Андар шинохти ном, номи хонаводагӣ (насаб) ва “лақаб”

Сароғоз ному насаби пурраи ин нобиғаи овозадори тоҷикро ёдрас хоҳем шуд. Ному насаб ва унвону лақабаш бад-ин тартиб аст: Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, мулаққаб ба Шайх-ур-раис, Шараф-ул-мулк, Ҳуҷҷат-ул-ҳақ, муаллими сонӣ ва Ависенна.

Дар ин ҷо вожаи «Абуалӣ» – куният, «Ҳусайн» – номи худаш дар вақти номгузорӣ, «ибн» вожаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ (порсии дарӣ) «писар» ва ё «пур» тарҷума мешавад, «Абдуллоҳ» – номи падараш, «Ҳасан» – номи падари падараш, яъне бобояш, «Алӣ» номи падари бобояш ва «Сино» номи бобои бобояш, яъне чаҳорум ҷаддаш буда, ибораҳои «Шайх-ур-раис», «Шараф-ул-мулк», «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ», «муаллими сонӣ» ва «Ависенна» (Avicenna) лақаб ва унвонҳояш мебошанд. Ҳоло ҳар як аз ин вожаҳоро барои хонандагон ба тафсил шарҳ медиҳем. Ҳамаи ин ному насаб ва унвону лақаб ба ғайр аз яке вожагони арабӣ мебошанд ва кӯшиш мекунем, ки намуди тоҷикии ҳар яке аз онҳоро биёварем ва шарҳ диҳем.

Вожаи «Абуалӣ», ки куният гуфтем, аз ду калимаи арабии «Абу» ва «Алӣ» сохта шуда, маънои «падари Алӣ»-ро дорад, яъне «Абу» (ﺍﺑﻭ) – «падар» ва «Алӣ» (ﻋﻟﻲ) – номи мардонаи арабӣ мебошад, ки маънояш ба забони тоҷикӣ – «бузургворӣ» аст. Албатта, синоними «Алӣ» – «Шараф» ҳам мебошад, лекин, чӣ тавре гуфтем, мекӯшем танҳо намуд ва синоними тоҷикӣ (порсии дарӣ)-и вожагонро шарҳ диҳем. Аз ин рӯ, маънои «Алӣ»-ро ба забони тоҷикӣ «Бузургвор» гуфтан беҳтар аст. Алӣ, ки номи халифаи чаҳорум ва домоди Паёмбари ислом аст, ҳамин маънои «бузургворӣ»-ро дорад. Дар шарҳи кунияти Пури Сино бояд гуфт, ки худи вожаи «куният» ҳам аз арабии «куния» (ﻛﻧﻳﻪ) гирифта шуда, маънояш «номи сохташуда» мебошад ва ин расму одат танҳо хоси мардуми араб аст, ки дигар миллатҳо аз онҳо пазируфтаанд. Куният бештар бо вожагони «аб» (падар), «абу» (падар), «абӣ» (падар), «ибн» (писар, фарзанди мардина), «ум» (модар) ва «бинт» (духтар) сохта мешавад. Масалан, Абу Алӣ, Умми Гулсум ва монанди инҳо. Масалан, дар ин бора ниёгони мо чунин ишоратҳо доранд. «Ва ҳар қавмеро куниятею номе бошад» (Носири Хусрав); «Ман шахсеро дар пеши ӯ бо куният ёд кардам» (Афвӣ) ва ғайра.

Ибораи «Абу Алӣ» («падари Алӣ») дар забони тоҷикӣ якҷоя навишта мешавад, яъне «Абуалӣ» ва («Абу Алӣ») куният гирифтани Пури Сино ҳам маъно дошт, ки аз орзуи худаш ё падараш вобаста ба номи падари бобояш, яъне бобокалонаш иртибот дошт. Бояд гуфт, ки имрӯз ҳам дар забони тоҷикӣ номи бобо ё бобокалон ба фарзандон гузошта мешавад, вале ӯро «Бобоҷон» ном мебаранд, на номи аслиаш гӯшзад мешавад. Дар шимоли Тоҷикистон номи падарро ба фарзанд гузошта, ӯро «Додоҷон» меноманд. Албатта, дар тоҷикӣ инро куният наменоманд, вале муҳтавои гузоштани номи ниёгон бар ояндагон таърихи дароз дошта, дар Эрони Қадим, Юнони Қадим, Рими Қадим ҳам собит шудааст.

Акнун бар шарҳи маънои «Ҳусайн» мекӯшем. Ҳусайн (ﺤﺳﻳﻥ) – номи аслии пури Сино буда, низ вожаи арабӣ мебошад ва маънояш ба забони тоҷикӣ «хушрӯяк», «зебояк» мебошад. Бояд гуфт, ки номҳои Ҳасан (ﺤﺳﻥ) ва Ҳусайн (ﺤﺳﻳﻥ) номи фарзандони ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб буда, барои мусалмонони кишварҳои исломӣ, ба хотири эҳтироми онҳо гузошта мешавад. Номи Ҳусайн, вобаста аз мавқеи ҷуғрофии баъзе минтақаҳои Осиёи Миёна бо тарзҳои Ҳусайн, Ҳусейн, Ҳусен зикр мешавад. Маҳз номи Ҳусайн ҳамчун яке аз номҳои эътиқодии динӣ дар байни мусулмонони саросари ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Барои пурратар дарк кардан ва пайдоиши номҳои Ҳасан ва Ҳусайн ривояти зеринро нақл мекунем. Вақте ки ҳазрати Ҳасан аз ҳазрати Алӣ ба дунё омад, Паёмбар пурсиданд, ки фарзанди маро чӣ ном гузоштаӣ? Ӯ ҷавоб дод, ки номашро Ҳарб гузоштаниам. Ҳарб (ﺣﺮﺏ) вожаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ маънояш “набард”, “ҷанг”, “разм” ва “корзор” мебошад. Маҳз бад-ин мазмун Ҳаким Носири Хусрав гуфаст:

Нест зи баҳри ту бо сипери ҳаво,

Кор магар ҳарбу корзор маро.

Паёмбар фармуданд, ки номи ин писари ман Ҳарб неву Ҳасан аст. Боз вақте ки ҳазрати Ҳусайн таваллуд шуд, боз Паёмбар аз Алӣ пурсиданд, ки ин фарзанди маро чӣ ном гузоштаниӣ? Ҳазрати Алӣ посух доданд, ки Ҳарб. Паёмбар фармуданд, ки номи ин писари ман Ҳарб неву Ҳусайн аст. Вақте, ки сеюм писари ҳазрати Алӣ таваллуд мешавад ва Паёмбар аз ӯ мепурсанд, ки ӯро чӣ ном гузоштаниӣ, ҳазрати Алӣ посух медиҳанд, ки Ҳарб ва боз Паёмбар номи интихобкардаи ӯро тағйир медиҳанд ва мегӯянд, ки номи ин писарат Муҳассин (ба ривояте Муҳассан) (ﻣﺣﺳﻥ) аст, на Ҳарб. Маънои “Муҳассин” – “Сахт” ва “Пӯшида” буда, “Муҳассан” ба тоҷикӣ “Печопечи диз” мешавад, ки онро бо вожаҳои арабӣ “Иҳотаи ҳисор” меноманд. Ва ин ривоят давом дораду пурра овардани он аз ҳадафи мо берун аст. Мақсад аз ин ривоят он аст, ҳазрати Алӣ ҳамчун ҷанговар ва мулаққаб ба “Шери Худо” дӯстдори “разм” (“ҳарб”) будаанд.

Вожаи «ибн» (ﺍﺑﻥ) низ вожаи арабӣ буда, ба забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) – маънои «писар» ва «пур»-ро дорад, ки бад-ин ҷиҳат ному насаби ин нобиғаи тоҷикро ба забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) «Пури Сино» меноманд ва дар бораи вожаи «Сино» поёнтар сухан хоҳем гуфт. Яъне ибораи «ибни Абдуллоҳ» маънои «писари Абдуллоҳ»-ро дорад.

Калимаи «Абдуллоҳ» (ﻋﺑﺪﷲ) аз вожаҳои арабии «абд» (ﻋﺑﺪ) ва «Аллоҳ» (ﷲ) таркиб ёфтааст, ки вожаи «Аллоҳ» дар асл решаи ибрии «Эллоҳ» (אללה) дошта, маънояш ба забони тоҷикӣ «Худо» мебошад, яъне Оне, ки ҳамаи мавҷудот ва коинотро офариду Маъбуди якто аст. Ба ин мазмун дар сарводаҳои ниёгони мо низ баён гардидааст. Масалан, Абушакури Балхӣ дар ин бора чунин гуфтааст:

Сӯйи осмон кардаш он мард рӯй,

Бигуфт, эй Худо, ин тани ман бишӯй.

Аз ин азғҳо пок кун мар маро,

Ҳама офарин з-офаринаш Туро.

Дар ин ҷо вожаи «азғ» калимаи тоҷикии пайдошуда аз решаи паҳлавӣ буда, ду маъно дорад, ки яке «ширеш», «шилм»-и дарахт буда, дигаре «чирки бадан» мебошад.

Маълум гардид, ки калимаҳои «Абуалӣ», «ибн», «Ҳусайн», «Абдуллоҳ», «Ҳасан» ва «Алӣ» вожаҳои арабӣ буда, лекин вожаи «Сино» лафзи арабӣ нест, балки тоҷикист ва онро чунин баррасӣ хоҳем кард.

Бархе аз мардумон гумон доранд, ки вожаи «Сино» дар номи пурраи Абуалии Сино аз калимаи ибрии «Синай» (номи кӯҳ дар Таврот) гирифта шудааст. Аммо ин фикр нодуруст аст. Агарчанде вожаи «Синай» ва ибораи «нимҷазираи Синай» аз вожаи «сина»-и ибрӣ ҳосил шудаанд, дар номи пурраи Абуалии Сино ҳеч иртиботе надорад, ки ҳоло онро баррасӣ хоҳем кард.

Ибораи ибрии הַר סִינַי (кӯҳи Сино) дар Таврот, ки дар шакли юнонии Библия ҳамчун Όρος Σινά (орос Сина) омадааст, дар маконе бо номи «нимҷазираи Синай» дар Миср воқеъ буд. Ҳарчанд бостоншиноси итолиёии яҳудиасос Эммануэл Анати (тав. 14.05.1930) мавқеи «кӯҳи Синай»-ро дар биёбони Шарқи Наздик бо номи «Негев» дар роҳи Исроил ва Миср тахмин кардааст, аммо он ба ҳақиқати хронологӣ ва илоҳиётшиносии ибрӣ созгор нест. Бояд гуфт, ки тибқи анъанаҳои яҳудиён мавқеи дақиқи «кӯҳи Синай» то ҳанӯз маълум нест. Ҳамин тавр, кӯҳи «Синай» ва нимҷазираи «Синай» аз калимаи ибрии «Сина» (на «Сино») ҳосил шудааст ва вожаи ибрии «сина» (שִׂינָה) маъноҳои «нафрат», «бадбинӣ» ва «хашм»-ро дорад. Ин вожа дар забони ибрӣ аз феъли «сана» (שָׂנֵא) ҳосил шудааст, ки тарҷумааш ба забони тоҷикӣ «нафрат дошт», «хор кард», мебошад. Тибқи анъанаи яҳудиён «Синай» номи кӯҳе мебошад, ки бино бар маълумоти Таврот паёмбари Бани Исроил – Мусо бар болои он баромада, бо Худованд роз мегуфт ва Худо ба вай «даҳ аҳком»-и Тавротро маҳз дар кӯҳи Синай бахшидааст, ки ин аҳком баъзан бо номи «аҳкоми Синай» маъруф аст.

Дар анъанаи яҳудиён, махсусан дар заминаи матнҳои мазҳабӣ, вожаи «сина» бештари вақт барои тавсифи нохушнудии шадид ё нафрат ба чизе ё касе, ки ба қонунҳои яҳудӣ ё принсипҳои ахлоқӣ мухолиф аст, истифода мешавад. Масалан, дар Талмуд калимаи «сина» дар робита бо гуноҳ, нофармонӣ ва ё онҳое, ки аз роҳи Таврот гумроҳ мешаванд, омадааст.

Ибораи «кӯҳи Синай» ба ғайр аз Таврот, дар Қуръони карим низ на як бор дучор меояд.

Аммо барои аз сари мақсад дур нашудан бояд гуфт, ки вожаи «сино» (на «сина») дар номи пурраи Абуалии Сино ба вожаҳои ибрии «Синай», «сина» ва «сана» ягон пайвастагие надорад.

Калимаи «Сино» (ﺴﻳﻧﺎ) вожаи паҳлавӣ буда, маънояш «сӯрохкунандаи гавҳар» мебошад. Барои дарки ин маъно мафҳумҳои лингвистии «синоним», «антоним», «омоним» ва «пароним»-ро ба ёд меорем. Дар ин маврид вожаи омоним – вожаҳои якранг, яъне ҳамшакл, вале гуногунмаъно, ба монанди «шона» (асбоби батартиборандаи мӯйи сар) ва «шона» (устухони китф); «гард» (чангу ғубор) ва «гард» (феъли фармоиш гардонидан) ва ғайра.

Мувофиқоии вожаи паҳлавии «Сино» бо вожаи ибрии «Сино» (на «Синай») мантиқан ҳодисаи тасодуфӣ мебошад. Чунин мувофиқоии вожаҳои якранг, вале гуногунмаъноро дар илми забоншиносӣ омоним меноманд. Калимаи «омоним» аз ду вожаи юнонии «омос» (ὁμός) = «якранг» ва «онема» (ὄνυμα) = «ном» ҳосил шуда, мазмуни «якранг» ба маънои «ҳамшакл», вале «гуногунмазмун»-ро дорад.

Паронимҳо вожагоне мебошанд, ки аз рӯи талаффуз ва навишт монанд буда, аммо маъноҳои гуногун доранд. Калимаи «пароним» низ аз вожаҳои юнонии «пара» (παρα) ва «онема» (ὄνυμα) ҳосил шуда, тарҷумаи лафзии «наздик» ва «ном»-ро дорост.

Маълум гардид, ки агарчанде номи худи Абуалии Сино (Ҳусайн) ва падар (Абдуллоҳ)-у ду бобояш (Ҳасан ва Алӣ) номҳои исломии арабӣ бошанд, номи сеюм бобои ӯ – Сино вожаи паҳлавӣ (модари забони тоҷикӣ) будааст. Дар ҳамин маврид номи чанде аз бузургмардони фарҳанги исломиро ба ёд меорем, ки то пазируфтани ислом номҳои эронӣ доштаанд. Масалан, номи аслии Салмони Форсӣ (568 – 657) – Рӯзбеҳ писари Дадое буд. Дар ному насаби пурраи Муҳаммад ибни Мусои Хоразмии Маҷусӣ ҳамчун асосгузори вожаи «алгебра» ҳам калимаҳои Хоразмӣ ва Маҷусӣ вожаҳои эронӣ мебошанд. Ва ё донишмнди дигари форс-тоҷик, ки бештар аз як садсола (107 сол) аз Муҳаммади Хоразмӣ зиндагӣ карда, ҳатто асосгузори мактаби илмии Бағдоди асримиёнагӣ «Байт-ул-ҳикма» («Хонаи хирад») ба шумор меравад ва номашро ҳам дигар накарда буд, Навбахти Аҳвозии Маҷусӣ (676-777) мебошад.

Акнун ба фаҳмиш, яъне маънидоди лақабҳояш Абуалии Сино мекӯшем. Якумин лақаби маъруфу машҳураш «Шайх-ур-раис» (ﺷﻳﺦﺍﻠﺮﺌﻳﺲ) мебошад, ки ин ибора аз ду вожаи арабии «Шайх» (ﺷﻳﺦ) ва «раис» (ﺮﺌﻳﺲ) ҳосил шудааст. Маънои вожаи «Шайх» ба забони тоҷикӣ – «Пир» ва «Пешвои андешаронҳо» буда, маънои вожаи «раис» – «Сардор» ва «Сарвар» мебошад. Яъне ибораи «Шайх-ур-раис» – маънои «Сарвари донишмандон» ва ё «Пешвои андешаронҳо»-ро дорад.

Масалан, Низомии Ганҷавӣ чунин байте дорад, ки ёди он фаҳмиши суханони болоиро тақвият медиҳад:

Дар ин пеша чун пешвои навӣ,

Куҳанпешагонро макун пайравӣ.

Ибораи «Шараф-ул-мулк» низ аз вожаҳои арабии «шараф» (ﺸﺭﻑ) ва «мулк» (ﻣﻟﮏ) ҳосил шуда, ба тоҷикӣ маънои «Обрӯйи кишвар»-ро дорад.

Лақаби дигари ӯ «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ» мебошад, ки низ аз вожаҳои арабии «ҳуҷҷат» (ﺣﺟﺖ) ва «ал-ҳақ» (ﺍﻠﺣﻕ) ҳосил шуда, ба тоҷикӣ маънои «Гувоҳи ростӣ»-ро дорад.

Ибораи «муаллими сонӣ» дар лақаби дигари ӯ аз вожаҳои арабии «муаллим» (ﻤﻌﻟﻡ) ва «сонӣ» (ﺛﺎﻨﻰ) ҳосил шуда, ба забони тоҷикӣ маънои «омӯзгори дуюм»-ро дорад.

Лақаби «муаллими аввал» («омӯзгори якум»)-ро дар оламии исломи асримиёнагӣ донишманди овозадори Юнони Қадим Аристотолис (Арасту, 384-322 п.а.м.) сазовор гардида буд. Лақаби «муаллими сонӣ»-ро ду донишманди овозадори олами ислом – Абунасри Форобӣ (872-951) ва Абуалии Сино (980-1037), соҳиб гардида буданд, ки ҳардуяшон аз ниёгони тоҷикон мебошанд.

Ин буд мухтасар дар бораи ному номи хонаводагӣ ва лақаби Пури Сино.

Абдулҳай Комилӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь