Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар 8 моҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Рушди молия омили пешрафти кишвар аст
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Бобоҷонзода Ашӯралӣ афзуд, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ ин вазифаҳои ассосии кормандони молия ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.
Ӯ қайд намуд, ки маҳз ҳамкориҳои судманди байни кормандони мақомоти молия ва Нозироти андози ноҳия мебошад, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия ба қадри имкон таъмин гардида, дар оянда низ бовари дорем, ки иҷрои нақшаи қисми дармоади буҷет беҳтар хоҳад шуд.
Ба нақшагирии буҷет
Зикр карда, шуд ки Дар асоси қарори Маҷлиси вакилорни халқи ноҳияи Ёвон аз 13 декабри соли 2024 № 1789 қисми даромади буҷаи маҳал 503251700 сомонӣ, қисми хароҷот ба маблағи 280143447 сомонӣ ва ҳиссаҷудокуни ба буҷети вилояти Хатлон ба маблағи 223108253 сомонӣ тасдиқ карда шудааст.
Буҷети маҳаллии ноҳия дар ҳашт моҳи соли 2025 аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 97 фисад таъмин гардида ба ҷои 181694915 сомонӣ ба буҷети маҳалли 176638543 сомонӣ ворид карда шудааст,ки нисбати нақшаи аниқшуда ба маблағи 5056372 сомонӣ кам мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ҳамин давра нақшаи саҳми нозироти андози ноҳия маблағи 91666290 сомониро ташкил дода,ба маблағи 96008404 сомонӣ таъмин гардидааст,ки ба андозаи 105 фисад ё ин ки нисбати нақша ба маблағи 4342114 сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағгузори ба соҳаҳои буҷетӣ
Ӯ афзуд, ки нишондиҳандаҳои иҷроиши буҷети маҳаллӣ аз рӯи хароҷотҳо ба қадри фоиз иҷро гардид,яъне 186520434 сомонии ба нақша гирифташуда,дар асл ба маблағи 182796754 сомонӣ ба ташкилотҳои буҷети маблағгузорӣ карда шудааст. Барои ташкилотҳои роҳбарикунанда 4020032 сомонӣ 90 фисад,мудофиа 968298 сомонӣ 98 фисад,мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1059505 сомонӣ 100 фисад,соҳаи маориф 132974316 сомонӣ 99 фисад,соҳаи тандурустӣ 35696515 сомонӣ 100 фисад,ҳифзи иҷтимоӣ 328568 сомонӣ 100 фисад,хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ 3482578 сомонӣ 96 фисад,варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ 2825672 сомонӣ 99 фисад,хоҷагии қишлоқ 283767 сомонӣ 40 фисад,нақлиёт ва комуникатсия 496345 сомонӣ 100 фисад дигар намуди хароҷотҳо 661158 сомонӣ 97 фисад маблағгузорӣ карда шудааст.
Пардохти музди меҳнат дар мадди аввал
Музди меҳнати ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳашт моҳи соли 2025 ба маблағи 132387287 сомонӣ ҳисоб карда шуда,дар асл ба маблағи 132238749 сомонӣ 99,9 фисад ва пардохтҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимои ва нафақа ба маблағи 30408173 сомонӣ ҳисоб карда шуда,дар асл ба маблағи 30210682 сомонӣ 99,4 фисад пардохт карда шудааст.
Бо назардошти таҳлилҳои болозикр Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шуморо бовар мекунонад,ки якҷоя бо нозироти андоз ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини босифати нақшаи андозҳо тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, воридоти маблағҳоро аз ҳисоби потенсиали дохилии худи ноҳия моҳ ба моҳ зиёд намуда дар мадди аввал пардохти фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетиро ба роҳ монда ба қарздории он роҳ намедиҳем.
Кормандон ба забономӯзӣ ҷалб шуданд
Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёстаи молия доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Дар Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳии Ёвон ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешаванд ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд.
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024-ум тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.
Раёсати Вазорати молияи ноҳияи мазкур баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро ба забономӯзӣ ҷалб намудаанд.
Дастуру супоришҳо саривақт амали мешаванд
Ӯ илова кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.
Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.
Молия сутуни давлат аст
Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт
“Фараҳ”



