“Ман зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, аз оилаи зиёӣ, ки дар он фазои илму дониш буд тарбия ёфтам. Падари бузургвори ман -Нурулло Азимов номзади илмҳои филологӣ, яке аз олимони шинохтаи ҷумҳурӣ буда, муаллифи зиёда аз 400 номгӯи асарҳои илмӣ буданд.

Барои ҳамин  ман аз паи кори падар рафта соли 1976 ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, бомуваффақият онро хатм кардам. Фаъолияти  кориамро дар мактаби № 48, шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 1984 кор кардам. Ҳамон сол ҳаёти ман марбут ба Конибодом шуд. Ман дар ин шаҳр оиладор шудам ва то ҳол дар ин ҷо зиндагӣ ва фаъолияти корӣ дорам. Аввалан дар мактаби №1, ки шафати Осорхона буд, ҳамчун омӯзгори фанни таърих ба кор шуруъ кардам.  Фикр мекунам, ки омадани ман ба осорхона тасодуфӣ набуд. Бино, ки ба мактаби дар боло зикршуда наздик ки буд, сохтмонаш ба масчид монандӣ мекард. Аввалан аз асри XVII, ҳамчун масҷид- ёдгории меъмории он давра буд, баъдан дар асри XX (аз 07.12.1983)  бинояшро ба осорхонаи кишваршиносӣ супориданд, ки 14 воҳиди корӣ дошт. Аз давраи донишҷӯиам ба омӯхтани таърих, рафтан ба осорхонаҳоро дӯст медоштам. Бинои он қадима буда, яке аз ёдгориҳои таҳрихӣ ба ҳисоб меравад.

Ғаниева Мавҷуда роҳбари онвақтаи осорхона маро ба кор даъват карданд  ва  аз 1 феврали соли 1990 дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Конибодом дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, сармуҳофиз кор кардам. Аз он кас ман хоҳиш кардам, ки  маро ба шаҳри Қӯқанд ба сафари хизматӣ барои боз ҳам хубтар ташкил кардани кори осорхона фиристанд. Таҷрибаи ҳамкасбони ӯзбекамонро омӯхтам. Аввалан гӯшаеро, бахшида ба коркунони давлатӣ барои сохти  подшоҳиро барҳам додан ҷонфидоиҳо кардаанд, ташкил кардам. Дар ин солҳо дар семинару мизҳои мудаввар, конференсиясҳо,  ҳамчун осорхонашинос даъват мешудам. Бо маърузаҳои илмӣ баромад мекардам.  Баъдан  ҳамчун директор кор кардам.  Дар ин вазифа – 27 сол ҳамчун роҳбари осорхона будам. Нигораҳоеро, ки ба шаҳри Конибодом марбут буданд, ҷамъоварӣ намуда, аз Ӯзбекистон ба осорхона оварда, ҳамин тариқ фонди онро пурра кардаам. Баъд аз баста шудани роҳҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкориии мо мутаассифона барҳам дода шуд.

Барои бой гардонидани фонди осорхона кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуд: шумораҳои нигораҳои ҳунарҳои мардумӣ, дар экспозитсия онҳоро ба намоиш гузоштам. Бо занҳои конибодомӣ сӯҳбат карда, аз ҳунарҳои онҳо пурсон шудам. Маълум гашт, ки аксарияти онҳо тоқидӯз будаанд, рӯмолҳо, ҷомаҳо низ омода мекарданд. Модари ман низ ҳунарманд буда, ба ҷомадӯзӣ, сӯзанидӯзиву қуроқдӯзӣ машғул буданд. Агар ин чизҳоро дар хона нигоҳ медоштем, ки инҳоро медид? Аз ин хотир, ҳамаи онро, ҳам аз мероси модарам, ҳам аз туҳфаҳои занҳои Конибодом ва Ашт ба осорхона ва муассисаҳои бахши фарҳанг оварда, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Аз инҳо дар ҷашни Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи Ваҳдат, Истиқлолият  ва барои дигар чорабиниҳо барои ороиши саҳна, ва барои насли оянда нишон додани мероси гаронбаҳои ҳунарҳои ниёгон истифода мебаранд. Мардуми тоҷик аз азал ҳунарманд буданд. Чуноне, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, шаҳри Конибодом, яке аз шаҳрҳои  қадимаи Осиёи Марказӣ буда, дар “Роҳи  бузурги абрешим” ҷойгир буд. Ин гуна шаҳрҳо хеле тараққикарда буданд, аз онҳо тоҷироне мегузаштанд,  ки аз ҳунари заргарон, кандакорон, кулолгарон ва дигарон истифода мебурданд.

Ҳунармандӣ дар он давра хело ривоҷ карда буд.  Аз  ҷумла Ҳокими Фарғона–Саҳлиддин Муҳаммади Бобур – нависанда, сарлашкар, ҳокими вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон аз тамоми саёҳиҳои худ дар китоби “Бобурнома” дарҷ мекард. “Аз шаҳре гузаштам, ки номаш Канд ном дошт ва бодомҳои зиёд дошт”. Маълум мешавад, ки аз асрҳои VII-VIII, аллакай Конибодом вуҷуд дошт. Аввалан Канд баъдан Кандибодом ном мегирад ва рафта-рафта,  мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ тахминан дар асри  XV Конибодом ном мегирад. Аз сабабе, ки табиати ин шаҳр ба парвариши бодому зардолу мусоидат мекард, бодомпарварӣ равнақу ривоҷ гирифта  буд, Аз рӯи ин китоб дар осорхонаи мо расми тасвирии “Тоҷирон вақти харидани бодом дар Конибодом” аз тарафи оилаи Бобохоновҳо тақдим шудааст. Айни ҳол назар ба  бодом-зардолупарварӣ  бештар ба назар мерасад.

Баъд аз нафақа баромаданам, ҳамчун нозири ёдгориҳои таърихии назди Шуъбаи фарҳанги шаҳр таъин шудаам. Чунки ҳамавақта ман бо ин мавзӯъ пайваст будам. Вазифаи ман – фаъолият барои  ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳри Конбодом мебошад. Ҳамаи кор барои ин равона карда шудааст: миқдори онон чӣ қадар аст, таҳқиқи ин ёдгориҳо дар кадом сатҳ қарор дорад, барои олимони ин соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳамаҷониба мадади худро расонам.

Фарзандони ман: Исмоилов Бахтовар – омӯзишгоҳи кишоварзӣ хатм кард, айни ҳол дар яке аз ташкилотҳои сохтмони шаҳрамон фаъолият мекунад; Исмоилова Мавзуна- духтарам хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар Шуъбаи фарҳанг ҳамчун мутахассиси пешбар кор мекунад”.

Ба ғайр аз фаъолияти худаш Муҳаррама Нуруллоева дар корҳои ҷамъиятии шуъбаи фарҳанг фаъолона иштирок мекунад. Аз соли 2003 вазифаи котиби ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом, ки қариб 80% кормандон аъзои ин Ҳизб мебошанд.

Дар амал татбиқ намудани нақшаҳои фарҳангиву сиёсии кишвар Муҳаррама Нуруллоева ба комёбиҳои назаррас ноил гашта,  аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихорномаҳову сипосномаҳо сазовор гардидааст.

Саида Рустамова,

мусиқишинос-корманди пешбари ПИТФИ 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь