Сафири махсуси Президенти ИМА Стивен Уиткофф то ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷониби кишвараш, шашуми август ба Маскав ташриф овард. Ин сафар пеш аз ба охир расидани ультиматуми президент Трамп сурат гирифт, ки мавсуф аз Русия талаб кард, ки то ҳаштуми август амалиёти ҷангиро дар Украина қатъ кунад, вагарна ба таҳримҳо омода бошад.  

Вазифаи Уиткофф, ягона шахс аз доираи наздик ба Трамп, ки шахсан бо президент Путин сӯҳбат мекунад ва ин дафъа ҳам аз ҷониби президенти Русия қабул шудааст, охирин кӯшиши беҳтар кардани муносибати ду кишвар буд, ки ба манфиатҳои на Маскав ва на Вашингтон ҷавобгӯ нест. Яке аз масъалаҳои асосии муҳокимашаванда “сулҳи ҳавоӣ” байни Русия ва Украина аст.

Доналд Трамп ваъда дод, ки музокиротро дар Маскав ҳамон рӯз, аниқтараш шаби 7 август пайгирӣ ва арзебӣ мекунад. Аммо, чун ҳамеша вай пешакӣ  “мулоқотро бисер самаранок”арзёбӣ кунад.

Фиристодаи махсуси президенти ИМА Стивен Уиткофф субҳи рӯзи чоршанбе ба Маскав омад. Сафари панҷуми вай ба Русия ҳанӯз дар охири ҳафтаи гузашта ба нақша гирифта шуда буд, аммо бидуни шарҳу эзоҳ аз ҷониби Вашингтон ба таъхир гузошта шуд. Миссияи Уиткофф дар он лаҳза сурат гирифт, ки то ба охир расидани ультиматуми даҳрӯзаи Президент Трамп, ки талаб кард, амалиёти ҷангӣ дар Украина то ҳаштуми август қатъ карда шавад ё барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи шариконаш омода бошад, ду рӯз монда буд. Аз як тараф, бо фиристодани намояндаи худ ба Русия,  Доналд Трамп нишон дод, ки қарори тарифҳои 100-фоизӣ барои шарикони Русияро ниҳоӣ ва бебозгашт намешуморад. Истисно намекунад, ки дар лаҳзаи охирин бо Маскав созишномаи нав ба даст оварда мешавад. Чунин созишнома дар сурати муваффақияти Уиткофф дар Маскав метавонад ба президенти ИМА имкон диҳад, ки вазъиятро бозпас гирад ва аз ҷорӣ кардани таҳримҳои эълонкардаи худ канорагирӣ кунад ё онҳоро ба мӯҳлати дертар ба таъхир гузораду онро ҳамчун пирӯзии сулҳҷӯёнаи худ дар низоъи Украина тафсир кунад.

Аз тарафи дигар, сиесатмадорон, коршиносон ва расонаҳои ғарбӣ дар арафаи омадани Уиткофф ба Маскав кӯшиш карданд, ки вазъиятро барои Русия ва шарикони он то ҳадди имкон эҳсосӣ пешниҳод кунанд. Дар тавсифи он рӯзномаи Financial Times бо истинод ба манбаи худ ҳушдор дод: “Агар Уиткофф бо дасти холӣ баргардад, Трамп ба ғазаб меояд”.

Хадамоти матбуоти кохи “Сафед” рӯзи гузашта тасдиқ кард, ки президент Трамп “агар Путин розӣ нашавад, ки ҷангро қатъ кунад, таҳримҳои шадид ҷорӣ мекунад”.

Рӯзи ҳалкунандаи музокироти фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Маскав ҳеҷ гоҳ ба саволи он ки “оё рисолати ӯро муваффақ ҳисоб кардан мумкин аст ва ба кадом қарори ниҳоӣ раиси кохи “Сафед” – ро водор мекунад, посухи ниҳоӣ надод. Дар пойтахти Русия пеш аз мулоқот ва пас аз се соати мулоқот бо президент Путин дар Кремл, худи  Уиткофф  ба матбуот чизе нагуфт. Сафар дар шароити ором ва ҳатто зоҳиран бетаъсир сурат гирифт. Дар натиҷа, расонаҳо ва таҳлилгарон ишораи мушаххас нагирифтанд, ки оё ин хомӯшӣ пеш аз тӯфони нав дар Вашингтон аст е нишонаи он, ки ҳалли нав, бигзор қисман, боиси паст шудани муносибатҳои ду давлат мешавад.

Аввалин шахси расмӣ дар фурудгоҳи “Внуково-2”  бо Стивен Уиткофф вохӯрд, роҳбари хазинаи сармоягузории мустақими Русия, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ Кирилл Дмитриев буд, ки  ҳарду аз гуфтушунидҳои қаблӣ бо ҳам хуб шинос буданд.

Пас аз он ки ҳавопаймо бо фиристодаи махсуси президенти ИМА Bombardier global 7500, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Форт-Лодердейл-Голливуд парвоз карду дар Маскав фуруд омад, кортежи ҳукуматӣ ба боғи Пойтахти “Зарядйе”рафт. Дар ин ҷо, пеш аз гуфтушуниди ҳалкунанда бо Владимир Путин, Стивен Уиткофф дар тӯли якуним соат бо Кирилл Дмитриев дар тарабхона наҳорӣ хӯрд, сипас дар боғ сайругашт кард ва ҳатто ба тамошои болои дарёи Маскав, ки ба Кремл, калисои Василии Муборак, калисои Исои  Масеҳ назар мекунад, баромад.

Тавре хабарнигори “РИА Новости” хабар дод,  Дмитриев ва Уиткофф дар боғи “Зарядйе” сӯҳбати ҷиддӣ доштанд. Дар ҳамин ҳол, пас аз анҷоми қисми аввали барномаи сафари худ, ки аз ҷониби Русия омода карда шуда буд, Стивен Уиткофф ба мулоқот бо Владимир Путин дар Кремл, ки дар ҳуҷраи намояндагии корпуси якум баргузор шуда буд, рафт.

Пеш аз оғози сӯҳбат Президенти Русия ва фиристодаи махсуси президенти ИМА ба ҳамдигар табассум карданд, даст ба даст гирифтанд ва чанд ибораро бе тарҷумон радду бадал карданд.

Дар вохӯрӣ дар Кремл ёвари Владимир Путин Юрий Ушаков ва Кирилл Дмитриев ҳузур доштанд.

Натиҷаҳои аввали сӯҳбатро дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон, Ушаков ҷамъбаст кард, ки сӯҳбатро дар Кремл “бисёр муфид ва созанда”номид:

“Агар мо мавзӯъҳоро номбар кунем, пеш аз ҳама, албатта, ин  Украина аст. Ва мавзӯи дуввум дурнамои рушди эҳтимолии ҳамкориҳои стратегӣ байни ИМА ва Русия аст” – гуфт ёвари Президенти Русия. Бо вуҷуди ин, ӯ  ишора кард ки  тӯб ҳоло дар тарафи Президенти ИМА аст: “Ҳоло вазъ чунин аст, ки Президенти мо маълумоти пурра  дар бораи қазия дорад. Ба Трамп ҳанӯз дар бораи натиҷаҳои ин мулоқот хабар дода нашудааст. Аз ин рӯ, ман аз шарҳҳои муфассалтар худдорӣ мекардам. Биеёд бубинем, ки кай Уиткофф метавонад дар бораи сӯҳбати имрӯза ба Трамп хабар диҳад. Пас аз ин, албатта, мо метавонем шарҳҳои моро ба таври назаррас пурра кунем”, – шарҳ дод Юрий Ушаков.

Кирилл Дмитриев бошад, изҳори хушбинӣ кард:

 “Дар якҷоягӣ бо ёвари Президенти Русия Юрий Ушаков дар мулоқоти Президенти Русия Владимир Путин ва фиристодаи махсуси президенти ИМА Стивен Уиткофф иштирок кардем. Муколамаи созанда байни ИМА ва Русия идома дорад ва барои амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳ муҳим аст” – гуфт ӯ дар Канали Telegram— и худ ва изҳори боварӣ кард, ки “муколамаи сулҳ пирӯз хоҳад шуд”.

Бо вуҷуди он ки аз натиҷаи гуфтушунидҳо дар Кремл ҳарду ҷониб тафсилоти кадом ташаббусҳо ва ишораҳои муқобилро ошкор накарданд, агентии Bloomberg рӯзи гузашта хабар дод, ки Маскав имкони пешниҳоди “сулҳи ҳавои”-ро ба Украина баррасӣ мекунад, ки қатъи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳоро дарбар мегирад, аммо амалиёти ҷангиро пурра қатъ намекунад.

Тибқи иттилои оҷонсӣ, Маскав метавонад ба ин пешниҳод розӣ шавад, ба шарте ки Киев низ онро риоя кунад. Бори аввал дар бораи “сулҳи ҳавоӣ” президенти Белорус Александр Лукашенко сухан ронд. 1 август дар мулоқот бо Владимир Путин дар ҷазираи Валаам ӯ изҳор дошт:

“Ман ба наздикӣ бо амрикоиҳо вохӯрдам ва ин мавзӯъро ошкоро гуфтам. Шумо ба Президенти худ гӯед, ки ин корро бодиққат анҷом диҳанд ва шумо метавонед ба ин мувофиқа кунед. Ман мегӯям: “Русия ба ин манфиатдор аст ва президент Путин. Аммо шумо инро намехоҳед.

Ба Зеленский бигӯед, ки ин корро бикун, то ин ки ин ҳавопаймоҳо набошанд ва ба сари одамон бомба напартоянд”, – гуфт Александр Лукашенко. Пас аз он ки фиристодаи махсуси Амрико Маскавро тарк кард, хабарҳо пайдо шуданд, ки пеш аз мулоқоти худ, ки соати 23:30 ба вақти Маскав ба нақша гирифта шуда буд, Доналд Трамп бо президенти Украина Зеленский сӯҳбати телефонӣ хоҳад кард. Ба назар чунин мерасад, ки пас аз ин сӯҳбат президенти ИМА қарори ниҳоиро дар бораи он, ки қадами навбатии ӯ чӣ гуна хоҳад буд, қабул мекунад.

Бо вуҷуди ин, Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social ба мулоқоти дар Маскав баргузоршуда баҳо дода, онро “бисёр самаранок”номид. “Ҳама розӣ ҳастанд, ки ин ҷанг бояд хотима ёбад ва мо дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда барои мулоқоти рӯ ба рӯ кӯшиш хоҳем кард. Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон ба ин масъала “- навиштааст ӯ.

Сергей Строкан,

“Комерсантъ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь