Нахустин масъалае, ки дар мавриди мақому мартабаи устод ба сифати як адиби пешкисват пеши назар меояд, ҳамоно муайян намудани омилҳои ташаккули вай ба сифати як шоир ва нависандаи навсоз (модерн) ва ба чӣ ранг шакл гирифтани ин тағйири сифатӣ дар тафаккури бадеии ӯ мебошад, ки дар афкори адабии ҳазорсолаи мардуми мо сухани тозае ба шумор омадааст. Ба ин маънӣ, устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи адабиёту фарҳанги форсии тоҷикӣ дар қарни XX маҳсуб мешавад.
Зиндагӣ ва фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ ва адабию фарҳангии ӯ ба замоне рост омад, ки аҳли дунё кайҳо ба даврони нави рушду такомули фанниву маънавӣ қадам бардошта буд ва олами Шарқ низ ҳар чи бештар ба таъсири он кашида мешуд. Аввалин шахсе, ки ба касолат ва касофати ҳокимон, ғафлату ақибмондагии кишвар ва ҳоли зору нотавонӣ гирифтор гардидани аҳли Ватанашро эҳсос намуда, ба фикри таҷаддуд ва ислоҳоти ҷомеа пардохт, аллома Аҳмади Дониш (1827-1897) маҳсуб мешавад. Ӯ бо қудрати ақлу заковат, мутолиаи амиқ аз маънавияти гузаштагон (адабиёт, фалсафа, мазҳаб) ва ибрати дидаву шунидаҳо (сафарҳо ба Русия) ба чунин як натиҷагирии ҷасурона ва бомавриди ислоҳотгаронае дар мавриди вазъи сиёсиву иқтисодии аморати Бухоро расид ва ба ҷараёни маорифпарварӣ (рӯшангарӣ) асос гузошт. Афкори сиёсиву иҷтимоии маорифпарварӣ аз пайи худ дар шуур ва сифати тафаккур, умуман ва афкори бадеӣ, хусусан, тағйир ба вуҷуд овард, ки муҳимтарин хусусияти он назари воқеӣ ба ҳаводиси иҷтимоии замон ва то чӣ андоза ба манфиати инсон ҷавобгӯ будани он мебошад. Баррасӣ ва таҳлили Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисола» (ё «Таърихча») собит намуданд, ки аморати Бухоро ба як тағийри ҷиддии сиёсӣ ва таҷаддуди маънавӣ ниёз дорад.
Афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш аз ҷониби Шариф Махдуми Муътасим, Исо Махдум, Шамсиддини Шоҳин, Абдулмаҷиди Зуфнун, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Мирзо Ҳаити Саҳбо, Мирзо Азими Сомӣ ва дигарон пайравону тарафдороне пайдо намуд ва бахши мунавварони ҷомеаро бо андеша кашид. Ҳам осор ва ҳам сӯҳбатҳои меҳмонхонагии Аҳмади Дониш барои минбаъд ба арсаи сиёсат ва адабиёт расидани насли ҷавони маорифпарварон сабаб гардиданд, ки бо номи ҷавонбухориён ва ё ҷадидон машҳур мебошанд.
Устод Садриддини Айнӣ ба сифати шахсияти иҷтимоӣ ва адабӣ маҳз дар таҳти таъсири афкору осор ва муҳити маънавие ба воя расид, ки Аҳмади Дониш бунёди онро гузошта буд. Аҳли таҳқиқ бар асоси эътирофи худи устод муайян кардаанд, ки ӯ аз Дониш аз чанд ҷиҳат таъсири ҷиддӣ бардоштааст: аввалан, шиносоӣ ба «Наводир-ул-вақоеъ» назари ӯро ба ҳодиса ва воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии дар аморат вуҷуд дошта ба куллӣ тағийр дод, вай моҳияти он ҳама ақабмондагии иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаро пай бурд ва чашмонаш, ба қавле, кушода шуданд. Ин тағийри сиёсӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии минбаъдаи Садриддини Айнӣ мавқеи муҳимме дошт, ӯ ба сароҳат фаҳмид, ки ин тарзи ҳокимият ва ҷабру зулм, мухолифат ва тундгароӣ дар ҳеч як аз меъёрҳои мазҳабӣ ва инсонӣ мувофиқ намебошанд ва аҳли олам кайҳо аз баҳри ин шакли худсаронаву худкомаи кишвардорӣ баромадаанд.
Сониян, Айнӣ ки дар ибтидои фаъолияти эҷодкорӣ буд (вай нахустин шеъраш «Гули сурх»-ро дар соли 1895 таҳти назар ва маслиҳати Ҳайрат таълиф кардааст, вале таҳриру мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» солҳои 1899/1900 иттифоқ афтодааст), ба хулосае расид, ки ба вақоеъи зиндагӣ бояд мисли Дониш назар карду баҳо дод, яъне аз рӯи дастури ҳодисаҳоро он чунонки ҳастанд дарк намудану қазоват кардан, амал намояд, яъне дар тасвири ҳаёт воқеъгаро бошад. Ниҳоят, дар дили Айнӣ орзуе ҷой гирифт, ки агар ба таълифу таҳрир ҷиддӣ сару кор гирифтан хоҳад, пас бояд мисли Дониш насрнавис шавад. Ба фикри банда ин натиҷагирӣ чи барои Айнӣ ва чи барои адабиёти тоҷики ибтидои асри XX, ки дар таъсири ҳаводиси нави дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайваста аз равиши тоза кор гирифтан мехост, бисёр муҳим буд.
Аслан, ба андешаи инҷониб, ҳарчанд Айнӣ кори эҷодиро бо таълифи шеър оғоз кард, ин ҳамоно натиҷаи нуфузи зиёди шеър дар ҷомеа ва асари суннати шеъргӯӣ дар адабиёти ҳазорсолаи форсу тоҷик будааст. Аз ҷониби дигар, Айнӣ илоҷи дигар ҳам надошт, зеро чи дар мактаби мутавассита (духтаронаву бачагона) ва чи дар замони таҳсил дар мадраса асосан осори бузургони шеър (ҳатто шоирони туркӣ) мавриди мутолиа қарор мегирифт, балки дар кӯдакиаш ба унсе, ки бо Ҳабиба, ин духтари ошиқу шеърдӯст, гирифта буд, бештар мафтуну шайдои ашъори Ҳофиз гардид.
Дар ҳамин замина таваҷҷуҳи Айнӣ ба шеър пайваста ҷиддӣ мегардид ва аз кӯдакӣ орзуи шоир шуданро дар дил мепарварид. Вай дар тарҷумаи ҳоли худ навиштааст, ки пас аз бо чашми сар дидани шоир Исо-махдум ва насиҳатҳои падар дар айни замон саводаш ҳам мебаромад. Зиндагӣ ва хидмат дар ҳавлии Шарифҷон-махдум, ки ҳафтае се шаб дар он ҷо маҳфили шоирон ва мардони зариф баргузор мегардид, дар ҷараёни тақвияти саводи адабии Айнӣ марҳилаи муҳимме мегардад. Вай баъди ин, яъне дар солҳои 1894-1895, гоҳ-гоҳ шеър менавишт ва дар ин айём тахаллусҳои аҷибе низ мисли Сифлӣ, Мӯҳтоҷӣ ва Ҷунунӣ дошт. Шеърҳои дар ин айём эҷод кардааш ҳатто ба худи вай маъқул намеафтоданд ва ӯ онҳоро «пеш аз он ки касе дида бошад, сӯхта нобуд мекард». Аммо шиносоӣ бо Ҳайрат (1878-1902), ки ашъори ӯро ба таври ҷиддӣ нақд кардаву аз вазни арӯз низ ба вай таълим дод, бовари Айниро ба шеърнависӣ тақвият бахшид. Ҳамин тавр, эътироф мекунад устод: «… дар шеър ҳамеша ӯ ба ман устодӣ мекард ва ман аз ӯ бисёр фоида бурдаам… Ман гуфта метавонам, ки баъд аз алоқа пайдо карданам бо Ҳайрат, метавонам худро шоири расмӣ шуморам». Ин эътирофи устод дар бораи худро шоири расмӣ ҳисобидан низ бисёр ҷолиби диққат аст. Дарвоқеъ, аз як шоири комил ва пешрав будани Айнӣ дар адабиёти ибтидои аср ва давраҳои баъдина ҳеч ҷойи шубҳа нест. Шеъри вай дар фанни шоирӣ комил ва аз нақс орӣ мебошад. Имрӯз ашъори ӯ як ҷузъ аз «Куллиёт»-ашро (ҷилди VIII дар Куллиёти понздаҳҷилда ва ҷилди 2 дар Куллиёти нав) ташкил додааст, ки баёнгари заҳмат ва ҳунари вай дар ин риштаи адабӣ мебошад.
Аммо шеъри Айнӣ чи пеш аз Инқилоб ва чи баъди он дорои хусусиятҳои хосе будааст: аввалан, он як андоза баёнгари ҳасби ҳоли муаллифанд; сониян, бештари онҳо бахшида ба шахсе ё воқеаи таърихие эҷод гардидаанд; инчунин, аксаран ин шеъру достонҳо (манзумаҳо) дорои сужет мебошанд; ниҳоят онҳо бо забони сода иншо шудаанд, ки ба қавли худи устод, ин ҳаракати «майлон ба забони омма – забони содаи ҳамафаҳм» як тамоюли муҳим дар шеъри охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба шумор меомад.
Ҳамин тавр, ҳангоме ки сухан аз ташаккули тафаккури бадеии пеш аз инқилобии устод Айнӣ меравад, одатан вайро бештар чун шоир ва омӯзгор тасвиф мекунанд. Ин ба куллӣ дурусту қонунист, зеро дар ин ду ҷода чунонки гуфта омад, Айнӣ намунаҳои зиёд эҷод карда ва кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Аммо ба сабаби он ки мавқеи наср дар фаъолияти индавринаи устод он қадар бузург нест, бинобар ин, мо оид ба ин соҳаи эҷодиёти вай тасаввуроти маҳдуде дорем ва онро камтар мавриди мулоҳиза қарор додаем. Хурсандиовар аст, ки масъалаи мазкур баъдҳо диққати олимони айнишиносро бештар ба худ ҷалб мекард. Дар ин бобат И. С. Брагинский, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Соҳиб Табаров, Л. Демидчик, Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев ва боз хеле дигар аз аҳли тадқиқ мушоҳида ва андешаи ҷолибе баён кардаанд. Ба туфайли мушоҳидаҳои эшон ҳоло маълум гардидааст, ки устод Айнӣ дар гузашта низ осори насрӣ таълиф намуда, дар ин ришта низ соҳиби ҳунари воло будааст ва пайваста маҳораташро дар ин бахш такмил медодааст.
Аммо хоҳ-нохоҳ то ба ҳоло симои Айнӣ пеш аз инқилоб чун шоир ҷилвагар мешавад ва хусусиятҳои эҷодӣ, ҷустуҷӯҳои ғоявию адабии ӯро ба сифати як эҷодкор аз шарҳу баррасии шеърҳояш муайян менамояд. Вале чун ба он гузашта аз мавқеи ҷустуҷӯҳои эҷодии устод пас аз Инқилоби Октябр ва бозёфтҳои вай дар ҷодаи насрнависӣ назар андозем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки майли устод ба ин навъи адабӣ то инқилоб зоҳиран тасодуфӣ менамояду бас, балки аслан табиӣ ва қонунист ва аз ҳама ҷолиб, ба андешеи банда аз сифати муҳимми тафаккури бадеии ӯ ба шумор меояд. Аммо дар байни қисме хонандагон, ҳарчанд кам, тасаввуроти омиёнае вуҷуд дорад ва борҳо чунин саволе ҳам иттифоқ афтодааст, ки гӯиё устод Айнӣ пас аз инқилоб маҳз ба сабаби осон будани кори насрнависӣ ё мушкилии эҷоди шеър ба таълифи асарҳои достонӣ (эпикӣ) гузашта бошад. Дар ин маврид, табиист, ки ба ҳам муқобил гузоштани назму наср, ҳатто авло будани аввалӣ бар дувумӣ ба миён меояд, ки аз ҳайси мантиқ ва назарияву амалияи кори адабӣ хатои маҳз аст. Дар мавриди сабабҳои ба насрнависӣ гузаштанаш устод дар маҷмӯаи «Ёдгорӣ» (1935) худ бо сароҳат навиштааст, ки ҳоҷат ба такрор нест. Дар мулоҳизаҳои мазкури устод масъала дар бораи имкониятҳои ин ду шакли таълифи адабист, на чизи дигар.
Вале аз тарафи Айнӣ якбора навишта шудани асарҳои калонҳаҷми эпикӣ (ҳамосӣ), монанди повесту румони реалистиро дар адабиётшиносӣ нишонаи ҷасорати эҷодӣ ва тавоноии истеъдоди ба худ хоси вай ва тақозои дар шакли мувофиқ ба тасвир гирифтани масъалаҳои муҳимми замони дигаргуниҳои инқилобӣ шарҳ медиҳанд, ки бисёр дуруст аст. Дар айни замон, метавон гуфт, заминаҳои зеҳнӣ ва инфиродии ин корнамоии устод, ташаккули истеъдоди тавонои вай чун насрнавис ҳанӯз амиқу асоснок собит карда нашудааст. Ҳол он ки, ба фикри банда, он пеш аз ҳама, ба кайфияти тафаккури адабии устод ва омилҳои ташаккули диди бадеӣ, ҳунари таҳиягарӣ ва чашми воқеъбини вай иртибот мегирад.
Ин ҳама моро водор месозад, ки масъалаи рӯшан кардани омилҳои майли Айнӣ ба эҷоди наср ва умуман чигунагии ташаккули биниши эпикӣ дар тафаккури адабии ӯро ва куллан сифати аслии тафаккури адабии вай ба андеша равекм. Ҳаминро низ бояд гуфт, ки азбаски намунаҳои насри Айнӣ дар оғози эҷодиёташ хеле кам мебошад ва муносибати нависанда ба ин паҳлуи эҷодиаш аз тарафи худаш низ, ба ҷуз аз як-ду маврид, дар ягон ҷо махсусан ба тафсил шарҳ наёфтааст, бинобар ин, дар исботи қазияи болоӣ мушкилиҳо пеш меояд.
Маълум ки насрнависӣ, хусусан насри реалистӣ, назари майдабин доштан, ҷузъиёти воқеаро ба ёд гирифтан ва тадқиқи ботафсилу ҳамаҷабҳаи манзараҳои зиндагиро тақозо мекунад. Ҳамин тавр, наср заррабинӣ дар ҷузъиёт ва хислати инсон, тасвири пурвусъати воқеаро мехоҳад. Аммо аҳли илм собит кардаанд, ки шеър ҳамеша аз эҳсосоти мушаххас ба сӯи ҷиҳатҳои умумӣ, тавсифу ҷамъбасти ҳиссиёту воқеа ва масъалаҳо ҳаракат дорад. Агар аз ҳамин меъёр майлу завқи устодро ба андеша гирем, пас равшан мешавад, ки дар истеъдоди фитрии ӯ диди эпикӣ, ҷанбаи таҳкия кардан ва тасвиргариву таҷзиякорӣ бештар ва пурқувват будааст.
Дар айни замон, чунонки гуфта омад, фаромӯш набояд кард, ки барои ба арсаи адабиёт омадани Айнӣ мақоми шеър хеле калон аст ва ҳатто маҳз шеър барои ба сифати чун адиби ҳамосӣ ва воқеъбин ташаккул ёфтани ӯ мусоидат кардааст.
Ҳангоме ки устод ба наҳзати маорифпарварӣ гаравид, ҳамзамон дар эҷодиёти ӯ оҳанги публитистӣ боло гирифт, шеъраш низ то рафт моҳияти маърифатӣ ва иҷтимоӣ пайдо менамуд. Айнӣ, ки шахси ҳассосе буд, тамоми умр шеъргӯиро тарк накардааст, он чи ки бо наср гуфтанаш имкон надошт, бо шеър гуфтааст. Зиёда аз он, таъсири шеър ба насри устод Айнӣ кам намебошад. Насри ӯ дар бисёр маврид насри шоирона аст. Ин масъала муҳимму доманадор буда, сазовори гуфтугӯи алоҳида мебошад.
Вале, ба фикри мо, ба чунин ранги ҷиддӣ гирифтани кор нигоҳ накарда, Айнӣ зотан нависандаи насрнавис мебошад. Барои бовар кардан ба ин қазия, пеш аз ҳама, асарҳои тарҷумаиҳолии «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр» ва махсусан «Ёддоштҳо» маводи ҷолиби диққат дода метавонад.
Дар ин асарҳо мо бояд ба доираи андешаҳо ва майлу ҳаваси Айнӣ бештар мутаваҷҷеҳ шавем. Дар ҳар се асари мазкур образи ноқил, асосан, чун мушоҳидачии дақиқбин, муҳокими воқеаҳо ва хислатҳои одамон намудор гардида, аз фаъол будани фикри Садриддини хурдсолу ҷавон шаҳодат медиҳад. Аз онҳо дар бораи ташаккули шахсияти Айнӣ ва тафаккури бадеии вай санад ва далелҳои ҷолиб ва пурарзише дарёфт кардан мумкин аст.
Аз ҷумла, ӯ дар мавриди таваҷҷуҳаш ба Қорӣ-ишкамба менависад, ки ҳарчанд ки аз фикри аз Қорӣ ҳуҷра гирифтан ноумед шуда буд, вале аз таъқиби ӯ рӯ натофтааст, чунки ба мушоҳидаи вай «…ин одам одами бисёр аҷиб менамояд, ин одамро шинохтан ва ҳамаи кирдору гуфторҳои ӯро омӯхтан барои ман, ки табиатан кунҷков воқеъ шудаам, аз ҳуҷра ёфтан ҳам беҳтар аст (таъкидҳо аз мо – А. Н.). Дар ҳар ҳол ман ин одамро то охир таъқиб ва дунболгирӣ хоҳам намуд». Пурсида мешавад, ки ба суханони Айнӣ дар мавриди таваҷҷуҳаш ба шахсияти типии Қорӣ ва таъкидҳои мо бетараф нагузаред.
Ҳангоми мутолиаи «Ёддоштҳо» низ диққати касро, пеш аз ҳама, вусъату фарогии санаду маълумотҳои таърихӣ ва инсонӣ ба худ мекашад. Ин ҷо устод Айнӣ чун донишманди қомусназари (энциклопедисти) зиндагии халқ намоён мешавад ва гумон меравад, ки комёбии мазкур натиҷаи донишу таҷрибаи чандинсолаи муаллиф ва камолоти маҳорати нависандагии вай аст. Аммо ин ҳақиқат низ бебаҳс аст, ки аз «Ёддоштҳо» баробари таърихи ташаккули шахси Садриддин Айнӣ омилҳои рушду камоли вай, доираи завқу ҳавас ва сифати тафаккури ӯ низ маълум шуда меистад. Аз ҳама муҳиммтар, ба фикри мо, устод Айнӣ чун насрнависи баркамол дар ин асараш хостааст омилҳои шакл гирифтани завқи бадеии худро дар ҷузъиёти зиндагӣ, моҳияти масъалаҳо, вусъати вақоеъ, хуллас ба наср майл карданашро ҷуста, инро ҷо-ҷо махусусан таъкид намояд. Бинобар ин, дар «Ёддоштҳо» таҳқиқи ташаккули шахсияти Садриддин ва пайваста рушд кардану қавӣ гардидани майли ӯ ба насрнависӣ, ҳамроҳ бо шакл гирифтани назари ҳақиқатбини вай дар якҷоягӣ сурат гирифта, ҳамдигарро тақвият додаанд.
Мушаххасу аниқ ва вусъатнок будани мавод дар «Ёддоштҳо» гувоҳӣ медиҳад, ки Айнии хурдсол хеле дақиқназару кунҷков, тезбину мушоҳидакор будааст. Агар сухан дар бораи чигунагии назари ӯ ба зиндагӣ равад, пас Садриддин аз хурдсолӣ бо таъсири «падари бузургвораш» ба ҳақгӯӣ ва ростбинӣ одат карда буд. Маълум мешавад, ки аз бачагӣ дар диди зебоишинохтии (эстетикии) Айнӣ назари ҳақиқатбину моҳиятрас ва мушоҳидакор ҷиҳати муҳим будаанд. Ин ҳам муҳим аст, ки дар айни замон Садриддинро олами асрорангези афсонаҳои халқӣ ба худ мафтун карда, шавқи ӯро ба банду басти воқеаҳо ва баёни паёме тавассути он бештар сохтаанд. Айнӣ баъдҳо, дар поёни умраш аҳаммияти таъсири афсонаҳои Тӯта-пошшоро ба завқи бадеиаш ёдовар шуда, ӯро махсусан «дар ҳикоятбандии воқеаҳо устоди аввалини худ» ҳисобида буд.
Бинобар ин, ба наср ва насри калон далерона ва якбора даст задани устод, на танҳо аз тақозои тағйири иҷтимоиву сиёсии давр, инчунин аз қонунмандии дохилии инкишофи диди эстетикии ӯ бояд ба шумор оварда шавад, ки заминаашон достонҳои ишқиву эпикӣ, навиштаҳое чун «Шоҳнома» ва насри ривоятӣ, афсонаву ҷангномаҳои халқӣ мебошад. Ба қавли адабиётшинос Л. Н. Демидчик: «Аз истеъдоди Айнӣ аз ибтидои қалами тасвир ба даст гирифтанаш нишонаҳои нигорандаи эпикӣ ҳувайдо буд».
Дар канори далелҳои болоӣ дар мавриди ба навиштани наср майл кардани Айнӣ боз як ҳодисаи дигари таърихиро низ ба ёд овардан аз фоида холӣ нахоҳад буд. Умуман нимаи дувуми асри XIX давраи шаклгирии назари реалистӣ ва диди воқеъбин ба ҳаёт ва зиндагии иҷтимоӣ буд, ки дар афкори сиёсиву адабии маорифпарварӣ ба таври равшан ба зуҳур омад. Маҳз дар ҳамин вазъияти иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавӣ, чун дар таърихи адабиёти дигар халқҳо, ҳамчунин дар афкори адабии мардуми тоҷик низ, насрнависӣ, хосса насри публитистӣ ва саргузаштӣ хеле қувват гирифта, ба ҷои аввал гузашт.
Бинобар ин, бе ҳеч дудилагӣ гуфтан мумкин аст, ки Садриддин Айнӣ аз бачагӣ табиатан ва дар зери таъсири омилҳои муайян ба як кунҷковӣ ва дақиқназарии хоссае соҳиб шуда буд, ки барои ҳикоябандии воқеаҳои воқеъӣ ва муқаррарӣ замина пайдо мекардаанд. Вале ҳаминро бояд таъкид кард, ки дар Садриддини ҷавон ин ҳама ғайришуур ва хоҳиш ташаккул меёфт. Сонитар, ин сифатҳо, чуноки дар боло қайд намудем, дар зери таъсири осори Аҳмади Дониш, хусусан «Наводир-ул-вақоеъ», ба сурати орзуи эҷодии нависандаи оянда даромаданд. Асари мазкури Аҳмади Дониш қувваи ниҳонӣ ва асосие, ки хоси истеъдоди Айнӣ буд, ба хуруҷ овард ва хоҳиши ӯро барои ба сифати як насрнависи ҳақиқатнигор шудан, қавӣ гардонид.
Акнун Айнӣ ҳамзамон бо эҷоди шеър, ба вазъи иншои насру инкишофи вай ва эҷоди он бетараф набуд. Дар иншои мактуб, нома, ҳикоятҳои хурду бузург қалами худро санҷида, муваффақ ҳам мешуд. Ниҳоят, замони дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ, таваҷҷуҳи ҳаррӯза ба масъалаҳои тағйири иҷтимоӣ ва сарнавишти мардум, иншои осори таърихӣ ва осори публитсистӣ (гоҳномаӣ), ки сабаби ба зинаи нави афкори иҷтимоӣ ва сиёсиву адабӣ расидани ӯ гардиданд, имкон доданд ки назари ҳамосии ӯ ба ҷавлон ояд ва ӯ ба сифати нависандаи воқеъгарои тавоно ва бунёнгузори насри нави модерни тоҷикӣ ба майдони эҷод ворид гардад.
Абдухолиқ НАБАВӢ,
профессор