Вобаста ба фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун хабарнигори сомонаи “Фараҳ  бо сардори раёсати мазкур  Абдуназарзода Умед суҳбати ихтисосӣ анҷом дод,  ки фишурдаи он пешакаши хонандагон мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар робита ба соҳаи молия супоришу пешниҳодҳои муфиду созанда доданд: “Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем.

Махсус таъкид менамоям, ки самаранокии хароҷоти давлатӣ бояд ба натиҷаҳои аз ҳар вақти дигар бештар нигаронида шавад.

Вазорати молия бояд якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин ҷода тадбирҳои иловагӣ андешад”.

Нуктаҳои таъкид кардаи Пешвои миллат, албатта, барои пешрафти бавижа соҳаи молия мусоидат хоҳад кард, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Буҷет

Дар идома мавсуф афзуд, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун тибқи банди 8-и  супориши Протоколи назоратии назди раиси ноҳияи Ҷайҳун ба маъмулоти Шумо мерасонад, ки дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз 13 декабри соли 2024 №174-6 “Оиди буҷети ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2025” қисми даромади умуми ба маблағи 152,8 млн сомонӣ, аз ҷумла даромади худи ба маблағи 68,9 млн сомонӣ,  маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 82,7 млн сомонӣ, маблағҳои мақсаднок аз будҷети вилояти ноҳия дар соли ҷорӣ ба андозаи 155,5 млн сомонӣ, касри буҷети он ба маблағи 2,6 млн. сомонӣ тасдиқ карда шудааст.

Нақшаи қисми даромади худи ноҳия дар давраи ёздаҳ моҳи соли 2025 ба андозаи 102,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 63 млн 235,0 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида 64 млн 860 ҳазор сомонӣ дохил гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1 млн. 625 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 87 млн 977ҳазор сомонӣ пешбини шуда ё ин, ки 100 фоиз таъмин гардид. Маблағҳои мақсадноки буҷети вилоятӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2025, ба маблағи 1 млн.  1000 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин маблағҳо 600,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки 54 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ бо тағйиру иловаҳо ба маблағи 166, 0 млн 88867 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 150 млн. 122580 сомонӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия равона гардидааст, ки  90 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Фаъолияти шаффоф

Ҳамзамон номбурда тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар соли ҷорӣ аз фонди захиравии раиси ноҳия ба маблағи 358717 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида дар давраи ҳисоботӣ бо қарорҳои раиси ноҳия барои кӯмакпулиҳои яквақта ба шаҳрвандон ва барои дигар чорабиниҳои сиёсӣ равона гардидааст.

Дар  соли ҷорӣ аз ҳисоби даромади барзиёди нақшаи қисми даромад ба маблағи 601550 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардида, дар давраи ҳисоботӣ бо қарорҳои раиси ноҳия барои кумакпулиҳои яквақта ба шаҳрвандон, барои   тайёр намудани аскарон барои сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дигар чорабиниҳои сиёсӣ равона гардидааст.

Садоқат ба пеша

 Дар фароварди суҳбат мавсуф афзуд Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андозӣ, маблағгузории мақсаднок ва самаранокӣ, чорабиниҳоеро, ки дар соли 2025 пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.

Ҳамчунин, Раёсати молия дар оянда низ ҷиҳати иҷрои супоришу фармонҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ҳама нерӯи зеҳнии худро равона карда, мекӯшад саҳми арзандаи худро дар пешрафти соҳаи молияи кишвар гузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь