Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 150 нафар дар Ташкилоти мададгори мудофиа курси ронандагиро хатм намуданд. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь