Салом ман як омӯзгорам, як омӯзгоре, ки ҳамеша мехоҳам хизматам ва илмам ба ҳамин фарзандҳои имрӯза расад, лекин имрӯз мутаассифона вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро дидам, ки касб ва шарафи Омӯгор аз тарафи блогер бо номи Зебест паст зада мешуд, бисёр зиқ шудам Аз Шумо мехоҳам ҳамин суханҳои маро ба саъми мардум ба саъми блогерон расонед!
Ман ин суханҳоро на танҳо аз номи худ, балки аз номи ҳамаи омӯзгорон ва ба ҳурмати он омӯзгороне, ки имрӯз зери хоканд, мегӯям.
Мо аслан як омӯзгорем! Ҳамоне, ки имрӯзҳо номи касбаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ масхара мешавад.
Шояд ҳамон касе ки бо ҳазлу шӯхиҳои як Блогер мавриди ханда қарор гирифтааст.
Аламовараш дар он аст, ки вақте аввалин бор мактаббача ба мактаб меояд, қаламу дафтарро дуруст доштаву истифода бурда наметавонад, ҳарфҳоро хуб намешиносад ва намедонад, омӯзгор мисли фарзандони худ ба вай таълим медиҳад то инсони комил ба воя расад. Аммо вақте бузург мешавад, баъзеи онҳо ҳамчун ҳамин блогер беэҳтиромӣ ба омӯзгорон мекунанд, гуё омӯзгор соҳиби ҳеҷ чиз набуд ва нест:
Лекин бояд фаромуш накунем, ки омӯзгор низ як инсон аст!
Шояд баъзе ҳо тасавур карда наметавонанд, ки мо омӯзгорон баъзан бо чашмони пуроб ба хона бармегардем, на аз хастагӣ, на аз дарси душвор, балки аз бетафовутии ҷомеъа.
Аз оне, ки садои омӯзгорро дигар кам кас мешунавад.
Аз оне, ки як видеои ҳазломез метавонад обрӯеро, ки омӯзгор солҳо ба арақи ҷабин ба даст овардааст барбод диҳад
Ман намехоҳам ин блогерро маҳкум кунам. Ман танҳо мехоҳам, ки бидонанд, ки шахсияте чун блогер, ки имрузҳо пайгирҳои зиёд доранд, метавонад муҳофизи омӯзгор бошанд на муқобили Ӯ. Зеро омӯзгор буд, ки ҳар яки мо имрӯз ҳарф мезанем ва мавқеи худро дар ҷомеъа соҳиб мешавем!
Дар баробари ин суханҳо муроҷиате дорам ба масъулини муҳтарам, ки ҳаққи ҳимояи омӯзгор ба зиммаи онҳост!
Агар имрӯз омӯзгорро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқир мекунанд, сабаб дар он аст, ки мо шаъну шараф ва эҳтироми омӯзгорро ҳифз ва қадр накардем.
Омӯзгор аз Шумо паноҳ намехоҳад, балки қадршиносӣ мехоҳад.
Омӯзгор унвон намехоҳад, Эҳтиром ва дастгирӣ мехоҳад!
Мо умед дорем, шояд рӯзе биёяд, ки кӯдаке дар кӯча омӯзгорро бубинад ва бо ифтихор бигӯяд “Ин ҳамон шахсе аст, ки миллати маро месозад”.
Дар охир хоҳиш менамоям Омӯзгорро таҳқир накунед.
Он аст, ки мо имрӯз бо забони Ӯ менависем !!!
Салимов Амирҷон, омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Муъминобод
(Аз саҳифаи Каримзода Фирӯз Миралиён)