Прокуратураи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд муроҷиати сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Патар, деҳаи Сафедорак, шаҳрванд Мамадҷонов Н.Э., – ро ки тавассути ҳафтаномаи “Фараж” аз 1 майи соли 2025, таҳти 18 (959) ба табъ расида буд, мавриди санҷиш қарор дод.

Қобили қайд аст, ки муроҷиати мазкур дар якҷоягии бо мутахассисони Кумитаи идораи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, муайян гардид, ки шаҳрвандон Ҳамдамова Барно, Турсунов Икромҷон, Раимов Қурбонбек, Тоҷиев Улуғбек, Исоев Музаффар, Рӯзиев Аббос ва Ҳоҷиматов Мӯмин амволи ҶСШК “Ассор”и шаҳри Конибодомро харидорӣ намуда, минбаъд самти истифодабарии қитъаи заминро дигар ва ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо қарори раиси шаҳр вобаста кардаанд.

Бо назардошти он, ки қарори қабулнамудаи раиси шаҳр хилофи талаботи моддаи 9 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13-и Қоидаҳои тартиби аз як гуруҳ ба гуруҳи дигар гузаронидани заминҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 таҳти №570 буда, ғайриқонунӣ аз як гуруҳ ба гурӯҳи дигар гузаронида шудааст, ба он эътироз оварда шуд.

Ғайр аз ин, ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ ба шаҳрвандон Ҳоҷиматов М. ва Ҳамдамова Б. тасдиқи худро ёфта, барои бекор кардани қарорҳои раиси шаҳр эътироз оварда, нисбати мутахассисони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Конибодом Эркаев Д.Б. ва Рӯзиматов К.Ҷ. ва дигарон бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, зимни пешбурди тафтиши пешакӣ алоқамандии дигар шахсон, аз ҷумла Воҳидзода Д. ба ҳолати ғайриқонунӣ додани қитъаи замин санҷида мешавад.

Орифзода П.Р., Прокурори шаҳри Конибодом,

мушовири давлатии адлияи дараҷаи  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь