Ҳангоме ки Бабрак Кармал канор зада шуд, ба ҷойи ӯ шахсе нишаст, ки чеҳраи сиёсати шӯравӣ дар шакли ниҳоят сахтгир ва махфӣ буд: Наҷибуллоҳ, раиси ХАД – хадамоти амнияти давлатӣ, ки тамоми шабакаҳои ахбори дохилӣ ва пайгирии мухолифинро зери назорат дошт. Ӯ ҳамчун шахси огаҳ, қатъӣ ва босалиқа муаррифӣ мешуд, аммо аз рӯзи аввали қудрат гирифтори мероси фоҷиавии Кармал гардид – ҳукумати беэътимод, миллате дар хашм ва замине сӯхта.
ҲУКУМАТИ НАҶИБ – ПОРАИ НИҲОИИ ПОРЧА
Он чӣ ки бо номи «Сиёсати оштии миллӣ» боз ҳам аз забони Наҷибуллоҳ таблиғ мешуд, воқеан охирин кӯшиши шӯравӣ буд, то берунравии худро аз Афғонистон бо сари баланд ба намоиш гузорад. Шӯравӣ дигар дар гирдоби худ фурӯ мерафт – Горбачёвро мушкилоти дохилӣ, ислоҳоти «перестройка» ва фишори ғарб мағлуб мекард. Ва Афғонистон дигар майдони тафаккури идеологӣ набуд, балки бори вазнини сиёсие, ки бояд партофта мешуд.
Наҷибуллоҳ медонист: ҳифзи қудрат барои ӯ на танҳо масоили сиёсати дохилӣ, балки масъалаи биологӣ – зинда мондан аст.
ҶАНГ БО СОЯҲО
Наҷиб давлати худро дубора созмон дод. Системаи амниятиро тақвият бахшид. Бо раҳбарони қабилаҳо, афсарони муҷоҳидин, рӯҳониён ва ҳатто сиёсатмадорони собиқ гуфтугӯ кард. Ҳадаф як буд: наҷот.
Вале на ҳама омодаи чунин ҷойнишинӣ буданд. Муҷоҳидин, ки аз марги Таракӣ, заҳролудшавии Амин ва шикасти Кармал рӯҳ гирифта буданд, ҳоло медонистанд – неруи Шӯравӣ дар ҳоли хуруҷ аст. Ва Наҷиб, ҳарчанд ботаҷриба ва сахтгир буд, дигар пуштибон надошт.
ШИКАСТ ДАР АБРҲО МЕНИШАСТ
Соли 1989 неруҳои Шӯравӣ Афғонистонро тарк карданд. Наҷиб гуфт: «Ман ҳатто бе Маскав низ метавонам!». Аммо ин танҳо як шиор буд. Аз паси ин сухан дигар чизи воқеие намеомад.
Баъди берунрафти неруҳои шӯравӣ, ҳукумати Наҷиб ба як ҷисми зоҳиран зинда, аммо ботинан мурда табдил ёфт. Хазинаҳо холӣ шуданд. Ҳизб фурӯ пошид. Вилоятҳо як ба як ба дасти муҷоҳидин гузаштанд.
Ва рӯзе расид, ки ҳавопаймои русӣ аз Кобул ба самти Маскав бархост, вале Наҷибуллоҳро бо худ набурд.
ИБРАТНОМАИ ФОҶИА
Баҳори соли 1992 муҷоҳидин ба Кобул расиданд. Наҷибуллоҳ ба қароргоҳи СММ паноҳ бурд. Дар он ҷо чаҳор сол ба умеди афви сиёсӣ ва созиш бо қудратҳои нав зиндонии беманзур гашт – зиндоние бе додгоҳ, бе озодӣ ва бидуни кафолати амният. Аммо таърих боз як гардиши фоҷиавӣ гирифт: соли 1996, вақте ки Толибон – фарзандони нави майдони ҷанг, вале бо шева ва шиддати дигар – бо шиори «ислоҳ» вориди Кобул шуданд, Наҷибуллоҳ ва бародарашро аз паноҳгоҳи СММ берун кашиданд. Онҳо пас аз шиканҷа ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд – ҷасадҳояшонро дар майдони марказии шаҳр ба дор овехта, ҳамчун “ибрат” ба мардум ба намоиш гузоштанд. Ин на танҳо анҷоми сарнавишти Наҷибуллоҳ, балки оғози фасли сиёҳи дигаре дар таърихи Афғонистон буд.
Ҳукумати Наҷибуллоҳ охирин намоиши драмавии як идеология буд. Шикаст хӯрда, танҳо монд. Даҳон пӯшида, ҷон дод. Ва он чӣ аз ӯ боқӣ монд, фақат як ибратнома буд: «Ҳеҷ ҳукумати хориҷӣ барои ҳамеша боқӣ намемонад. Ва раҳбари бе халқ – як ҷасади дирӯзист».
Он чӣ бо наслҳо бо шиору парчам ва ёдгориҳо талқин мешуд, бо як тасвири даҳшатбор аз таноби дор дар майдони шаҳр поён ёфт.
Наҷибуллоҳ, ки мехост бо забони сулҳ гап занад, дар ниҳоят қурбонии забони хомӯши ҷаҳониён ва шиканҷаи бераҳмонаи замон гашт.
ВУРУДИ ТОЛИБОН – ОҒОЗИ ЯК ЗУЛМИ ТОЗА
Он чӣ баъди фурӯпошии ҳукумати Наҷибуллоҳ ба Кобул омад, сулҳ не – оромии қабристон буд. Толибон омаданд, на бо мақсади ободонӣ, балки бо мароми якдилии зӯрварӣ. Пойи аспҳояшон дар кӯчаҳои сангфарши Кобул садои зани афғонро барои солҳо хомӯш кард. Китоб баста шуд. Мактуб сӯхт. Пардаи театру овози сурудҳо хомӯш шуданд. Дар навбати аввал, ханда аз лаби духтари мактабхон ғайб зад.
Толибон Кобулро гирифтанд, вале қалби миллатро нагирифтанд. Онҳо зулм карданд – бо тасбеҳе дар даст ва тӯпе бар дӯш. Фарҳанг барои онҳо бидъат буд. Ҳунар – фисқ. Илм – шубҳа. Ва зани босавод – гуноҳи нобахшиданӣ.
На танҳо ҳокимият, балки нафас кашидани мардум низ таҳти назорат даромад. Толибон як давлати шариатӣ эълон карданд, аммо шариатро чун асое барои шиканҷаи миллат истифода бурданд.
Аз он лаҳза, ки Наҷибуллоҳро дар маркази Кобул ба дор овехтанд, ҷаҳон донист: як чодари нав бар саҳнаи сиёсии Афғонистон овехта шуд – чодаре, ки аз он бӯи тарс ва хун меомад.
СОЯИ АМРИКО, БОЗГАШТИ ИШҒОЛ
Мардуми раҳошуда аз зулми Толибон умед доштанд, ки бо вуруди Амрико ва эътилофи байналмилалӣ рӯ ба рушд меоранд. Аммо Афғонистон боз ҳам ба саҳнаи “ҷанг ба номи сулҳ” табдил ёфт. Амрико бо шиори мубориза бо терроризм ворид шуд, вале зудтар аз он ки Толибон поин рафтанд, пойгоҳи аскарони хориҷӣ бар теппаҳои Кобул бунёд ёфт.
Ин навбат, тӯпу тонкро либоси демократия пӯшониданд. Пешвоёнро интихоб карданд – бо интихоби ғайримардумӣ. Ва давлат сохтанд – бо пули беруна, вале пояҳои ватании суст.
Аз шариати Толиб то демократияи бидуни хирад, мардуми Афғонистон боз ба як таҳлукаи нав гирифтор шуданд. Корвонҳои кумак ворид мешуданд, аммо анборҳои гуруснагӣ холӣ намешуданд. Рақами қурбониёни ҷанг кам намешуд, аммо дурӯғ рӯ ба афзоиш дошт.
ТОҶИКПАРҲЕЗИИ ТОЛИБОН – СИЁСАТЕ БА РАНГИ НАФРАТ
Аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани Толибон дар фазои сиёсии Афғонистон як бӯйи аҷиби маҳрумият, табъиз ва нафрат мечархид. Ва ин бӯй – бархоста аз афкори тундрав ва тафаккури қавмгароёнаи раҳбарони Толибон – бештар аз ҳама ба сӯи тоҷикон мекашид. Чунон менамуд, ки барои онҳо тоҷик будан – гуноҳест нобахшиданӣ.
Толибон ҳанӯз ҳукумати худро мустақар накарда буданд, ки нишонаҳои тоҷикпарҳезии онҳо рӯшан ва ошкор гашт. Забони форсӣ (дар расмият дарӣ), ки тӯли садсолаҳо забони адаб, фарҳанг ва маорифи Афғонистон буд, аз равзанаи мактабҳо ва идораҳо берун андохта шуд. Ба ҷойи он пашту, бо ҳамроҳии як шеваи расмии тундравона, тадриҷан ба забони давлат табдил ёфт. Китобҳо, шиорҳо, таълимномаҳо – ҳама бо забоне буданд, ки на ҳар шаҳрванди ин кишвар онро мефаҳмид.
Сиёсати кадрии Толибон низ як паҳлуи дигари тоҷикпарҳезии онҳоро фош кард. Дар ҳукумату вазоратҳо, дар идораҳои амниятӣ, дар ҳайатҳои музокиротӣ – тоҷикон, ҳатто агар чеҳраҳои варзидаву донишманд буданд, ё ҷой надоштанд, ё дар зинаҳои поёнӣ маҳдуд мешуданд. Бархе ҳатто маҷбур шуданд, ки барои зинда мондан ё гурезанд, ё хомӯш шаванд.
Тоҷикони Панҷшер, ки дар даврони муқовимати муҷоҳидин ва баъдан таҳти роҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд чеҳраи асосии муқовимат буданд, аз аввали ташаккули ҳукумати Толибон ҳамчун душманони ашаддӣ шинохта мешуданд. Бо забони хомӯш, аммо амалкарди ваҳшатбор, Толибон мекӯшиданд, ки на танҳо Панҷшерро шикаст диҳанд, балки рӯҳи тоҷиконро дар он маҳв созанд.
Тоҷикпарҳезии Толибон танҳо сиёсӣ набуд – он фарҳангӣ ҳам буд. Ҷашнҳо, сурудҳо, таърих, номҳои кӯчаҳо – ҳама чизе, ки ранги тоҷикиро дошт, як-як аз байн мерафт. Гӯё як мардуми куҳанбунёд, бо шеъру қаҳрамонӣ ва таърихи сарфарозаш, бояд аз хотираи ин кишвар пок карда мешуд.
Аммо ин сиёсат на танҳо инсонгаро набуд, балки оқибат низ надошт. Миллате, ки чун кӯҳи Ҳиндукуш сабр дорад, вале аз решаҳо об мехӯрад, фаромӯш намекунад. Тоҷикон дар он сатрҳои хомӯши таърих, дар шеъри саргузаштагони худ, дар нидои Аҳмад Зоҳир ва Масъуд ҳанӯз зиндаанд. Ва ин зиндагӣ – посухест ба ҳар зулме, ки мехоҳад онҳоро нобуд созад.
Тоҷикпарҳезии Толибон, дар асл, нобудии эҳтиром ба Афғонистони воқеӣ буд. Зеро Афғонистон бе тоҷик, бе форсӣ, бе фарҳанги Хуросон – танҳо як нақшаи сунъӣ мемонад, на як кишвар.
Шариф Ҳамдампур
Блоки рекламавӣ