Агар ба таърих назар афканем, шоҳиди он мешавем, ки чи басо фарзандони баруманди миллати тоҷик барои истиқлолу озодӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Аз ҷумла, Абумуслими Хуросонӣ низ аз зумраи фидоиён ва ҷонбохтагони ин халқу миллат аст. 

Зиндагинома

Мувофиқи маълумотҳо вай тахминан байни солҳои 719 -723 дар Ҳирот ё Исфаҳон ва ба қавле дар Марв ба дунё омадааст. Номаш аввал Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Ҳайкон (ё  Бухтакон) буда, баъдтар онро ба Абдураҳмон ибни Муслим ва кунияташро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз кардааст. Вай аз ҷумлаи тоҷиктаборони Хуросон буда, дар бораи зиндагиаш то соли 744 маълумотҳо бо вуҷуди кам будан, гуногунанд. Соли 744 ҳамроҳи шахсе бо номи Абусалама мардумро муқобили хилофати Умавиён махфиёна ба мубориза даъват мекунад. Дар он замон натанҳо мардуми эронинажод, балки худи арабҳо низ аз зулми Умавиён ба дод омада буданд ва хилофати онҳоро ғайриқонунӣ ва дур аз арзишҳои диниву дунявӣ медонистанд. Аз ин рӯ даъвати Абумуслимро ба хушӣ пазируфта дар мубориза бо вай ҳамроҳ шуданд. Аз дигар тараф намояндагони хонадонҳои Аббосиён ва Алавиён, ки бо Умавиён душманӣ доштанд аз ин фурсати пешомада, бо мақсадҳои сиёсии худ истифода карданд.

Соли 747 Абумуслим парчами сиёҳи Аббосиёнро бардошта, ба шӯриши озодихоҳиву истиқлолхоҳии мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрон сарварӣ кард. Соли 750 Абумуслим нерӯҳои Умавиёнро шикаст дод ва бо ҳамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Вай ки марди сарбаланду бошараф ва миллатдӯст буд, обрӯву эътибораш дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа рӯз то рӯз боло мерафт. Аз ин рӯ Аббосиён аз шуҳрати рӯзафзуни вай хавф доштанд ва халифаи дуюми Аббосӣ Абуҷаъфари Мансур        ( хилофаташ солҳои  754 – 775) дар пайи нобуд кардани Абумуслим афтод. Аз дигар тараф душманону бадхоҳон ва ҳасудон дар назди халифа ҳар гуна туҳмату бадгӯйӣ мекарданд. Саранҷом  халифа соли 755 Абумуслимро бо ҳилаву найранг ба пойтахти худ даъват карда ба қасри худ бурд ва хоинона ба қатл расонид.

Ин буд ки фарзанди фарзонаи миллат, ки беш аз 35 сол умр надошт, қурбони дасисаҳои сиёсӣ ва туҳмати номардон гардид. Халифа Мансур ин ҳамонест, ки баъди 12 соли қатли Абумуслим фарзанди дигари миллати тоҷик, Чароғи уммат – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) – ро бо баҳонаи напазируфтани мансаби қозиюлқузот ба зиндон кашонида, заҷру озор дод ва ба тарзи мармузе ба қатл расонид.

Мегӯянд таърих баъди садсолаҳо ва шояд ҳазорсолаҳо боз такрор мешавад, ки ин дар ҳақиқат дуруст аст. Айнан сарнавишти Абумуслим, Имоми Аъзам ва инҳо барин ҷавонмардони ватанхоҳу озодихоҳ ва миллатдӯст солҳои 30 – юми асри гузашта бар сари фарзандони халқи тоҷик омад, ки дар натиҷаи ноадолатиҳои замон қурбони хоинон ва душманони миллат шуданд. Дар ин росто қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва садҳо нафари дигар аз равшанфикрону озодихоҳонро номбар кардан мумкин аст, ки бегуноҳ қурбон шуданд.

“Абумуслимнома” – асари қаҳрамонӣ

Абумуслими Хуросонӣ натанҳо паҳлавон, ҷанговари шуҷоъу нотарс, сарлашкари бомаҳорат, балки шахси фарҳангдӯсту ободкор ва аз илму адаб хуб огоҳ будааст. Чуноне ки таърихнигорон вайро ҳамчун ободгари Хуросон тасвир кардаанд ва бинои масҷиди ҷомеъ дар Нишопур, масҷиду бозоре дар Марв, девору бурҷҳои атрофи Самарқанд ва дигар иншоотҳоро ба вай нисбат медиҳанд. Шарқшинос ва таърихнигор  В. В. Бартолд қайд кардааст, ки мардуми Самарқанд таъсисоти оби шаҳрро ба вай марбут медонанд. Ба гуфтаи вай ҳанӯз ҳам яке аз наҳрҳои бузурги Самарқанд “Коми Абумуслим” ном дорад. Аз ин ҷост ки мардуми Хуросон Абумуслимро хеле азизу муътабар дониста, дар васфи вай достонҳо, қиссаҳо ва мадҳияву марсияҳо эҷод кардаанд, ки машҳуртаринашон “Абумуслимнома” мебошад.

Дар ҳама нусхаҳои ин достон офарандаи онро Абутоҳири Тартусӣ (дар баъзе нусхаҳо Тарсусӣ) ном бурдаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо вай ин достонро бо хоҳиши Султон Маҳмуд (ҳукмрониаш 998 – 1030) таълиф кардааст. Аз замони пайдоишаш то имрӯз “Абумуслимнома” яке аз достонҳои машҳури размию паҳлавонӣ буда, мундариҷаи ин асари пурмоҷаро саршор аз воқеаҳои таърихии баёншуда бо обу ранги бадеӣ мебошад. Гузашта аз ин вай ҷолибтарин достонест, ки расму оини мардуми одӣ, муҳити зиндагии онон ва ҳунару ҳунармандиро басо рангин бозтоб кардааст. Дар он дар баробари қаҳрамони асосӣ, ки Абумуслими Хуросонӣ аст, инчунин дӯстони вай –  дигар қаҳрамонон, ки бевосита аз байни халқ баромадаанд, мисли Хурдаки оҳангар, Абутоҳири сайқалгар, Абӯалии дуредгар, Абуҷаъфари гилкор, Исҳоқи кундашикан ва дигар ҳунармандону кишоварзон басо ҷолибу хонданӣ тасвир ёфтаанд. Адолатхоҳиву росткорӣ дар маркази тасвири ин достон ҷой дошта, ҷаҳони рангини ин достон ҷаҳони ормону андешаҳои худи мардум аст.

Маҳмудҷони Абдулаҳад,

омӯзгор ва рӯзноманигор           

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь