Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, № б22 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати Иноятова С.М., ки дар рӯзномаи «Фараж» аз 15 майи соли 2025, № 20 (961) зери сарлавҳаи «Дод аз дасти «Тоҷпромбанк» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар муроҷиаташ шаҳрванд Иноятова С.М. аз он шикоят кардааст, ки соли 2004 шавҳараш Иноятов Изатулло Амонуллоевич ва бародари Ӯ Иноятов Раҳматулло Амонуллоевич ҶДММ «Анушервон»-ро таъсис дода, мақсад доштаанд, ки дар пешрафти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта, ба шаҳрвандон ҷойҳои корӣ муҳайё созанд. Аммо шавҳараш Иноятов И.А. аз соли 2007 таҳти таъсири собиқ директори ҶСП «Тоҷпромбонк» Зиёев Ҷамшед монда, охирин дар асоси схемаи маъмулии қаллобонаи бонкӣ моликияти ҶДММ «Анушервон»-ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, ба онҳо зарари махсусан калонӣ моддӣ расонидааст. Шавҳараш Иноятов И.А. аз ин ҳолат ғамгин ва ба беморӣ дучор шуда, соли 2019 вафот намудааст. Сипас аҳли оилаи онҳо оиди баргардонидани моликияти ҶДММ «Анушервон», нисбати ҶСП «Тоҷпромбонк» дар шахсияти Зиёев Ҷамшед ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд ва соли 2024 аз ҷониби суди мазкур аризаҳояшон оиди беэътибор донистани созишномаҳои ҳаққи дасткашӣ ва баргардонидани моликияти хусусӣ бинобар гузаронидани муҳлати даъво ғайриқонунӣ рад карда шудааст.
Ҳамзамон дар муроҷиати Иноятова С.М. дарҷ гардидааст, ки муфаттиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати лаҳзаи ҷиноят дар хусуси аз ҷониби Зиёев Ҷамшед азони худ кардани 18 адад автомашинаҳои сабукрави аз шаҳри Дубай ба ҶДММ «Анушервон» ирсолгардида, ки онҳо моликияти хусусии шавҳараш будаанд, то ҳол ягон чораандешӣ накарда, ин масъала то ҳол ҳалли инҳоии худро наёфтааст.
Хоҳиш намудааст, ки барои баррасии қонунии масъалаҳон мазкур мусоидат карда шавад.
Тавре аз ҳолатҳои дар боло қайдгардида бармеояд, масъалаҳои дар муроҷиати Иноятова С.М. дарҷгардида, мавриди баррасии судҳои умумӣ қарор нагирифтаанд, зеро онҳо ба ваколати судҳои иқтисодӣ ва мақомоти тафтиши пешакӣ мансуб мебошанд.
Мутобиқи талаботи моддаи 271 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии марҳилаи якум ба коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодӣ, оид ба қарорҳои коллегияи марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодӣ – ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурин Тоҷикистон шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод карда мешавад,
Аз амали муфаттиш ва дигар кормандони мақомоти тафтишотӣ бошад тибқи талаботи фасли 7 – и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурори маҳалли тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ё прокурори болоӣ шикоят кардан мумкин аст.
Бо дарназардошти меъёрҳои мурофиавии дарҷгардида муаллифи муроҷиат метавонад тибқи қонунҳои дар боло зикргардида, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намоянд.
Тағозода А.С., муовини раиси Суди Олии ҶТ