Ба ҳамагон маълум аст, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ буда, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баҳри дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Вобаста ба фаъолияти Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабарнигори сомонаи “Фараҳ” бо сардори Сарраёсати мазкур Чиллазода Аъзамҷон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи он пешакаши хонандагон мегардад.
Иҷроиши буҷет
Нахуст номбурда қайд кард, ки Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи маълумотҳои давраи ҳисоботӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон аз рӯи воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ 100,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллӣ ба ҷои 2251,5 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 2263,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 12,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 358,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин нақшаи андозҳои умумидавлатиро ноҳияи Ёвон 21 фоиз ба маблағи 84,9 млн. Сомонӣ, шаҳрҳои Левакант 5 фоиз ба маблағи 3,5 сомонӣ, Норак 2 фоиз ба мабалағи 2,0 млн. сомонӣ таъмин карда натавонистанд, ки таъсири худро ба иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ расонид.
Қисми хароҷоти маҳаллии вилояти Хатлон вобаста ба воридоти аслии даромади буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 3791,5 млн. сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра аз хароҷоти умумии маблағҳо 3791,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 2628, млн. сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 646,0 млн. сомонӣ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 53,4 млн. сомонӣ ва идрорпулӣ, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 11,3 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 88,3 фоизи маблағи хароҷот ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва 11,7 фоизи он ба дигар моддаҳо равона карда шудааст.
Масъулиятшиносӣ
Мавсуф ҳамзамон таъкид кард, ки бо назардошти таҳлилҳои болозикр Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон якҷоя бо сохторҳои дахлдор тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд, ки таъмини босифати нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро аз рӯи патенсиали дохилӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ таъмин намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла қарздории фонди музди меҳнат ва роҳ надодан ба хароҷотҳои дуюминдараҷа дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазирро меандешад.
Ҳамзамон мекӯшем, ки хидмати содиқонаи худро беш аз пеш баҳри пешрафти кишвар анҷом диҳем.
Нигора Саидбекова, “Фараҳ”



