Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо тариқи оилаи нилгун доимо мебинем, ки   Шумо мансабдорони мақомотҳои қудратиро барои беадолатона дида баромадани арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавриди муҳокима қарор мегиред. Ман низ  яке аз ин шаҳврандон мебошам, ки аз чунин беадолатиҳо ба дод омада,  барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба унвонии Шумо муроҷиат намоям ва танҳо такя ба Шумо дорам.

Вобаста ба ин масъала мо аз соли 2023 то инҷониб ба  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба муроҷиат намуда будем, вале ҳамаи онҳо пуштибони Зиёев Ҷ. буда, ба муроҷиатҳои мо ва ваҷҳои  раднашавандаи мо умуман диққат намедиҳанд, аниқтараш намехоҳанд.

Ман дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфта, дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯрави ба шаҳрванд Иноятов Изатулло Амонуллоевич ба шавҳар баромада дар ҳамин ҷо бо фарзандонам истиқомат намуда истодаам. Марҳум шавҳарам соли 2004 бо бародараш Иноятов Раҳматуло Амнуллоевич  ҶДММ ”Анушервон” таъсис дода, дар  пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи худро гузошта буданд, лекин як қаллоб Зиёев Ҷамшед Азизович, собиқ директори ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк», ки аз дасти ӯ  бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон фиреб хӯрда  зарарҳои  махсусан калони молиявӣ дида буданд, ба оилаи мо аз соли 2007 инҷониб мусибатҳои калон расонида истодааст, ки ягон мақомот то ҳол ба доди мо намерасад.

Соли 2018 нисбати Зиёеӣв Ҷ. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз гардид ва ин парвандаи ҷиноятиро муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим Нуъмозода З. мавриди тафтиш қарор дода буд. Парвандаи ҷиноятии мазкур дар асоси аризаҳои зиёда аз 200 нафар ба мисли мо ҷабрдидаҳо ва хулосаи сармутахассиси калони палатаи ҳисоб Ҳалимзода Ҷ. оғоз карда шуда буд.  Мо низ то ин муддат барои баргардонидани моликияти бо роҳи қаллобӣ ва ғайриқонунӣ аз мо гирифта азони худнамудаи Зиёӣв Ҷ ба мақомтҳои гуногун давутоз доштем, ва аз ин иқдоми Прокуратураи генералӣ хурсанд шуда, баҳри ғалабаи  ҳақиқат  бо умед, нисбати Зиёев Ҷ. ариза навиштем, то ин ки аризаи моро низ дар қатори дигар ҷабрдидаҳо бо ин парвандаи ҷиноятӣ якҷоя тафтиш намоянд. Бинобар сабаби он ки  санҷиши молиявиро нисбати Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш  сармутахасиси Палатаи ҳисоб Ҳалимзода Ҷ. ба ӯҳда дошт  дар асоси қарори Прокуратура ва аризаи мо санҷиши молиявӣ гузаронида, хулосаи худро дар ҳаҷми 15 варақ ва замима дар 119 варақ бо  далелҳои раднашаванда оиди гунаҳгории Зиёев Ҷ. дар ҷинояти қаллобӣ ба муфаттиш Нуъмонзода З. пешниҳод намуд. Нуъмонзода З. парвандаи ҷиноятиро нисбати Зиёев Ҷ. соли 2019 ба итмом расонида,  бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд, вале оиди ҳолати ҷинояти қаллобии Зиёев Ҷ. нисбати  мо содирнамудаи Зиёев Ҷ. тафтиши парвандаи ҷиноятиро бар хилофи талаботи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра, холисона ва ҳаматарафи набурда, онро яктарафа тафтиш намуда, ба ваҷҳои овардаи  сармутахассис Ҳалимзода Ҷ. ва мо алалхусус  гузаронидани ташхиси хатшиносӣ ва дигар ваҷҳои мо  умуман баҳои ҳуқуқӣ надода, оиди ин ҳолат қисми парвандаи ҷиноятиро қатъ намуда ба мо  ҳамчун баҳси суди  фаҳмондадиҳӣ намуд. Маҳз аз бесалоҳиятӣ  ғаразнокӣ ва пуштибонии муфаттиш Нуъмонзода З. қаллоб Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш оиди ҳолати  ҷиноятии қаллобиаш нисбати мо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ  дур ва озод шуд.

Шавҳарам Иноятов И. соли 2019 вафот намуда, ман  фарзандонамро то ҳол бе шавҳар бо душвориҳои зиёди иқтисодӣ тарбия намуда истодаам.

Дар ин ҳолат  қайд намудан ба  маврид аст, ки зимни  давутози мо ба  мақомоти  қудратӣ, алалхусус ба Прокуратураи генералӣ мо тасодуфан охирҳои соли 2023 ба мо монанд ҷабрдида, айнан ба ҳолати мо монанд ҷинояти содирнамудаи Зиёев Ҷ. шаҳрванд  Ҳотамов Илҳом Шарбатовичро вохӯрдем. Ӯ иброз намуд, ки айнан ба ҳолати мо монанд Зиёев Ҷ. ва ҳамаслаконаш ӯро фиреб дода, амволи  багаравмондаи худро ба маблағи зиёда аз як миллион доллари ИМА дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия,  Зиёев Ҷ. ба номи фарзанд ё падари худ бо роҳи қаллоби ва тасарруф  тариқи нотариалӣ ҳуҷҷатгузори намуда, баъдан  онро ба дигар шарванди Федератсияи Россия  бо нархи гаронтар фурӯхта, маблағҳои онро азони худ намуда ба манфиатҳои шахсии худ ва наздиконаш сарф намудааст. (диққат диҳед Зиёев Ҷ. ба ҳамин монанд шаҳрвандонро фиреб дода ҳатто дар шаҳрҳои Федератсияи Россия ва шояд дар шаҳрҳои Дубай ва дигар минтақаҳои ҷаҳон  моликиятҳои бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда дорад).

Хуллоса,  баъди аризаи шаҳрванд Ҳотамов И.Ш. нисбати Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш  бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванадаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онро ҳамон муфаттиш Нуъмонзода Ҷ. тафтиш бурда, баъди аз ҷониби наздикони Зиёев Ҷ. барқарор намудани зарар, яъне пешниҳод намудани моликият бо чунин арзиш аз вилояти Суғд (боз диққат диҳед ҳатто дар вилояти Суғд низ Зиёев Ҷ. моликиятҳои шахсии бо роҳи қаллобӣ ба даст оварда дорад) парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ бо моддаи 295 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шуда, бо сабаби тағйир ёфтани вазъият нисбати Зиёев Ҷ. тахминан моҳҳои сентябри соли 2023 қатъ карда шуда, Ҳотамов И.Ш. зарарҳои аз ҷониби Зиёев Ҷ. ба ӯ раонидаашро бо дастгирии Прокуратураи генералӣ барқарор намудааст. Муфассал оиди ин парвандаи ҷиноятӣ мо маълумот надорем ва аз руи шунидам ин парвандаи ҷиноятӣ аз соли 2023 дар бойгонии  Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ маҳфуз мебошад. Охир мақомот хоҳад мешудааст, ва хурсандиовар мешуд ҳамчун  айният (аналог) парвандаи ҷиноятии моро низ бо ҳамин роҳу усули Нӯъмонзода З. ягон муфаттиши ботаҷриба тафтиш бурда, бо тасдиқи фикри аӣбдоркунӣ ба суд ирсол мекарданд ва ҳақиқати иҷтимоӣ ғалаба мекард. Ин ҷо ягон мушкили  мавҷуд нест, ҳамаи далелҳои басанда ҷамъ оварда шудаанд, вале дар мақомот ва дар мудирияти махсуси Тоҷпромбонк шахсони манфиатдоре ҳастанд, ки намехоҳанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад, зеро ин ки бо баҳонаи  барқарор кардани қарзҳои бонкӣ моликияти шахсии  ғайриқонунӣ аз они худ намудаи моро аз ҷониби Зиёев Ҷ.  фурӯхта як қисми ночизи онро ба ҳисоби қарзҳо  гузаронида, боқимондаашро ба манфиатҳои шахсии худ истифода баранд. (мисоли ин парвандаи ҷиноятии аз руи аризаи Ҳотамов И. нисбати Зиёев Ҷ. оғозшуда мебошад, ки оқибат ҳақиқат ғалаба кард). Мо низ ба чунин ҳал ёфтани қазъияи худ умеди калон дорем, зеро таҷрибаи  амалии болозикргардида ба ин кӯмак хоҳад кард.

Тааҷубовараш боз он аст, ки бо дахолати бевоситаи мудирияти махсуси “Тоҷпромбонк” дар шахсияти Собирзода М. зимни санҷиши аризаи мо ба моликияти баҳсӣ бо мақсади  бегона накардани он аз ҷониби санҷишгар, прокурори раёсат Низомӣ  Ҳ., ки санҷиши боадолатона мебурд маҳдудият гузошта шуда буд, аризаи мо мавриди санҷиш қарор гирифта бе санҷиш ва натиҷа монда, бо дастгирии Собирзода М. гӯё дар прокуратураи генералӣ аз ҳисоби роҳбарияти он ҳамсинфонаш фаъолият доранд маҳдудияти ба моликият гузошташуда бекор карда шуд.  Савол ба миён меояд, ки зимни санҷиши мавод чи зарурияти бекор кардани маҳдудият пайдо гашт, ин ҷо чи муаммоӣ ва таъҷилӣ ҳаст  ва инро Собирзода М. бо пуштибонҳояш дар мақомотҳо хуб медонад.

Айни замон  наздикони Собирзода М. ҳар рӯз  харидорҳоро ба моликияти мо оварда бо мо  ҷанҷол карда истодааст, ки мо таъҷилан иншоот, яъне моликияти шахсии  ғайриқонунӣ азонихуд кардаи бонкро, ки дар он ҷо 6 оилаҳои серфарзанд истиқомат дорем аз он ҷо ба кӯча ронда, онро ӯ фӯрухтанисту дар мақомотҳо ӯ ҳамсинфон ва шиносони зиёд дорад аз дасти мо ягон кор намеояд.

Чаро мақомоти прокуратура  ба  хост ва хоҳиши  Нуъмонзода З., ки тафтишоти пешакиро  ғаразнокона тафтиш бурд, Собирзода М, ки бо пуштибонҳояш  садди роҳи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зиёев Ҷ. шудааст ва ба онҳо монанд пуштибонҳояш гӯш дода, ба ваҷҳои  раднашавандаи мо, хулосаҳои санҷиши Палатаи ҳисоб аз 12.09.2018 сол ва дигар маводҳои санҷишии прокурори Раёсат Низоми Ҳ. ҷамъоварда умуман аҳамият надода, нисбаи Зиёев Ҷ. парвандаи ҷинояти оғоз намекунанд. Ин ҷо чи муаммо ва маҳдудият  бошад,  чи сиррест боз мо чанд соли дигар сарсону саргардон мегашта бошем, мо ба куҷо равем, дар куҷо зиндагонӣ кунем, оё ҳақиқат ва адолат вуҷуд дошат бошад?

Вобаста ба ин мо қаблан чанд маротиба ва бори охир бо ариза 01.07.2025 ва 28.08.2025  сол унвонии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта будем, ки то ҳол  ҳалли ниҳои худро наёфта санҷишҳо кашол ёфта истодаанд ва  боз ҳам такрор шавад, чаро  нисбати Зиёев Ҷ. парвандаи ҷиноятӣ оғоз нагардида,  баҳри баргардонидани  моликияти шахсии мо, ки онро Зиёев Ҷ. бо ҳамаслаконаш ғайриқонунӣ аз они худ намудааст, ягон чораи қонунӣ андешида намешавад. Ин ҷо боз такрор шавад, чӣ муаммо  вуҷуд дорад ва дасти пурқуввате дар мақомоти қудратӣ садди роҳи оғози парвандаи ҷиноятӣ шуда истодааст? Охир мо  ягон талаби  ғайриқонунӣ ва беасос надорем, бар ивази аз ҷониби Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш зарарҳои калони молумулкӣ бардоштан (дар аризаҳои қаблии худ навишта будем), танҳо мехоҳем  моликияти шахсии мо баргардонида шавад.

Муфассал оиди ин сохтакориҳои Зиёев Ҷ.  ба Шумо дар мактубҳои қаблии худ бори охир аз  05.02.2025 сол навишта будем ва билохир аз 23.05.2025 сол таҳти рақами 17/27-1007, баъди гузаштани зиёда аз се моҳ бо имзои муовин Қосимзода Х. тавсиянома гирифтем, ки ин ҷо баҳси судӣ буда ба суд муроҷиат намоем ва ба ин ҷавоб мо мутлақо рози нестем. Мо хавотирем, ки аллакай аризаи навбатии моро насанҷида чунин ҷавоб тайёр буда, дар он танҳо рақам ва санаашро дарҷ карда ба мо ҷавоб хоҳанд навишт, агар чунин намебуд, бояд ҳатман парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёбад

Зиёев Ҷ. бо ҳамсалаконаш  маблағҳои махсусан калони давлатро  тасарруф намуда, ба манфиатҳои  шахсии худ сарф намуда, дар  ҳудуди Ҷумҳури ва берун аз он ба номи  наздикони худ моликиятҳои зиёди шахсӣ харидорӣ намуда,  бо ном қарзҳои давлатиро аз ҳисоби моликиятҳои шахсии бо роҳи ҳалол ба дастовардаи мо гайриқонунӣ ва бо роҳи қаллобӣ барқарор карданист, ки мо то зиндаем моликияти шахсии худро ба Зиёев Ҷ. (айни замон гӯё Бонки милии Тоҷикистон ба ҷои қарзҳои Зиёев Ҷ. моликиятҳои шахси мо шаҳрвандонро бо дастгирии пуштибонҳои Зиёев Ҷ. моликияти давлатӣ кардааст) намедиҳем ва ба талаву тороҷи Зиёев Ҷ. роҳ намедиҳем.

Ба прокурори генералӣ зердастонашон бо пуштибонҳои Зиёев Ҷ. (ҳарчанд ӯ дар маҳбас бошад ҳам дасти дароз дорад) маълумотномаҳо ва гузоришҳои беасоси пурра  ва ҳаматарафа носанҷида пешниҳод намуда, роҳбарияти Прокуратураи генералиро ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Ҳатто барои фаҳмондани ҳолати аслии кор мо рузи 07.06.2025 хостем ба қабули шахсии прокурори генералӣ даромада, ҳолати корро аз наздик фаҳмонем, вале зердастонаш бо сабабҳои ба мо номаълум моро нагузоштанд ба қабулаш дароем.

Зиёев Ҷ. ҳамчун қаллоби моҳир дар рафти фаъолияти кориаш, маблағҳои  зиёди давлатиро аз Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифта, онҳоро  бо роҳи  тасарруф азони худ намуда, ин маблағҳоро ба  суратҳисобҳои сохтаи хешу наздиконаш дар шаҳрҳои Москва, Дубай ва дигар давлатҳо (фиктивние однодневние счета с целю отмывания государственных средств) гузаронида, баъдан онҳоро ба манфиати шахсии худ гузаронида, пасон бо ном  пардохти маблағҳои давлатӣ, шаҳрвандони дигарро ба монанди мо бо роҳи қаллобӣ фиреб карда, зарарҳои калони молумулкӣ расонидааст.

Мо ҳатто барои кумак ва ҳалли одилонаи ин қазъия ба Бонки милии Тоҷикистон муроҷиат намуда будем ва намояндаи он сардори шуъбаи қарзҳо Ятимова Умеда ба мо хандида, ба мо фарқ надорад  ҳалномаҳо ба фоидаи мо ҳал шуданд, моликияти мо моликияти давлатӣ шудааст, хоҳем нахоҳем  моликияти шахсии моро фурухта қарзи Тоҷпромбонкро барқарор мекунанд ва 6 оила дар кӯча монад ҳам ба онҳо фарқе надорад гуфта, ба ҳоли мо хандид.

Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Канӣ ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии мо, пеш аз ҳама зан, модар? Охир моликияти шахсии мо маҳз дар натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслакони бонкиаш давлатӣ шуд, мо ба муносибатҳои қарзии байни Тоҷпромбонк ва Бонки миллии Тоҷикистон  чи муносибат дорем. Мағзи гап ва муроҷиатҳои мо низ дар ҳамин аст, бигузор  бо айби Зиёев Ҷ. моликияти шахсии мо аз даст рафт, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бояд ҳатман оғоз шуда, моликияти шахсии моро бо кадом роҳе набошад барқарор намояд. Мақомотҳо ҳам ҳаминро баҳона намуда истодаанд, ки моликияти шахсии мо давлатӣ шуд, охир тибқи моддаи 6-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи ногузории ҷавобгарӣ, ҳар кас ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад, пас чаро мақомотҳои қудратӣ Зиёев Ҷ.-ро дидаю дониста аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намуда истодаанд.

Як чизи муҳим барои мо муаммо мондааст, ки зимни муроҷиатҳои чандинкаратаи мо  ба унвонии Прокуратураи герралии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасси аризаҳои мо яку якбора  садди роҳи мо мушкилотҳои бофта ё  қасдан таҳрезикардаи  наздикони Зиёев Ҷ. ё пуштибонҳояш дар мақомоҳои қудратӣ  пеши роҳи  ҳалли масъалаҳоро мегирифтанд, ки ин аз яктарафа  баррасии муроҷиатҳои мо шаҳодат медод. Пеш аз ҳамма маводҳои  санҷишии аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Зиёев Ҷ. тартибдодашуда дар солии 2024 дар асоси муроҷиати мо, ки ҳаммаи далелҳои раднашаванда оиди гунаҳгории ӯ аз ҷониби муфаттишони ВКД ҷамъоварда шуда буданду бо лоиҳаи қарор оиди оғози парвандаи ҷинояти нисбаташ ба Раёсати назорат аз болои мақомоти корҳои дохили пешниҳод шуда буд, вале бо сабабҳои номаълум пеш аз ҳама дастгирии пуштибонҳояш ба оғози парвандаи ҷиноятӣ розигӣ дода нашуда будан ба таври муаммо маводҳои санҷиши яку якбора нест шуданд.

Дар соли 2025 маводи мазкур  зимни баррасии муроҷиати мо дар Раёсати назорати парвандаҳои маданӣ ва оилавии прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаби санҷишгарон ин мавод бо баҳонаи гум шуданаш ба прокуратураи генералӣ пешниҳод нагардид ё нахостанд ё дигар сирре  ниҳон гаштааст, ки ин низ муаммои навбати мебошад.

Дигараш ин ки ба талаби  ин раёсати прокуратураи генерали оиди аз мудирияти махсуси  Тоҷпромбони пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бонкӣ ва гумрукӣ оиди бастанӣ қарордод, шартномаи акредитив дар ҳаҷми 29 номгӯй вобаста  интиқоли 18 адад автомобилҳои сабукрав унвонии мо мудири он  муҳтарам Собирзода М., ки  бо овози баланд мегуфт, ки дар мақомоти прокуратураи генералӣ ҳамсинфонаш кор мекунанду аллакай ин қазъия ба фоидаи бонк ҳал шудааст, ин ҳуҷҷатҳо унвонии мо умуман ирсол нагардиданд. Ҳатто Собирзода  лизим нашуморид, ки ба он мактуб ҷавоби расмӣ пешниҳод намояд. Сабабаш албатта ба мо маълум мебошад, онҳо ин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар 29 номгуйро, ки гунаҳгории Зиёев Ҷ. ва қаллобии ӯро тасдиқ мекунанд умуман надоранд. Дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо намояндагони мудирияти махсус онҳоро пешниҳод карда, моро муттаҳам месохтанд, чунки далели бегуноҳии  Зиёев Ҷ. ро умуман надоранд.  Сирри қаллоби айнан дар ҳамин аст, ки қаллоб оиди бегуноҳии худ умуман далелҳои тадиқи бегуноҳии худро надошта, танҳо бо овози баланд гап мезанад.

Инчунин тааҷубовараш боз дар ин аст, ки дар давоми муроҷиатҳои чандикратаи мо ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маротиба  баёноти маҳкумшуда Зиёев Ҷ.А. , сармуҳосиби бонк Ҳасанова С. ва дигар масъулини бонк гирифта нашуда, вобаста ба ваҷҳои овардаи мо онҳо пурсида нашудаанд.

Билохир санҷишгарони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани баёноти Зиёев Ҷ.А. вориди маҳбасхонаи тафтишоти шуданд, аммо ӯ аз додани баёнот умуман саркаши намудааст. Агар Зиёев Ҷ.А. дар содир намудани ҷинояи қаллобӣ гумонбар намебуд, ӯ оиди ваҷҳои овардаи мо баёноти муфассал медод. Бинобар ин ӯ  дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар буда, оиди тасдиқи бегуноҳии худ ягон далелҳои кофӣ надорад ва дар ҳамин замина, барои худро аз ҷавобгарии ҷиноятии навбатӣ дур сохтан, аз додани баёнот қасдан саркаши намудааст.

Чи тавр бе гирифтани баёноти Зиёев Ҷ.А., сармуҳосиби бонк  Ҳасанова С. ва дигар маъсулини бонк, баёноти мутахассиси Палатаи ҳисоб Ҳалимзода Ҷ. ва дигарон, бе санҷидани  ҳамаи ваҷҳои овардаи мо бо далелҳои раднашвандаи гунаҳгории  Зиеёв Ҷ.А.Ҳ қарор дар бораи  рад намудан  аз оғози парвандаи ҷинояти нисбати ӯ қабул карда мешавад, чунин қарор бар хилофи талаботи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун беасос, яктарафа ва ғайриқонунӣ бекор карда намешавад.

Дигараш ин ки маҳбусе, ки як маблағи ночиз дуздида бо ҷинояти начандон вазнин дар муассисаҳои  ислоҳолтии Вазорати адлияи мавриди татбиқи ҷазо қарор мегирад ва чаро Зиёев Ҷ., ки ба монанди мо хуни ҳазорон ҷабрдидаҳоро макида, маблағҳои калони моро азони худ кардааст, то ин дам дар маҳбасхонаи тафтишотӣ қарор дорад? Ё ин ки дар  муасисаҳои ислоҳотӣ барои ӯ ҷой нест,  чаро ӯ дар маҳбасхонаи тафтишотӣ қарор дорад ё ин ки ӯ меҳмони олиқадри  низоми ҷазо мебошад.   Боз ӯ ва хешовандонаш  даву тоз доранд, ки ӯро ҳамчун маҳкумшудаи намунави пеш аз мӯҳлат (УДО) аз маҳбас озод хоҳанд кард.

Охир талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, моддаи 17- конститутсия   баробари ҳама дар назди қонун, моддаи 5 баробари дар назди қонун, моддаи 6 ногузории ҷавобгарӣ, моддаи 7 принсипи адолат, моддаи 10 демократизм, моддаи 11 асоси  ҷавобгарии ҷиноятии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор чаро дағалона аз ҷониби санҷишгарон  вайрон карда мешаванд, ё ин ки  талаботҳои ин моддаҳои қонунгузорӣ ба Зиёев Ҷ.А. тааллуқ надорад.

Мо  зиёдагӯи намекунам, дигар фоида надорад, мо хоҳиш ва илтимос дорем, ин қазияи моро такрор ба такрор мегуем бояд бо таъсиси гурӯҳи тафтишотӣ,  дар ҳайати гурӯҳи кории  кормандони ботаҷриба бо собиқаи кории тафтишотии прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби мутахасисони  пешқадами соҳаи бонкӣ, мутахасисони соҳаи аудити молиявӣ алалхусус мутахасисони палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ( чунин санади палатаи ҳисоб аз  12 сентябри соли 2018 дар 15 варақ ва замима дар 119 варақ аз ҷониби сармутахасиси ин соҳа  Ҳалимзода Ҷ. тартибдода бо тамоми  аалелҳои раднашванда  қаблан  мавҷуд аст) , ирсоли дархостҳо ба шаҳрҳои Москва, (Евротрансбонки Федератсияи Россия) Дубай ва дигар шаҳрҳо    бо иштироки бесоситаи мо, гирифтани баёноти Зиёев Ҷ.А. сармуҳосиби бонк Ҳасанова С. ва дигар масъулини бонк, рӯбарукуниҳо   бояд  санҷида шуда, бо натиҷаи он парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зиёев Ҷ. ва ҳамсалаконаш ҳатман бо моддаҳои 245 ва 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шавад.

Ин моликияти шахсиамонро мо бо  арақи ҷабин ва меҳнати ҳалол ба даст овардем, мо 6 оила намехоҳем дар кӯча  монем ва ҳаргиз онро зери тасарруфи қаллобон қарор нахоҳем дод, агар адолати иҷтимоӣ вуҷуд дошта бошад,  ҳақ бар ҷониби мост ва то ғалабаи ҳақиқат ва адолат  мо мубориза  хоҳем бурд, танҳо дар сурати оғоз шудани парвандаи ҷинояти нисбати Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш ҳалномаҳои беасос ва ғайриқонуни тибқи мусоидати шахсони манфиатдор дар мақомотҳои қудратӣ, судҳои шаҳрванди ва иқтисодӣ қабулнамудаи онҳо бекор карда шуда, маблағҳо ва иншоотҳои аз мо ғайриқонуни бо роҳи қаллоби гирифтаи Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш баргардонида шуда,  адолати иҷтимоӣ ғалаба хоҳад ёфт.

Дар охир мо танҳо такя ва умед ба Шумо дорем. Ба доди мо  расед.

Иноятова С. М.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь