Тақдири талхи бонкҳое чун “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” мардумро ҳушдор медиҳад, ки дубора маблағи пасандозашонро ба бонк не, балки ба зери болишт монанд.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро то моҳи июни соли 2027 дароз кардааст. Аз шикояти беинтиҳои собиқ мизоҷони ин бонкҳо хулоса кардан мумкин буд, ки дер ё зуд чунин тасмим гирифта мешавад. Намояндагони додгоҳ гуфтаанд, ки мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи бонкро фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд. Дароз кардани раванди барҳамдиҳии ду бонки дар гузашта калонтарин, боварии мардумро ба низоми бонкии кишвар кам кардаю дубора эътимоди мардумро ба болини таҳи сарашон бештар менамояд.

“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки то чор сол пеш ду бонки низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд, соли 2021 муфлис эълон шуданд. Ҳазорҳо муштарии ин ду бонк нигарони маблағҳои худ ҳастанд.

Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, рӯзи панҷуми август гуфтааст, ки аз 532,2 миллион сомонии амонатгузорони “Агроинвестбонк”  ҳамагӣ 86,7 миллион сомонӣ баргардонда шудааст.

Ба гуфтаи Аминзода, аз 5711 муштарии “Агроинвестбонк” 2095 нафар маблағи худро пурра ва 3616 кас амонати худро қисман гирифтаанд.

Ба қавли масъулини Суди иқтисодии кишвар, шумораи муштариёни ҷабрдидаи “Тоҷиксодиротбонк” давоми чор сол хеле кам шудааст. Ба омори ахири Додгоҳи олии иқтисодӣ, аз 372,4 миллион сомонӣ амонати мардум дар “Тоҷиксодиротбонк”, танҳо 94,7 миллион сомонӣ пардохт нашудааст.

Ин бори дуюм аст, ки муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дароз карда мешавад. Мӯҳлати аввал барои поён додан ба кори ду бонк тобистони 2023 таъйин шуда буд ва баъдан то моҳи июни соли 2025 дароз карда шуд.

Ба дарозо кашида шудани мӯҳлати барҳамдиҳии ду бонк нигаронии муштариёнро ба миён овардааст. Аммо намояндагони Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” моликияти лозимро доранд, танҳо фурсат зарур аст, ки онро фурӯхта пули мардумро баргардонанд.

Бо вуҷуди ваъдаи мақомот дар бораи бозгардонии пули мардум аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳо, амонатгузорон нигарони маблағҳои худ ҳастанд. Намояндагони Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, муштариён пули нақд мехоҳанд ва дар баъзе ҳолат ба ҷойи маблағ, амволро қабул намекунанд.

Зеро муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”  мегӯянд, амволе, ки бар ивази маблағ пешниҳод мешавад, нархи баланд дорад:

“Масалан як хона дар бозор агар 50 ҳазор доллар нарх дошта бошад, ба шумо ба маблағи 70-80 ҳазор доллар пешниҳод мекунанд. Ин бар зарари мо аст ва барои ҳамин талаб мекунем, ки пуламонро нақд бигирем”, – мегӯяд як муштарии “Агроинвестбонк”.

Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд дар баъзе ҳолат амволи бонкҳо баҳсӣ аст ва барои ҳамин муштариён намехоҳанд онро гиранд:

“Масалан як кас хонаашро дар бонк гарав монда, қарз гирифтааст. Вақте хонаро гирифтанӣ мешаванд, қарздор даъво мекунад. Барои ҳамин баъзе муштариёни бонкҳои муфлисшуда намехоҳанд бар ивази амонати гузоштаашон хона гирифта, боз додгоҳ ба додгоҳ баҳс карда гарданд”, – гуфтааст намояндаи Додгоҳи олии иқтисодӣ.

Хулоса, ба ғайр аз ин ду бонк то ҳол ҷафою ҷабр бар муштариёни бонки дигар , “Тоҷпромбонк” идома дорад ва то ҳол мардум дар ҷустуҷӯи сармояи ба ин бонк гузоштаашон ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь