Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мақолаи Маҳмадалии Раҷаб таҳти сарлавҳаи «Ҳамсари хиёнаткорам писаронамро нишон намедиҳад», ки дар рӯзномаи «Фараж» аз 27 майи соли 2025, №22(963) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Аз мақола бармеояд, ки муаллиф бинобар сабаби барҳамхурии оила ба суд нисбат ба ҳамсараш вобаста ба баҳси муқаррар кардани ҷои зисти фарзандон муроҷиат кардааст.

Дар маҷлиси судӣ Маҳмадалии Р. тасдик кардааст, ки ӯ барои дидорбинии фарзандони ноболиғаш бо модарашон монеагӣ мекунад ва розӣ нест, ки онҳо дар тарбияи модари худ бошанд.

Дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон аз 28 марти соли 2024 суд бо дарназардошти ҳулосаи мақомоти васоят ва парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷойи зисти кӯдакони ноболиғро бо модарашон муайян кардааст.

Парвандаи мазкур дар асоси шикояти кассатсионии Маҳмадалии Р. дар марҳилаи кассатсионии суди вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди вилояти Хатлон аз 11 июни соли 2024 ҳалнома бетағйир, шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст. Сипас, муаллифи мақола 11 июли соли 2024 бо шикояти назоратӣ ба суди вилояти Хатлон муроҷиат кардааст ва бо таъиноти суд аз 31 июли соли 2024 ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он ба суди марҳилаи назоратӣ рад карда шудааст. Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 365 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шаҳсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон, ки агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикояти назоратӣ ва прокурори дар парванда иштирокдошта эътирози назоратӣ пешниҳод карда шавад.

Дар сурати бо санадҳои судӣ норозӣ будан, шахсони манфиатдор метавонанд бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олӣ шикоят пешниҳод намоянд.

Тағозода А.С., – Муовини Раиси Суди Олии ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь