Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд “Пешбурди сиёсати оқилона ва устуворӣ молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботӣ давлат мебошад”.

Молияи сутуни давлат аст

Иҷрокунандаи сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Абдуназарзода Умед гуфт, ки бахши молия соҳаи муҳми иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти иниститутҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардид, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Номбурда  илова намуд, ки Раёсати Вазорати  молия дар  ноҳияи Ҷайҳун дар  7 моҳаи аввали соли 2025 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаашон баён доштанд, корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Қисми даромади буҷет пурра таъмин гашт

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун буд, ки дар 7 аввали соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ноҳия 100,4 дарсад таъмин гашт.  Нақшаи қисми даромдаи буҷети ноҳия дар ин давра 40674492 миллион сомонӣ буд, ки он 40746001 миллион сомонӣ иҷро гардид.
Қайд гардид,ки аз ҳисоби буҷети Ҷумҳури яъне маблағҳои мақсаднок 49719579 миллион сомонӣ ба  буҷети ноҳия ворид гардид, ки онҳо барои музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимои мақсаднок равона карда шудаанд.
Ӯ гуфт, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣии ноҳияи Ҷайҳун 117003449 мебошад, ки дар ин дарва 76 дарсад таъмин гашта ба соҳаҳои буҷетӣ 88902708 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ӯ афзуд, ки ҳама талошҳои мо баҳри саривақт таъмин намудани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, падохти фонди ҳифзи иҷтимои равона гардидааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимои корманадони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Ҷайҳун  ба ҳолати 1 августӣ  соли 2025-ум ба пурраги пардохт карда шуда, дар оянда низ мо талош менамоем, ки қарздори ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ

Дар ноҳияи Ҷайҳун ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, барои таъмиру бозсозии муассисаҳо ва омодагии онҳо ба зимистони имсола чораҳои зарурӣ андешида шудааст,-гуфт Абдуназарзода Умед ва афзуд, ки аз ҳисоби маблағҳои  буҷетии ноҳияи Ҷайҳун барои омода намудани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли навӣ хониш ба қадри имкон маблағгузори карда шуда, барои хариди маводи сухт ва омодагии муассисаҳои соҳаи моариф тадбирҳои зарури андешида шуда, маводҳои сухт саривақт ба муассисаҳо ворид гардида истодааст.
Ҳамзамон барои беҳтар кардани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар доираи имкноият аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағгузори карда шудааст.

Масъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун  ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

“Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь