Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосӣ карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2024, № 292, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» хабарнигори сомонаи “Фараҳ” бо директори коллеҷи мазкур Ш.Р. Амирзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Пояи моддӣ-техникӣ
Нахус мавсуф қайд кард, ки бинои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» иборат аз 4 ошёна масоҳаташ 3148, 97 метри мураббаъ ва масоҳати заминҳои атрофи бино 6941,0 метри мураббаъ гузаронида шуд.
Айни замон дар Коллеҷ 10 кафедра фаъолият дорад: кафедраи «Морфологӣ», кафедраи «Гуманитарӣ», кафедраи «Забонҳо», кафедраи «Таббии-риёзӣ», кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ», кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар ҷароҳия», кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар терапия», кафедраи «Фанҳои биологӣ», кафедраи «Кори ҳамширагӣ» ва кафедраи “Момодоягӣ”. Бинои муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, дар чор ошёнаи муассисаи таълимӣ бо тартиби зайл маъмурият ва кафедраҳои таълимӣ ҷой дода шуданд.
Ду кафедра «Кори ҳамширагӣ дар ҷароҳия», ва «Кори ҳамширагӣ дар терапия» дар шӯъбаҳои Беморхонаи марказӣ кор мекунад.
Дар ошёнаи якуми бино маъмурияти муассисаи таълимӣ: муовини директор оид ба таълим, шуъбаи кадрҳо, сармуҳосиб, хазиначи, деканони факултаҳо, муовини директор оид ба илм ва иноватсия, мудири қисми хоҷагӣ, нуқтаи тиббӣ, сардори шуъбаи илми методӣ, сардори шуъбаи сифати таҳсилот, лаборатория, шуъбаи қисми таълим, созмони ҷавонон, маркази тестӣ, толори назариявӣ, китобхона, ҳуқуқшинос, офиси бақайдгирӣ ва кафедраи “Момодоягӣ”.
Дар ошёнаи дуюми бино дафтари кории директори муассисаи таълимӣ, толори маҷлисгоҳ, кафедраи “Фанҳои биологӣ” ва кафедраи “Забонҳо”.
Дар ошёнаи сеюми бино дафтари кории муовин оид ба корҳои тарбиявӣ, кафедраи фанҳои “Морфологӣ”, кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ” ва кафедраи “Табии риёзӣ”.
Дар ошёнаи чорум кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ва кафедраи “Гуманитари” ҷой дода шудаанд. Машғулиятҳо дар бинои нав мунтазам аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба бо истифодабарии усулҳои нави таълимӣ, албатта, бо истифодабарии технологияи муосир, аз қабили доскаҳои электронӣ ва видеопректорҳо гузаронида мешаванд.
Дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ» ва «Кори табобатӣ», мавҷуд мебошанд. ҳамчунин сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомeзӣ, илм ва иноватсия, факултетҳо, кабинети илмӣ-методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шeъбаи кадрҳо, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва аз муҳосибот иборат аст. Аз рӯи имкониятҳои ба даст омада, бо ташаббус ва дастгирии маъмурияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати азнавсозии саҳн ва атрофи муассисаи таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, атрофи муассиса бо деворҳои ҳозиразамон бо истифода аз хиштҳои бетонӣ ва дар қисмати пеши даромадгоҳи бинои муассиса бо панҷара маҳкам карда шуд.
Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки машғулиятҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои заминавӣ, яъне синфхонаҳои шӯъбаҳои Беморхонаи марказӣ, КАТС, МНДСЭ- и ноҳия, Стоматология гузаронида мешавад.
Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии коллеҷ, имрӯз дар синфи “Компютер” 45 компютер мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, барои синфхонаҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ 125 компютер, 37 принтер, 26 тахтаи электронӣ ва проектори видеоӣ, 1 камераи аксбардорӣ, 1 камераи видеоӣ, 10 дона УПС барои компютерҳо харидорӣ ва истифода мешаванд. Дар фасли тирамоҳу зимистон ҳамаи ҳуҷраҳо бо гармкунакҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд
Дар айни замон, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2010, № АП-1366 “Дар бораи насби таҷҳизоти техникии назорат (камераҳои назоратӣ) дар биноҳо ва иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ” дар коллеҷ, ҳам дар ҳудуди бинои таълимӣ ва ҳам дар дохили он, 19 камераи назоратӣ насб карда шудааст.
Базаи кадрӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” айни ҳол 228 нафар кормандон фаъолият доранд, аз он ҷумла, 112 нафар омӯзгорони асосӣ: 51 мард, 61 зан, 74 нафар омӯзгорони соатбайъ: 59 мард, 15 зан, 11 нафар омӯзгорон дар рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини тифл қарор доранд. 42 нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон, ташкил медиҳанд.
Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 1 нафар номзади илмҳои тиб ва 1 нафар номзади илмҳои химия фаъолият доранд.
Дараҷанокии омӯзгорон чунин мебошанд, 6 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 4 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи якум, 51 нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд.
Теъдоди омӯзгорони асосӣ аз рӯи маълумот чунин мебошад:
– бо маълумоти олии тиббӣ 30 нафар;
– бо маълумоти олии ғайритиббӣ 65 нафар;
– бо маълумоти миёнаи касбӣ 16 нафар;
– бо маълумоти олии нопурра 1 нафар.
Дар моҳи январи соли 2025 аз курсҳои такмили ихтисос 6 нафар омӯзгорон дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
Дар “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” 77 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Теъдоди кормандон ва омӯзгорони ба кор қабулшуда 19 нафар ва аз кор озодшуда 14 нафар, аз моҳи январ то моҳи сентябри соли 2025, ҳамаги: 33 нафарро ташкил медиҳад.
Фаъолияти илмии коллеҷ
Дар мавриди фаъолияти илмии коллеҷ номбурда сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илм ва инноватсия тибқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби директори муассиса тасдиқ карда шудааст, амалӣ шуда истодааст. Асосии фаъолияти корӣ ин коркарди роҳу усулҳои нави таълим ва дар амал ҷорӣ намудани нишондодҳои ислоҳоти раванди таълим мансуб меёбад Омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷриба, таҳия, тарҷума ва таҳлилу аз нав дида баромадани барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ, тавсияҳои таълимӣ-илмӣ-методӣ, иштирок дар гузаронидани семинару конфронсҳои назариявӣ, илмӣ-методӣ, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, олимпиадаҳо, озмунҳо ва амсоли инҳоро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби илм ва инноватсия корҳои зерин ба сомон расонида шудаанд:
Оиди дастурҳои методӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ бо мақсади иҷроиши қарори ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи супориши роҳбари муассиса фармоиш оиди «Ташкил намудани гуруҳи корӣ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ навиштани китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои тахассусӣ» таҳия намуда аз тарафи директор ба имзо расонида шуда, ба ҳамаи муовинон, шуъбаҳо ва мудирони кафедраҳо, расонида шудааст. Аъзоёни гуруҳи корӣ вазифадор карда шуд, ки дар вақти навиштани китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои тахассусӣ бо маркази табъ ва нашри китобҳои дарсӣ, маркази илми методии ҷумҳуриявӣ, коллеҷҳои тахассусӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе ба номи А.Сино ва Донишгоҳи тиббии ноҳия Данғара ҳамкориро ба роҳ монанд. Аз тарафи мутахассиси бахши сифати таҳсилот Шарифхонзода И. Ш., ва мудири бахш Сафаров У.Ҳ., дастури методӣ “Равзанаи пайвастшавии кори роҳнамои касбӣ барои мутахассисони таҳсилоти миёнаи тиббии оянда”, аз ҷониби омӯзгори кафедраи “фанҳои биологӣ” Маҳмашарифи Ш.С., мудри маркази машваратӣ ва тестӣ Холматов Б.Р., ва шуъбаи таълим Зулфакова Г.А., дастури таълимӣ “доир ба фанҳои Экология ва Консепсияи табиатшиносӣ” омода карда шуд. Аз ҷониби омӯзгори кафедраи “Забонҳо” Қулова С., дар маҷалаи “Субҳи Ёвон”-роҳбари ҷавону мутахассиси кордон, аз ҷониби мутахассиси пешбари бахши сифати таҳсилот Шарифхонзода И., дар маҷалаи “Субҳи Ёвон” оиди -Рушди рақамӣ ва инноватсия: он чист ва чаро он лозим аст, аз ҷониби мудири шуъбаи илмӣ-методӣ дар маҷалаи “Ҷавонон” дар мавзуӣ –Танзим мубориза алайҳи камбизоатист, аз ҷониби декани факултети “Кори ҳамширагӣ” дар рӯзномаи Ҷаҳони ҳунар дар мавзуӣ “Тоҷикистон-кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои экологӣ”, аз ҷониби Зокирова Г.А., дар рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар” дар мавзуӣ “Либос-муаррифгари фарҳанги миллӣ”, чоп карда шуд. Дар моҳи феврал конференсия оид ба “Артиш-сипари боэътимоди Ватан”, гузаронида шуд.
Корҳои илмӣ-тадкиқотӣ яке аз самтҳои асосӣ барои пешрафти илму тараққиёт дар дилхоҳ муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Дар коллеҷ 1 нафар номзади илмҳои тиббӣ кор мекунанд директори муассиса Амирзода Шарофиддин Рустам ва 1 одам номзади илмҳои химия омӯзгори химия Мавлонов Боронқул, инчунин 4 нафар унвонҷӯ, фаъолият менамоянд.
Дар назди ҳамаи кафедраҳои коллеҷ маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд.
Омодаги ба озмунҳо ва Олимпиадаи байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
Бо супориши шифоҳии директор ва дар асоси нақшаҳои мудирони кафедраҳо омӯзгорон ба озмуну олимпиадаҳо тайёрии дида истодаанд. Аз ҷумла дар кафедраи “Забонҳо” дар моҳҳои январ ва феврал аз фанҳои Забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва забони англисӣ даври дохили муассисавиии озмунҳоро гузаронида дар натиҷа муайян карда шуд.
Озмун санаи 14.03.2025 ҷамъбаст гардида дар натиҷа донишҷӯёни зерин ба даври ҷумҳуриявӣ, роҳхат гирифтанд:
Аскарова Аниса Туйчибековна, Тоҳирзода Фотима Беҳрузҷон, Фаризаи Маҳмадсаиди Шарипзода.
Аз фанни таърих дар давраи аввал 31 нафар донишҷӯ иштирок намуда, 11 нафар ба даври дуввум роҳхат гирифтаанд ва дар даври дуввум бошад аз 11 нафар се нафар донишҷӯ, роҳхат гирифтаанд: Фаризаи Маҳмадсаид, Саидатоева Омина, Қурбонзода С.
Аз фанни Ҳуқуқ 12 нафар, аз фанни Диншиносӣ 9 нафар донишҷӯ, аз фанни Сиёсатшиносӣ 6 нафар донишҷӯ, аз фанни Фарҳангшиносӣ 4 нафар донишҷӯ, аз фанни Фалсафа 4 нафар донишҷӯ ба даври дуввум роҳхат гирифтаанд.
Озмун санаи 13.03.2025 ҷамъбаст гардида, дар натиҷа донишҷӯ Қурбонзода Саида Мусохонба даври ҷумҳуриявӣ рохат гирифт.
Иштирок дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки бо ташабусси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ санаи 17 ва 18 апрели соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара” олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ва миёнаи касбӣ аз рӯи фанҳои: забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён варзиданд.
Бо ташабусси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-26.05.2025 дар МДТ “Коллеҷи ҷумҳуриявӣ” гузаронида шуд, ки донишҷӯёни коллеҷ иштирок карданд.
Бояд қад кард, ки дар ҳама озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок меварзанд ва дастовардҳои назаррасро ҳам ноил гардидаанду дар оянда низ хоҳанд гашт ва дар ин миён мо омӯзгорон кори тарбия ва таълимро беш аз пеш пурзуртар хоҳем кард, то кадрҳои коллеҷ дар оянда барои пешрафту пурққуввати соҳаи тибби ҷумҳурӣ хидмат намоянд.
Нигора Саидбекова “Фараҳ”



