Таърихи миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик рангину дурахшон ва мунаввару тобон буда, афзун аз ҳаводисҳои ибратангезу ибратбахш ва пандомӯз мебошад. Дар ҳар як мароҳили он як рӯйдоди нодир ва мулавван рух дода, ки гоҳе боиси фахру сарфарозӣ ва гоҳи дигар мӯҷиби фикру мулоҳиза ва андеша кардан ва аз он ибрат гирифтан мебошад. Тоҷикон, ки дар саргаҳи таърих қарор доштанд, масири пур аз шебу фароз ва пурталотумро раҳ паймуда, бо хислатҳои наҷибонаву некбинона, ақлу заковати дурандешонаву дурбинона ва донишу хиради ҷаҳонгирона мароми созандагию бунёдкорӣ ва ободсозиро пеша карда, давлату империя ва тамаддуни бузург офарида ва гоҳҳо низ, бо амри тақдир ба шикасту рехт ва бохтҳои таърих низ дучор гашта, ин ҳама дороиву сарват ва азамату қудрати хешро аз даст додаанд. Вале, ҷолибияти ин таърих дар он аст, ки тоҷикон дар тамоми мароҳили таърихӣ пайи омӯзишу ҷустори улум ва ба даст гирифтани ҷилави ҳокимият талош карда, мақоми пешсафиро ихтиёр намуданд ва ҳатто, ғолибонро мутеи фарҳангу тамаддуни худ гардониданд.
Бо омадани Аббосиён ба қудрати сиёсӣ ҳузури назаррас ва чашмгири тоҷикон-эрониён дар идора намудани хилофат ва ба даст гирифтари аксари вазоиф ва маснади муҳимми давлатӣ дида мешавад. Нуфузи тоҷикон ва хонадонҳои маҳаллии тоҷикӣ дар низоми хилофат барҷаста гашта, тамоми сохторҳои давлатдориро ба дасти хеш гирифта, халифаҳоро идора мекардагӣ шуданд. Бо овардани пойтахти хилофати Аббосиён аз Димишқ ба Бағдод (наздики харобаҳои пойтахти Сосониён) таъсири тоҷикон ба арабҳо бештар афзуд. Зеро маркази Хилофат дар ҷое қарор гирифт, ки дар онҷо эрониён ҳазорсолаҳо сукунату тамаддунофарӣ ва ҳукуматдорӣ менамуданд. Баъдан, аз ибтидои ба ҳукумат расидани Аббосиён тоҷикон дар баробари онҳо аз ҳар ҷиҳат нуфузи бештар доштанд ва аз ноилоҷӣ ва бар ивази хизмат бахши умдае аз қаламрави Хилофат, яъне Хуросонро ба идораи фарзанди ҳамин сарзамин Абумуслим супурданд. Абумуслим бо донишу хиради хеш беш аз чор сол ҳокими Хуросон буда, дар ин муддат садди роҳи забти хиттаи тоҷикон тавассути чиниҳо гардида, дар як муҳорибаи хунин артиши императории Чинро мағлуб намуд ва аз ин ҳаводис нуфузу эътибораш назди аҳли ҷомеа бозҳам фузун гардид. Иззату эҳтироми ӯ дар назди мардум аз халифа дида бештар шуд ва ин омил, дар дили халифаи замон Мансур тарсро ба вуҷуд овард. Халифа аз хавфу бими он ки Абумуслим тахтро аз ӯ мегирад, ноҷавонмардона фармони қатли вайро баровард ва Абумуслим кушта шуд. Бо куштани ӯ низ нуфузи тоҷикон дар дастгоҳи Аббосиён коста нашуда, баръакс ҳарчӣ бештар меафзуд. Дар баробари Абумуслим, аз тоҷикони Истаравашан Афшин Ҳайдар Истаравшанӣ, ки оиди ӯ А. Мухторов тадқиқ намудааст, чун сарлашкари номдори Аббосиён шуҳрат дошта, дар ҷангу муборизаҳо ба онон дасти мадад расонидааст.
Дар ҳамин давра, нуфузи дигаре аз хонадонҳои тоҷикӣ дар идораи умури Аббосиён афзун гардид. Ин хонадон Бармакиён буда, муддати беш аз панҷоҳ сол дар назму насақ ва саришта намудани кори давлатдорӣ ба авҷи шукуҳу шаҳомат ва қудрат расида, дар идораи хилофати Аббосиён мавқеи калидӣ ва боризро ишғол намуданд. Ин хонадон, ки аз ҷумлаи аҳли маърифат ва донишманд буданд, ҳанӯз дар замони Умавиён исломро мепазиранд ва баъдан, дар лашкаркашиҳо ба Абумуслим мадад расонида, барои расидан ба ҳукумат ба хонадони Аббосиён дасти кумак ва хизмати шойиста мекунанд. Ин омил боис бар он мегардад, ки афроде аз ин хонадон вориди дастгоҳи хилофати Аббосиён гашта, ҷойгоҳ ва нуфузи худро афзун кунанд. Ба қавли Ҷаҳшиёрӣ “Холид ибни Бармак нахустин фарди ин хонадон буд, ки ба дарбори аббосӣ роҳ ёфт ва фармондеҳи бахше аз сипоҳи Абумуслимро ба ӯҳда гирифта, ба иллати тавонмандии молӣ ва идорӣ ва бартарии ақлӣ назари Саффоҳро ба худ ҷалб кард ва халифа масъулияти девони хироҷ ва сипоҳро ба вай вогузор кард”.
Холиди Бармакӣ аз нахустин афроди ин хонадони тоҷикӣ буд, ки ба дарбори Аббосиён роҳ ёфта, бо ақлу дониш, кордонию заковат ва маърифатнокии худ назари халифаҳои аббосиро ба худ ҷалб намуда, ибтидо сардори муҳимтарин девонҳои хилофат – лашкару хироҷ ва сипас ҳокими як қатор вилоятҳо гардида, бо додгусастарии худ назди мардум ҷойгоҳи хосро ба даст овард. Муҳаммад Абдуразоқ Конпурӣ дар китоби худ “Бармакиён: Яҳё, Фазл, Ҷаъфар ва ё дурнамое аз асри тилоии Ислом ва дастгоҳи хулафои Аббосӣ” аз бузургии Холид навишта, қайд мекунад, ки “Холид дар ҳукуматҳои худ бо адл ва дод бо мардум рафтор мекард, шикоётро мавриди расидагӣ қарор медод ва намегузошт, ки ҳаққи касе поймол гардад”. Ин хислатҳои наҷибона ва фазилатҳои инсонияш ӯро бо мардум наздик намуда, соҳибэҳтиром гардонид.
Дар ҳангоме, ки Холид дар вазифаҳои муҳимми давлати қарор дошт, фарзанд ва наберагони ӯ ба маснадҳои умдаи Хилофат мақом ёфта, нуфузи бештарро касб намуданд. Бо халифа гирдидани Ҳорунаррашид мавқеи Бармакиён боз ҳам афзун мешавад, зеро дар хурдияш ӯро Яҳё писари Холид сарпарастӣ намуда, ҳамсараш ба ӯ шир додааст. Аз ин рӯ, Ҳорун Яҳёро “падар” хитоб мекард. Яҳё дар айёми вазирӣ ҳокимиятро ба даст гирифта, муҳимтарин вазоифи давлатиро ба наздиконаш месупорад ва ин нуқтаро Ибни Халдун дар “Муқаддима”-и хеш чунин баён доштааст: “тамоми машоғили муҳим дар дасти хешовандон ва дастпарвардагони Яҳё қарор дошт, ба тавре ки ҳамеша бармакиён муътабартарин машоғили лашкарӣ ва кишвари дарбори Аббосиёнро ба ӯҳда доштанд ва ҳар касро, ки аз онон набуд аз кор дур медоштанд. бузургон барои онон ҳадяҳое мефиристоданд ва эҳтиромоте маъмул медоштанд, ки бештар аз эҳтиромоте буд, ки барои халифа менамуданд… ва онон чунон сарвати дастгоҳи хилофатро дар ихтиёр гирифта буданд, ки халифа ҳам барои гузаронидани умури худ, ночор буд даст ба сӯйи онон дароз кунад”.
Дар замони вазорати Яҳё писаронаш Фазл ва Ҷаъфар, ки аз фазилату хирад ва дониш бархурдор буданд, ба мансабҳои давлатӣ расида, пас аз худи Яҳё вазири хилофат гардида, дар пешрафту нуфузи сулолаи Аббосиён саҳми арзандае гузоштанд. Бояд гуфт, ки “дар миёни вазирони давраи Аббосӣ камтар вазире аз ҳайси тадбир ва доноӣ… сиёсатмадорӣ ва фазоили ахлоқӣ ба пояи Яҳё ва Ҷаъфари бармакӣ расидааст. Ӯ (Ҷаъфар – С.М.) ҳарчанд дар кушодадастӣ ба пояи Фазл бародари бузургтараш намерасад, вале Ҳотами Тойи асри худ буд”.
Нуфузи рузафзун ва ҳарчи бештари Бармакиён ва мақому мартаба ва манзалату эҳтиромии онон назди мардум халифаро ба тарс намудан водор карда, дар пайи ҷустани фурсат ва дасисаи муносиб баҳри нест кардани онҳо иқдом андешид. Ҳорунаррашид дар соли 803 дастури қатли баъзе аз намояндагони ин хонадони маърифатноки тоҷикро бароварда, қисматеро ба зиндон партофта, дар ҳамон ҷо вафот карданд ва ин ҳаводиси талху манҳус ва манфур дар таърих бо номи “Нақбати Бармакиҳо” машҳур аст.
Пас аз саҳнаи сиёсат берун шудани хонадони Бармакиён Аббосиён боз ҳам ночори ақлу хирад ва усули давлатдории тоҷикон гардида, хонадони дигари тоҷикӣ-эронии Саҳлиёнро ба маснади вазорат шинониданд ва онон умури идораи Хилофатро ба дасти хеш гирифтанд. Аз барҷастатарин афроди ин хонадон метавон аз Ҳасан ибни Саҳл, Фазл ибни Саҳл ва дигарон ном бурд. Муаррихон аслу насаби онҳоро ба шоҳони қадима бурда расонида, онҳоро аз Сарахсӣ Хуросон медонанд. Ин хонадон низ аз илму маърифат бархурдор буданд ва ҳамин омил боис бар он шуд, ки халифаи Бағдод онҳоро ба мансаби вазорат ҷалб намояд.
Маъмуни Аббосӣ пирӯзии худро мадюни ду тан аз фарзандони Саҳл, яъне Ҳасан ва Фазл медонист ва ҳамин буд, ки Ҳасан ба ҳокимии шаҳри Бағдод расида, дар таҳаввулотҳои ин давра нақиши муассиро бозид. Тавре ки дар донишномаи озоди форсӣ зикр ёфтааст: “Ҷойгоҳи Ҳасан бини Саҳл ба андозае иртиқо ёфт, ки на танҳо ӯ ва бародаронаш, балки хешовандон ва наздикони онҳо низ дорои нуфуз ва қудрати фаровон шуданд”. Ба нақл аз Ҷаҳшиёрӣ Ҳасан ба раёсати девони хироҷ расида, ду сол иҷрои ин вазоиф намуд ва пасон ҳокими як қатор минтақаҳо таъин мегардад.
Дар замони ҳокими Бағдод будани Ҳасан бародари хурдтари ӯ Фазл дар дастгоҳи хилофат нуфуз ва мартабаи болоро касб мекунад. Ба навиштаи муаллифи “Таърихи Гардезӣ” Абдулҳусайн ибни Заҳок “иртиқои ҷойгоҳи Фазл дар дастгоҳи Хилофат ва алоқаи вофири Маъмун ба ӯ то ҳадде пеш рафт, ки набзи тамоми корҳои давлатиро дар даст гирифт ва тадобираш бекаму кост мавриди мувофиқат ва истиқболи Маъмун қарор мегирифт. Гарчӣ муҳаббати Фазл муддатҳо пеш аз ба хилофат расидани Маъмун дар дили ӯ ҷо гирифта буд ва дар ағлаби умур аз Маъмун ҳарфшунавӣ дошт”. Аз нуфузи бештари Фазл дар дастгоҳи Маъмун бадгуёну нотавонбинон ҳасад бурда, барои коҳиш додани эътибор ва нобуд намудани ӯ назди халифа бадгӯи мекарданд. Худи халифа низ аз ӯ бим дошт. Бинобар ин, фармони қатли ӯро ба маъмурини худ месупурад ва онон Фазлро ба қатл мерасонанд. Маъмун аз тарси он ки мардум шуриш набардорад, қотилонро дастгир ва сари онҳоро аз тан ҷудо намуда, худро аз ин ҳаводис бехабар нишон медиҳад.
Дар ҳамин давра, нуфузи дигар аз хонадонҳои тоҷикӣ дар идораи хилофат афзун мешавад. Ин хонадон сулолаи Тоҳириён буданд, ки ибтидо ба дастгоҳи халифа ворид шуда, пасон аз фурсати муносиб истифода бурда барои истиқлоли Хуросон талош варзиданд ва ба давлати Тоҳириён асос гузоштанд. Тоҳир ибни Ҳусайн пеш аз ҳокими Хуросон гардидан сипаҳсолори Маъмун дар ҷанг бо халифаи вақт, яъне Амин буд. Ӯ бо шикаст додани лашкари Амин ва тасхири Бағдод халифаро аз тахт дур карда, Маъмунро ба Хилофат расонид. Ӯ аз худ шуҷоату далери нишон дода, диққати халифаро ба худ ҷалб намуд. Халифа Маъмун бар ивази хизматҳои Тоҳир ӯро ҳокими Хуросон таъин кард. Тоҳир аз фурсати муносиб истифода бурда, номи халифаро аз хутба бардошт ва ин маънои онро дошт, ки дигар ба халифа итоат намекунад. Маъмун тавассути ҷосусони худ ӯро заҳр дода кушт, вале дигар ҷуръати аз байн бурдани дигар намояндагони сулолаи Тоҳириёнро накард.
Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён, ки аз ҷумлаи хонадон ва давлатҳои тоҷикиянд, тавонистанд, ки мустақилияти сарзаминҳои тоҷикнишинро таъмин намоянд. Аммо, хонадони дигари тоҷикӣ-эронӣ Буваҳиён то он ҷое қудрату нуфуз ёфтанд, ки маркази хилофати Аббосиён шаҳри Бағдодро ба тасарруф дароварда, бо майли худ халифаҳоро иваз намоянд. Ин сулолаи тоҷикӣ нуфузи сиёсии Аббосиёнро пурра аз байн бурданд ва танҳо дар соли 1055 Туғралбеки Салчуқӣ Бағдодро тасарруф карда, нуфузу эътибори халифаҳоро баргардонид. Аммо, пас аз ин ҳаводис низ ба истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ метавон гуфт, ки нуфузи тоҷикон дар хилофати Аббосиён барҷаста буд. Ҳатто, Низомулмулк нафарони ба худ муносибро ҳамчун вазир дар дастгоҳи Аббосиён таъин менамуд ва халифа пеши қарори ин вазири номдори тоҷик чизе гуфта наметавонист.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тоҷикон аз ибтидои ба қудрат расидани Аббосиён то вопасин лаҳзаҳои мавҷудияти он дар низоми умури Хилофат нақши арзишманде дошта, тамоми вазоифи муҳим ва корҳои давлатдорӣ дар дасти онҳо мечархид. Аммо, иштибоҳи тоҷикон дар ин ҳама муддати тӯлони он буд, ки онҳо иттифоқ нашуда, бо вуҷуди доштани қудрат ибтидо барои истиқлол талош наварзиданд ва сипас, пас аз мустақилшавӣ якдигарро бо дасти хеш заиф ва аз байн бардоштанд. Онҳо ба халифаҳо эътимод ва боварии зиёд намуда, гуфтаҳои ӯро аз ҳарчизе боло мегузоштанд ва барои мустақилият кам талош варзиданд. Бо мустақил шудан ҳам, ба иттилои сарчашмаҳо халифаҳо онҳоро бо ҳам ҷанг андохта, якеро тавассути дигаре аз миён бардоштанд. Ҳамакнун, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро зарур аст, ки аз таърих дарси ибрат андӯхта, ҳастӣ ва сулҳу оромии давлатро аз ҳама боло гузоранд, зеро мавҷудияти давлат ва ваҳдату ягонагӣ миллатро ба қуллаи мақсуд мерасонад.
Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,
Самандар МАҲМАДАМИНОВ