Очерки сафарӣ

 Оғози сафар

Дар рӯзи Иди Қурбон, ки имсол ба рӯзи ҷумъаи 6-уми июн рост омад, мо бародарон чун анъана дар хонаи падарӣ, дар деҳаи Наврӯзи ноҳияи Шаҳринав гирд омадем. Мо тасмим гирифтем, ки аз се рӯзи истироҳат истифода карда, ба сайри кӯҳ бароем. Аслан, мо 5 нафар бародарон ҳама сайри кӯҳро дӯст медорем ва дар обрави қаторкӯҳҳои Ҳисор мавзее намондааст, ки нарафта бошем. Албатта, аксари мо аз кӯҳҳои дараи Ромиту водии Рашт ва Зарафшон ҳам дидан кардаем. Аз ҷумла, ба баъзе минтақаҳо чанд маротиба рафтаем.

Дар байни мо бародарон Маъруф, ки 7 солу 7 рӯз аз ман хурд аст, вақти холии худро чӣ тобистону чӣ зимистон ва дигар фаслҳо дар оғӯши кӯҳҳо мегузаронад. Мегӯяд, ки дар байни кӯҳҳо, дар табиат асабҳоям орому рӯҳам болида мешавад. Ӯ ҷанговари интернатсионалист буда, баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ то бознишаста шуданаш мутахассиси варзидаи гумрук буд. Бародари дуюми ман Алиҷон, ки аз Маъруф се сол хурд аст, духтури ҳирфаӣ буда, дар ҳамаи соҳаҳо маълумоти фарох дорад ва дар баҳсҳо дастболо мешавад. Ӯ адабиётро низ хуб медонад. Бародари сеюми ман Нодир иқтисоди байналмилалӣ омӯхтааст ва ҳамчунин таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ гирифтааст, ба се забони хориҷӣ озодона ҳарф мезанад ва менависад. Ӯ дар байни мо воқеан ҳам, ҷаҳонгашта аст. Бо тақозои вазифа ба ғайри Антарктида, дигар дар ҳамаи қитъаҳои олам дар конфронсу семинарҳо ва сафарҳои хидматӣ будааст. Дар кӯҳгардӣ ӯ бо Маъруф баробар аст. Агар ӯро бознадорем, мебинем, ки моро пас монда, аз назарҳо дур шудааст. Бародари хурдии мо Анис низ ҳуқуқшинос аст ва барои ӯ ҳам кӯҳгардӣ шуғли дӯстдошта аст. Ӯ ба баъзе мавзеъ ҳанӯз дар замони мактабхонӣ рафтааст. Хоҳарамон Замира низ ҳангоми дар мактаби деҳа муаллима буданаш бо гурӯҳи сайёҳони навраси «Лочин» қаторкӯҳҳои Ҳисору Фонро гаштааст. Хуллас, аҳли оилаи мо сайри кӯҳҳоро дӯст медоранд ва агар имкон пайдо карданд, ҳар сол ба кӯҳ мебароянд.

Нақша кашидем, ки 8-уми июн якрӯза ба сайри кӯҳи Темурдара равем, зеро 9-уми июн рӯзи корӣ аст. Маъруф ба Темурдара камаш панҷ маротиба рафтааст. Барои ҳамин ҳам, ӯ гуфт, ки якрӯза ба кӯҳ рафтан кирои сафар намешавад ва ӯ намехоҳад вақташро беҳуда масраф бикунад. Билохира ба хулоса омадем, ки чор бародарон ва писари Анис – Эҳсони мактабхон ба кӯҳ меравем. Ҳадафи мо кӯҳгардӣ буд, на хӯрокпазӣ. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки бо худ ғизои пухта бигирем ва вақтамонро барои хӯрокпазӣ масраф накунем.

Субҳ соати чор аз хоб хестам ва дигаронро бедор кардам, то барвақттар ба роҳ бароем. Баъди ношто кардан, ниҳоят соати 5 бо сабукрави «Опел»-и Анис ба роҳ баромадем. Фармони мошинро Алиҷон ба даст гирифт ва ман дар бари ӯ нишастам. Зеро мо мардони ҳузарб дар қафо намеғунҷидем. Дар курсиҳои қафо бошад, Нодиру Анис ва Эҳсон нишастанд.

Дар назди бозори Шаҳринав Алиҷон мошинро манъ кард ва мо барои хариди саридастӣ кардан аз сабукрав поин шудем. Зуд аз нонво 5 дона нони гарм, як ҳандалак ва боз анвои хӯрданӣ гирифта, роҳамонро идома додем. Аз ин ҷо бояд аз роҳи калони Душанбе – Турсунзода ба дасти рост, ба сӯйи деҳаи Қаратоғ мегаштем. Аз гардиш то Қаратоғ 7 км ва аз он ҷо то истироҳатгоҳи Ширкати алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО) – «Куран» боз 7 км роҳ асфалт аст. Албатта, ин роҳ аз замони Иттиҳоди Шуравӣ таъмирро надидааст ва баъзан баллони мошин ҳатман ба чуқуриҳои роҳ меафтад. Ё мошине барои ба чуқурӣ назадани чархҳояш бо канори роҳ мегузарад ва чангро ба осмон мехезонад. Дар ин ҳол, агар тирезаҳои мошин кушода бошанд, чангу хоки роҳ ба рӯи мусофирон «упо» мепошад.

Азоби роҳи мошингард

Аз «Куран» то деҳаи Ҳакимӣ боз 14 км роҳи мошингарди хокиву сангӣ мавҷуд аст. Аз ин ҷо роҳ ба кӯтал баромада, аз соҳили рости дарёи Қаратоғ тақрибан 100 метр дуртар мешавад. Дар ин ҷо ҳангоми ҳаракати мошинҳои пурбор аз кони ангишти Ҳакимӣ дар боронгарӣ роҳи хокӣ хароб гардида, пайи чархҳоро чуқур дар лой гузоштааст ва сабукравҳо аз он базӯр мегузаранд. Дар ин хел роҳ хоҳ – нохоҳ таги мошин ба замин ва сангҳои байни роҳ мезанад. Баъди кӯтал то деҳаи Лаби Ҷӯ, ки аз «Куран» дар масофаи 7 км воқеъ аст, дар ду тарафи дарё бӯстонсаройи мансабдорони сатҳҳои гуногун ва соҳибкорони шинохтаи маҳаллӣ сохта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, роҳ, ки аз назди бӯстонсаройҳо, аз соҳили рости дарёи Қаратоғ мегузарад, хеле танг ва хароб аст. Дар баъзе ҷойҳо ду мошин гузашта наметавонад.

Кас ин ҳолатро дида, худ ба худ мегӯяд: Қудрататон ба сохтани ҳамин хел бӯстонсаройҳои дакаданг расид, магар наметавонед роҳи назди хонаатонро обод бикунед?! Ё ҳаминро ҳам бояд давлат бикунад?! Агар барои асфалт кардани роҳ зӯратон нарасад, ақаллан як булдозер, ё грейдер оварда, роҳатонро тахту ҳамвор бикунед, миёнатон дард намекардагист? Билохира, аз ин кор фоида нагиред ҳам, савоб мегиред-ку!

Ниҳоят бо азоби алим кашидан ба деҳаи Лаби Ҷӯ расидем. Ин ҷо дар поёни деҳа, дар соҳили рост дар ҳудуди беш аз 1 га бедзоре ҳаст, ки солҳои пеш сайёҳон барои истироҳат омада, ин ҷо ҳайма мезадаанд. Ҳоло соли дуюм аст, ки касе инҷоро азхуд карда, роҳашро бастааст ва кат монда, ба истироҳаткунандагон иҷора медиҳад. Дар соҳили чапи дарё, дар рӯ ба рӯи бедзори мазкур, ки чарогоҳи аҳолии деҳа буд, касе ҳавзҳои моҳӣ сохта, ба гулмоҳипарварӣ машғул аст. Ба ин тарафи дарё мошин гузашта наметавонад. Сокинон дар поини деҳа, дар ҷои танги дарё барои гузаштани чорвои худ пуле сохтаанд. Мо чанд сол пеш бо бародарон ба ин соҳил гузашта, ба чукричинӣ рафта будем. Дар пушти кӯҳи аввал кӯли хушкидае ҳаст, ки дар аввали баҳорон аз боришот пур мешавад.

Тақрибан 500 метр болотар аз деҳаи Лаби Ҷӯ, дар ҳамворӣ ду-се га замини санглохи ба кишт номувофиқ воқеъ аст. Дар ин санглох, дар тарафи чапи роҳи мошингард, дар офтобнишин чандин сол аст, ки соҳибкори маҳаллӣ дар ҳавзҳо гулмоҳӣ мепарварад. Ҳоло дар тарафи рости роҳ, дар офтоббаро соҳибкори дигаре ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ сохта, истифода карда истодааст. Гулмоҳӣ зиёд шуда бошад ҳам, нархаш ҳамон 100 сомонӣ барои 1 кило аст.

Воқеан, бо афзоиши ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ шумораи ошхонаҳои гулмоҳипазӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзодаву ноҳияи Шаҳринав афзуданд. Аз ҷумла, танҳо дар деҳаи Қаратоғ якчанд ошхонаи гулмоҳипазӣ мавҷуд аст.

Аз ҳавзҳои гулмоҳӣ тақрибан 3 км ба сӯи деҳаи Ҳакимӣ равон шуда будем, ки як мошини «Портер»-и хурдро дар роҳ ба паҳлу чаппа дидем. Аз он поёнтар як сабукрави «Тойота» дар канори роҳ меистод. Дар назди «Портер» се нафар ҷумбуҷул доштанд. Роҳ ба баландӣ мерафт ва яке аз онҳо ба мо ишора кард, ки роҳ банд нест ва метавонем гузарем. Мо ҳам суръати мошинро паст накарда, аз канори чапи «Портер» гузаштем ва ба ҷои ҳамворе расида, мошинро нигоҳ доштем. Ҳама аз мошин пиёда шуда, ба назди «Портер» омадем, то ба онҳо кумак расонем.

Ронандаи мошини сабукрави «Тойота» гуфт, ки дар ин баландӣ чаппа шудани мошинҳои сабуки сербор бисёр рӯй медиҳад. Ҳоло ҳам чунин шудааст, ба бордони мошин 4 ё 5 гов бор кардаанд, ки ин аз қисми пеши мошин вазнинтар аст. Дар ин кӯтал вазни пеши мошин сабукӣ карда, он хестааст ва мошин чаппа шудааст. Ҳоло ба чашм говҳо наменамуданд. Шояд соҳибашон онҳоро ронда ба чарогоҳ бурда буд.

Мо ба ин се нафар, ки бордони мошинро бардошта, мошинро рост карданӣ буданд, кумак кардем. Ҳамин вақт яке гуфт, ки агар мо ҳоло мошинро рост бикунем, вай ба қафо меравад ва ҳатто ба дарё афтоданаш мумкин аст.

Ин гапи ӯ ҷон дошт. Ду нафар сангҳои калонро оварда, дар паси мошин, дар паси чархҳо қатор карданд. Ронандаи «Тойота» ба нафари сеюм, ки мо ӯро ронанда гумон мекардем, муроҷиат кард:

-Ручники мошинат кор мекунад?

– Ручникаш чӣ?,- ба суол бо суол посух дод ӯ.

– Ту чӣ хел ронанда, ки ручникро намедонӣ?,- гуфтам ман.

– Ман шофёр не. Ӯ барои овардани трактор ба кони ангишт рафт,- гуфт ин мард, ки ба тоҷикӣ базӯр ҳарф мезад.

– Ин хел бошад, чаро мо бе ронанда мошини ӯро рост мекунем?,- гуфт ронандаи «Тойота».

– Ягон ҳодисаи дигар шавад, гунаҳкор мекунанд моро,- гуфт ҳамроҳи ӯ.

Онҳо ба мошини худ савор шуда, ба сӯи Лаби Ҷӯ равон шуданд.

Мо ҳам роҳи худро идома додем ва баъди тақрибан 2 км ба кони ангишт, ки дар сари роҳ аст, расидем. Ин ҷо аз тарафи ғарб рӯди Сарбин ба дарёи Қаратоғ мерезад. Ин дарёча ҳоло камоб аст, вале баҳорон сел омада, соҳилҳояшро мешӯяд. Воқеан, аз ин ҷо метавонӣ ба дараи Ширкент, ба тамошои изи динозаврҳо биравӣ.

Деҳаи Ҳакимӣ

Мо аз пули оҳанин гузашта, роҳамонро идома додем. Аз ин ҷо то деҳаи Ҳакимӣ боз тақрибан 2 км роҳи дигар буд. Дар баъзе минтақаҳо об аз ҳотаҳои мардум ба роҳ мефаромад ва онро хароб мекард. Алиҷон эҳтиёткорона мошин ронад ҳам, ба қавле сангҳои миёни роҳро «ҳисоб» карда пеш мерафт. Ҳар вақте ки таги мошин ба санге мезад, ӯ ғур-ғур мекард:- кӣ мегӯяд, ки дар ин роҳ «Опел» бемалол метавонад ҳаракат бикунад?!

Воқеан, пеш аз сафар ба мо як шинос гуфта буд, ки роҳ то Ҳакимӣ хуб аст ва бо сабукрави «Опел» ҳам рафта омадан мумкин аст.

Ниҳоят ба деҳаи Ҳакимӣ расидем. Дар аввалин ҳавлӣ, ки аз чапи мо воқеъ буд, чанд нафар занону духтарон ва бачаҳо ҷумбуҷул доштанд. Дар симтӯри ҳавлӣ овезаи картониро дидем, ки «33-33 кирояи харҳо» навишта шуда буд. Аз овеза маълум буд, ки касе харҳояшро ба сайёҳон иҷора медиҳад. Ин амал барои ман нав набуд, ҳангоми сафари кӯҳҳои Фон дида будам, ки сокинон харҳояшонро ба сайёҳони хориҷӣ иҷора медоданд.

Воқеан, баъдтар дар Темурдара писарбачаи тақрибан 10-соларо вохӯрдам, ки як харро савор шуда буду хари дигарро этал мекард. Аз ӯ пурсидам:

– Кирояи хар чанд сомонӣ аст?

– 200 сомонӣ як рӯзаш. Аниқашро боз тағоям медонад. Мо худамон ин харҳоро иҷора гирифтаем.

Роҳи мошингард аз ин ҷо бо даруни деҳа мегузашт ва якбора ба кӯтал мебаромад. Мо барои сабук шудани мошин пиёда шудем ва роҳ ба сӯи кӯтал пеш гирифтем.

Ин ҷо мӯйсафеди тақрибан 70-75-сола дар ҳотааш қуттиҳои замбӯри асалро тоза мекард. Дар сари роҳ бошад, болои тахтае чанд дона зарфҳои пластикии гуногунҳаҷми асал барои фурӯш гузошта шуда буд.

Аз мӯйсафед пурсидам:

– Амак, асал чанд пул аст?

– Килояш 90 сомонӣ.

– Кам намешавад?

– Не, 120 сомонӣ мефурӯшам. Ба шумо арзон гуфтам.

Ман як зарфи нимлитраи обро, ки асал пур карда шуда буд, ба даст гирифта, пурсидам:

– Ин зарф чанд пул аст?

– 70 сомонӣ. Аз 1 кило кам аст.

– Асали ҳаминсола аст?

– Ҳа,- гуфт беҷуръатона мӯйсафед.

Мӯйсафед маро фанд мекард. Зеро ҳанӯз ин вақт дар кӯҳистон асал намегирифтанд. Агар замбӯри асал дар водӣ бошад, ё ба онҳо шакар дода бошанд, дар моҳи май асал гирифтан мумкин аст. Вале ин хел асал табобатӣ нест.

– Хонаатон дар куҷо аст, дар поён?,- суол кардам аз мӯйсафед. Зеро ман медонистам, ки аҳолии ин деҳаро солҳои 50-уми асри гузашта барои пахтакорӣ ба ноҳияи Шаҳринав муҳоҷир карда буданд. Дар солҳои аввали истиқлол баъзеҳо ба ин ҷо мавсимӣ баргашта, хонаву ҳавлӣ карда буданд ва зимистон ба хонаҳои асосиашон бармегаштанд.

Мӯйсафед фаҳмид, ки мо мардуми таҳҷоӣ ҳастем, гуфт:

– Ин асали порсола аст. Мо ин ҷо як маротиба дар охири тобистон асал мекашем.

– Аз асали нав мегирем,- гуфтам ба мӯйсафед ва хайрухуш карда, роҳамонро идома додем.

Аз болои кӯтал дарёчае ҷорӣ мешуд ва роҳ онро убур карда мегузашт. Ин ҷо деҳа тамом мешуд ва роҳ ба нишебӣ, ба лаби дарёи Қаратоғ мерафт. Мо гумон кардем, ки мошинро ин ҷо манъ кардаанд. Вале Алиҷон аз фурсати муносиб истифода карда, барои дарнамондан ба нишебӣ фаромада буд ва мошин аз ин ҷо наменамуд. Мо ҳам бо роҳ, ки баъзан хеле харобу обшуста буд, тақрибан 700 метр нишеб шудем. Касе барои таъмиру ободонии роҳ талош накарда буд ва аз ҳотаҳои мардум поиноб рост ба роҳ фаромада, онро хароб мекард.

Ниҳоят мошинро дар поини кӯтал дарёфтем ва ба он савор шуда, роҳамонро идома додем. Тақрибан 100 метр нарафта, таги мошин боз ба санг зад.

– Мошинро манъ бикун, мо пиёда меравем,- гуфтам ба Алиҷон.- Агар боз таги мошин ба санг занад, чӣ хел ба хона бармегардем?

Воқеан, баъд маълум шуд, ки дудбарои мошин аз санг задан сӯрох шудааст.

Алиҷон дигар дар роҳи ҳамвор ҳам моро интизор нашуда, ҳаракаташро идома дод ва дар назди хоҷагии Қутбуддин, ки аз як хонаи дуошёнаву хонаҳои ёрирасон, замини кишт, боғ ва ҳавзҳои истифоданашаванда иборат буд, таваққуф кард. Мо соли 2008 шабе дар ошёнаи дуюми ин бино истода будем. 30-юми июн ба хотири гирифтани дипломи докториам аз КОА-и Федератсияи Россия бо падарам ва бародарону ҷиянҳо ба ин ҷо омада будем. Субҳи рӯзи дигар мо ба Темурдара баромадем, вале шодравон падарам ин ҷо монданд ва то баргаштани мо дамлама пухтанд. Он вақт мо соати як аллакай аз Темурдара баргашта будем. Воқеан ҳам, дар ин 17 сол тағйирёбии иқлим мушоҳида мешавад. Он шаб дар хона кӯрпа пӯшида хоб карда будем, яъне шабона ҳаво сард мешуд. Ҳоло ҳаво нисбатан гарм аст.

Ин ҷо як НБО-и хурд тақрибан нимаи аввали солҳои 2000-ум бо иқтидори 80 квт/соат сохта шуда буд, ки барои талаботи сокинони деҳаи Ҳакимӣ ва неруҳои марзбон мерасид. Вале фаъолияти ин неругоҳи барқӣ тӯл накашид. Он аз кор монд ва ҳоло ҳам фаъол нест.

Мо аз мошин борҳоямонро гирифта, соати нуҳу чил дақиқа ба сӯи кӯпрук, ки аз ин ҷо тақрибан 300 метр болотар ҷойгир буд, равон шудем. Роҳи мошин тақрибан 20 метр болотар аз кӯпрук тамом мешуд.

Кӯпруки ларзонаки тросиро неруҳои марзбон барои ба бошишгоҳашон, ба қисми чапи дарёи Қаратоғ гузаштан сохта буд. Мо бо эҳтиёт якнафарӣ аз пули мазкур гузаштем, зеро он алвонҷ мехӯрд ва болояш мувозинатро нигоҳ доштан хеле мушкил буд. Баъди 50-60 метр дар баландӣ бинои дидбонгоҳи марзбонӣ воқеъ гардидааст, ки баъди хуб шудани муносибат бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияташро қатъ кардааст. Бинои мазкур ҳоло дар ҳолати бад қарор дошт ва як қисми девораш тахриб гардида буд.

Роҳи пурпечутоби ағба

Мо барои ба Темурдара рафтан бояд аз назди ин дидбонгоҳ гузашта, тақрибан ним километр қад-қади дарёи Қаратоғ ба самти шимол ҳаракат мекардем. Ин ҷо роҳ аз ҳамворӣ мегузарад ва хатарнок нест. Ниҳоят ба мавзее расидем, ки касе ду чӯбро ба андозаи ду метр ба замин сих карда, гирдашро бо сангҳо мустаҳкам кардааст. Ин ишораи роҳ ба сӯи Темурдара буд. Дар кӯҳистон чунин ишораро кӯҳнавардон махсус месозанд, то ки сайёҳон роҳгум назананд. Яъне, агар аз ин ҷо ба самти шарқ тоб хурда ба кӯҳ бароӣ, ба Темурдара мегузарӣ. Вале агар қад-қади дарё рост биравӣ, аз пеш, аз тарафи шарқ дарёи Париён ба дарёи Қаратоғ мерезад. Дарёи мазкур аз кӯли Париён, ки тақрибан ду км болотар воқеъ аст, ҷорӣ мешавад. Шохоби асосии дарёи Қаратоғ бошад, ба тарафи чап тоб хӯрда, ба сӯи Ғарб, ба Деҳқондара, сарҳади Ӯзбекистон мебарад. Вале ба ин ҷо нарафта, дар шимоли дарё ағбаи Муҳра сар мешавад, ки бо гузаштани он метавон ба деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ фаромад. Аз он ҷо агар бо роҳи мошингард ба сӯи шарқ, қад-қади дарёи Саратоғ фароӣ, тақрибан баъди 8 км ба Искандаркӯл мерасӣ.

Мо ҳоло ба роҳи сӯи Темурдара тоб хӯрдем ва дар сояи беди бузурге барои дамгирӣ истодем. Аз ин ҷо пайраҳа ба ағба оғоз мешавад. Барои кам кардани борамон ин ҷо ҳандалакро пора карда хӯрдем ва баъди нафас рост кардан ба роҳ баромадем. Ба мо як гурӯҳи шашнафараи сайёҳон иборат аз ду марду чор зан расиданд. Ҳангоми суҳбат маълум шуд, ки блогерони бо номи «Дайдучаҳо» маъруф дар “Ютуб” ин гурӯҳро ба саёҳат оварда будаанд. Онҳо, ки бо таҷҳизоти кӯҳбароӣ муҷаҳаз буданд, моро пеш гузаштанд. Баъди ин боз як гурӯҳи дигаре, ки аксаран аз духтарону занон иборат буданд, ба мо расиданд.

– Мо аз гурӯҳи пешина нестем,- гуфт яке аз духтарон, ки нафастанг шуда, барои дамгирӣ истода буд.- Мо дар Инстаграм роликро дар бораи сайри Темурдара тамошо кардем ва ба гурӯҳи сафаракиҳо номнавис шудем. Баъзеҳо бо дугона ё ягон шиносашон омадаанд, вале дар умум мо ин ҷо якдигарро намешиносем. Дар байнамон як духтари мактабхон ҳам ҳаст,- гуфт ӯ ва афзуд:- Агар медонистам, ки роҳ ин хел харобу кӯҳбароӣ ин қадар мушкил аст, 200 сомонӣ дода, ба ин хел тамошо намеомадам.

Аз суҳбат маълум шуд, ки ин гурӯҳ ҳам аз шаҳри Душанбе омада будааст.

Чӣ хеле ки қаблан зикр кардам, бори аввал ман соли 2008 бо бародаронам ба тамошри кӯли Темурдара рафта будам. Он вақт роҳ би ин ағба рост буд ва аз байни дарахтон гузашта, хеле мушкилбаро буд. Вале дарахтон барои сарозер афтодан монеъ мешуданд. Мо он вақт чанд маротиба дам гирифта, ағбаро дар як соат баромада будем.

Дар давраи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 бо тасмими мақомоти ноҳияи Шаҳринав ин пайраҳа аз нав сохта шуд. Тибқи тарҳи нав он аз ҷануби роҳи пешина канда шуда, пай дар пай, мутаносибан ба боло мерафт ва баромадани ағбаро осон карда буд. Акнун ҳар кас ҳам метавонист ба Темурдара барояд.

Мутаассифона, ҳоло аз ин роҳ танҳо ном монда буд. Барфу борон ва тармафароӣ роҳро харобу танг карда буд ва он бузроҳаро мемонд. Агар мабодо пой билағжад ва тавозунро нигоҳ дошта натавонӣ, рост ба поён сарозер мешавӣ, ки саломат мондан дар гумон аст. Барои ҳамин ҳам оҳиста-оҳиста қадам гузошта, бо эҳтиёт метр ба метр боло мешудем. Аз ҷониби дигар, маро оқибати «Ковид-19» ва вируси имсол зимистон сироят карда, ки пайи ҳам чанд маротиба беморам кард, азият медод. Баъди чанд қадам ҳаракат кардан нафастанг мешудам ва суръати таппиши дилам меафзуд. Агар дам гирифта, нафас рост намекардам, аниқ дилам мекафид.

Алиҷон, ки имсол хеле чоқ шуда буд, ба мисли ман нафастанг мешуд. Аз ин рӯ, ҷавононро гуфтем, ки моро интизор нашуда, ағбаро баромадан бигиранд. Мо бошад, 15-20 метр ҳаракат карда, дар сояи дарахт ё буттае истода нафасамонро рост мекардем ва баъд роҳамонро идома медодем.

Ҳаво аллакай гарм шуда буд ва ҳар қадаре, ки ағбаро мебаромадем, роҳ мушкилбаро ва хавфнок мегардид. Мо хеле боло баромада будем. Вақте аз боло ба поён менигаристем, дарёи Қаратоғ дар дурӣ чун рӯди хурде менамуд ва харсангҳои соҳил сангпораҳоро мемонд. Дар асл шояд мо 250-300 метр баландӣ баромадем, агарчи як соат беш даҳҳо гардишро тоб хӯрда, ба ин ҷо расида будем. Аз дидани ин манзара касро даҳшат пахш мекард. Зеро қувваи ҷозибаи замин моро ба худ кашида, афсун мекард ва беихтиёр шахс метавонист худро ба ин ҷарии бетаг ҳаво диҳад. Дар чунин ҳолат бояд ба поён нигоҳ накунӣ ва оҳиста-оҳиста роҳро идома бидиҳӣ.

Дар яке аз гардишҳо пайроҳа ба ду тақсим шуд. Яке росту ҳамвор мерафт. Дигаре якбора боло мешуд. Дар ҳар ду ҳам пайи тозаи сайёҳон менамуд. Мо рост равон шудем ва тақрибан баъди 50 метр дар пайроҳа мореро дидем, ки ҳалқа зада, дар офтоб гарм мешуд. Маълум буд, ки агар сайёҳон бо ин роҳ мерафтанд, мор дар пайроҳа намехобид. Мо пас гашта, роҳамонро идома додем ва ба болои ағба наздик мешудем. Баъди чанд гардиш ниҳоят ба болои ағба расидем. Он тараф водӣ буд ва роҳ аз ҳамворӣ мегузашт. Дар атроф дарахтони бузург зиёд буданд. Мо дар сояи дарахте дар сари роҳ нишаста об нӯшидем ва каме истироҳат кардем. Ба соат нигаристам, ағбаро дар ду соат баромада будем.

Суҳбатҳои сари роҳ

Ҳамин вақт як гурӯҳи сайёҳон ағбаро баромада ба мо расиданд ва онҳо низ барои истироҳат истоданд. Бо яке аз онҳо, ки хушчақчақ буд, суҳбат кардам.

– Ман тоҷирам, аз Регар (шаҳри Турсунзода),- худро муаррифӣ кард ӯ.- Бо ҷӯраҳо ба тамошои кӯл омадем. Ба ростӣ, агар медонистам, ки ин ағбаро баромадан ин қадар азоб аст, дар поён, дар лаби дарёи Қаратоғ истироҳат мекардам.

– Чӣ тиҷорат мекунед?,- пурсидам аз ӯ.

– Сабукрави «Тойота» дорам, ки барои боркашонӣ қулай аст. Бо он дар мавсим аз вилояти Хатлон помидор, гулкарам ва ҳандалаку харбуза оварда, ба савдогарони бозори Регар мефурӯшам. Масалан, ҳоло ҳар рӯз аз Қумсангир то ҳазор дона ҳандалакро ду сомонӣ мехарам ва яклухт 4-5 сомонӣ мефурӯшам. Ҳар рӯз нонпулиамро меёбам.

­­- Ҳандалак тамом шавад, чӣ кор мекунед?

– Кор ҳамеша ҳаст. Дар Хатлон сабзавоту мева барвақт мерасад ва дар ин мавсим аз он ҷо бор меорам. Баъд маҳсулоти деҳқонии Шаҳринаву Турсунзодаро аз қабили помидору ангур ба Бозори Ҳоҷӣ Шарифи Бохтар бурда яклухт мефурӯшам. Хуллас, тамоми сол савдо мекунем,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бо онҳо хайрухуш карда, роҳамонро идома додем. Дар пеш дашти ҳамвор буд ва дар он дарахтони яка мерӯиданд. Вақте ки соли 2008 ба ин ҷо омада будем, дашт аз марғзори сералаф иборат буд. Ҳоло бошад, мо 22 рӯз пештар аз он вақт омада бошем ҳам, аллакай марғзорро бузу гӯсфандон чарида буданд ва он зебоии пешина ба назар намерасид. Воқеан, дар тарафи шимоли мо, дар доманакӯҳ рамаи гӯсфандон дар чаро буд.

Дар марғзор, ки як майдони футбол барин масоҳати ҳамвор дошт, бо гурӯҳи чорнафараи кӯҳгардони касбӣ вохӯрдем, ки синнашон аз 50 боло буд. Онҳо аз кӯл бармегаштанд. Лаҳзаи ба ҳам наздик шудан яке аз онҳо «Устод!» гуфта хитоб кард. Ӯ айнаки сиёҳашро аз чашм гирифт ва бо ман оғӯш кушода салом кард. Дар пеши ман шогирдамон Шамсиддин Қаҳҳоров, ҳавонаварди чархбол меистод. Шамсиддин аз фаробиҳои шаҳри Панҷакент буд ва ҳамшаҳрии ҳамсабақи ман Саъдулло Ҳайдарӣ маҳсуб мешуд. Ҷияни ӯ шогирди бевоситаи ман буд. Худи Шамсиддин ҳам баъдан дар магистратура таҳсил карда, шогирд шуда буд. Шамсиддин ба кӯҳнавардӣ ва парапланронӣ шуғл меварзид.

– Мо дирӯз бо меҳмонон – кӯҳнавардони тошкандӣ ба деҳаи Ҳакимӣ омадем. Шаб дар бинои дидбонгоҳи тахрибгашта истодем ва саҳар барвақт ба роҳ баромадем ва ҳаво гарм нашуда ба кӯл расидем. Дар соҳили кӯл дам гирифтем ва чой нӯшида баргашта истодаем. Мехостем, ки ба кӯли Париён равем, вале меҳмонон монда шуданд, мехоҳанд, ки ба шаҳр баргардем.

– Воқеан, ман имсол ба нафақа баромадам. Шумо чӣ ҳол доред?

– Ман ҳам дар нафақаам, вале дарс мегӯям. Маблағи нафақа ба 10 рӯзи харҷи рӯзгор ҳам намерасад,- гуфтам ман.- Вагарна, истироҳат карда, вақтамро ба эҷоди асарҳои илмиву бадеӣ сарф мекардам.

Ҳамроҳони Шамсиддин дар қиёми рӯз дар офтоби тафсон наистода поён рафта буданд, то дар сояе паноҳ ёбанд.

Бо Шамсиддин хайрухуш кардем.

– Маро нашинохт. Чанд маротиба ба назди ман барои ташхис омада буд,- гуфт Алиҷон, ки дар ду соли охир вазнаш тақрибан 30 кило афзуда буд.

– Албатта, намешиносад. Агар ман ҳам туро дар ягон ҷои ғайриинтизор медидам, намешинохтам, хеле чоқ шудаӣ,- гуфтам ман.

Мо марғзорро гузаштем ва баъди ин роҳ ба сӯи баландӣ мебурд. Ҳаво гарм шуда, роҳгардӣ мушкил мегардид. Бинобар ин мо дар ҳар соя дам гирифта, ҳаракат мекардем. Оби нӯшокиамон тамом шуд ва Алиҷон барои об овардан ба дарёчаи Темурдара, ки аз наздикиҳо дар пастхамӣ ҷорӣ буд, равона шуд.

Ман аз паси ӯ оҳиста-оҳиста, дам гирифта бо пайраҳа боло шудан гирифтам. Ниҳоят, тақрибан баъди ним соат Алиҷон аз пешам баромад. Ӯ нав об гирифта ба пайраҳа баромада буд. Воқеан, ин ҷо рӯд аз назди пайраҳа, дар наздикии қариб даҳ қадам мегузашт. Мо об нӯшида, дар сояи дарахте нафасамонро рост кардем ва боз роҳамонро идома додем.

Ҳамин ҷо оби рӯд аз зери кӯҳ шорида мебаромад. Дар ноҳияи Шаҳринав се кӯл: Ҷувозак, Темурдара ва Париён дар натиҷаи заминларза ва лағшиши кӯҳ пайдо шудаанд. Яъне, кӯҳпора пеши дарёро бастааст ва дар натиҷа ин кӯлҳо пайдо шудаанд. Аслан оби ин кӯлҳо аз зери кӯҳпораҳо чун оби чашма шорида мебаромаданд. Вале солҳои охир бо афзоиши обшавии пиряхҳо оби кӯлҳо афзуда, аз болои сарбанд ҷорӣ мешаванд.

Мо дар соя дам мегирифтем, ки як гурӯҳи калони сайёҳон аз шаҳри Душанбе дар пайраҳа пайдо шуданд. Яке дар даст қуттии тухми мурғ дошту дигаре анвои хӯрокворӣ. Як нафар дар пакети селофанӣ сабзии резакардашуда дошт. Ҷавоне дар селофани сафед тақрибан 5 кило гулмоҳии тозакардашуда мебурд. Ду нафари дигар бо худ беш аз 10 кило гӯшти гов доштанд. Як нафар тарбузро сари китф карда буду дигаре дар як пакети селофанӣ чанд ҳандалак дошт. Онҳо боодобона салому ҳолпурсӣ мекарданд:

– Амак, ҳолатон хуб аст? Ягон кумак даркор нест?

– Раҳмат бачаҳо. Мо барои дамгирӣ истодаем. Баъди нафасамонро рост кардан ҳаракат мекунем,- посух медодам ман.

– Амак, то кӯл дур аст?

– Не, мушкилашро баромадед, паси ана ҳамин теппа кӯл аст,- кӯҳи дар шарқ бударо нишон додам ман.

Баъди чанд лаҳзаи гузаштани онҳо гурӯҳи дигари сайёҳон ба мо наздик шуда, баъди салому ҳолпурсӣ муроҷиат карданд.

– Тағо, аз ҳамин ҷо бачаҳо нагузаштанд? Мо ақиб мондем,- гуфт яке, ки дар дасташ як селофан помидор дошт.

– Ягон бист нафар гузаштанд.

– Мо чандон ақиб намонда будаем. Ними гурӯҳ гузаштааст. Мо 40 нафар омадаем,- гуфт ин ҷавон ва афзуд:- Амак, помидор намехоҳед?

– Не, ҷиян. Раҳмат.

– Шумо аз куҷо омадед?,- пурсидам ман.

– Мо аз шаҳри Душанбе. Дар бозори Кӯшониён савдо мекунем. Бо ҳамкорон тасмим гирифтем, ки дар ин рӯзи истироҳат ба тамошои кӯли Темурдара биёем. Бачаҳо дар Инстаграм кӯлро тамошо карда, хоҳиш карданд, ки ба дараи Қаратоғ омада, онро бубинем.

– Ин коратон хуб аст. Як мавзеи навро мебинед,- ба суҳбат ҳамроҳ шуд Алиҷон ва мо ҳам аз ҷоямон хеста, роҳро идома додем.

Аз пеш дарёча баромад. Аз пули дучӯба ба соҳили рост гузаштем. Ба ёдам ҳаст, ки қаблан барои ба кӯл рафтан ягон дарёчаро гузаштан лозим набуд. Зеро оби кӯл аз зери сангҳо тақрибан 500 метр поинтар аз сарбанди он полида берун мебаромад. Баъдан маълум шуд, ки аз серобӣ кӯл лабрез шуда, аз сарбанд берун мерафтааст.

Акнун роҳ аз сангзор ба баландӣ мебурд. Аҳён-аҳён сари роҳ дарахтон рӯида буданд. Мо ҳам аз фурсати муносиб истифода карда, баъди ҳар 20-30 метри ҳаракат дар сояи дарахтон нишаста, 5-10 дақиқа нафасамонро рост мекардем ва роҳамонро идома медодем. Ниҳоят ба ними ин кӯҳ расидем. Боз аз пеш дарёчае баромад, ки барои аз болояш гузаштан пуле надошт. Вале роҳгузарон дар дарё сангҳои ба як пой баробарро гузошта, барои гузаштан мувофиқ карда буданд. Ман дидам, ки аз болои ин сангҳо, ки меҷунбиданд, гузашта наметавонам ва ба дарёча афтиданам эҳтимолият дорад.

– Шумо дар сояи дарахти лаби дарё нишаста дам гиред, ман болообро мебинам. Шояд гузаргоҳи дигаре пайдо бикунам,- гуфт Алиҷон ва қад-қади дарё боло шуд. Баъди тақрибан 50 метр ӯ аз болои сангҳои калон ба соҳили рост гузашт.

– Аз ин ҷо бемалол гузашта метавонед,- гуфт Алиҷон.

Ман аз ҷо хестам ва ба сӯи гузаргоҳ боло рафтам. Ин ҷо дарёча аз баландӣ ҷорӣ мешуд ва суръаташ баланд буд. Вале ба ҳар ҳол, он одами калонро бурда наметавонист. Дарёча аз байни сангҳои калон ба поин ҷорӣ мешуд ва ба болои ин сангҳо пой гузошта ба соҳили дигар гузаштан мумкин буд. Ман ба таёқи дастам такя карда, аз дарё гузаштам. Алиҷон чун дид, ки ман дарёро гузаштам, гуфт:

– Шумо оҳиста-оҳиста, дам гирифта омадан гиред, ман пеш-пеш рафтан мегирам. Ба фикрам, кӯл наздик аст.

– Бемалол рафтан гир, ман аз пасат омадан мегирам,- гуфтам ба ӯ.

Наздик шудани кӯл ба ман як неруи тозае дод ва нафастангӣ аз байн рафт. Як маротиба дар сояи дарахт нишастам ва баъдан тақрибан 300 метри дигарро наистода баромадам. Ниҳоят ба баландӣ расидам. Аз ин ҷо кӯл чун рӯи даст намудор буд.

Кӯли Темурдара

Роҳ аз сӯи соҳили ғарбӣ, аз наздикии дарёчае, ки аз кӯл мебаромад, мегузашт. Дар поёни дарёча соҳили ҷанубӣ воқеъ буд. Соҳили шимолӣ ва ҷанубӣ барои истодан қулай ва ҳамвор нест. Бинобар ин сайёҳон аксар ба соҳили шарқӣ мераванд, зеро ин ҷо оғози резиши дарёи Темурдара ба кӯл аст. Дар ин соҳил бедзоре воқеъ аст. Ин ҷо метавон дар оби сарди кӯл оббозӣ кард ва дар регзори соҳил гарм шуд.

Бино ба маълумоти муҳаққиқон, кӯли Темурдара дар натиҷаи заминларза пеши дарёро бастани кӯҳпора ба вуҷуд омада, дарозиаш аз ғарб ба шарқ 500 метр, бараш аз ҷануб ба шимол 171 метр ва масоҳати умумиаш 0,11 км мураббаъ мебошад. Чуқурии кӯл бошад, қариб 16 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби кӯл дар охири моҳи июн ва аввали моҳи сентябр ба 1 миллиону 380 ҳазор метри кубӣ мерасад. Ин мавзеъ аз сатҳи баҳр дар баландии 1970 метр ҷойгир аст, ки аз шаҳри Душанбе тақрибан 1150 метр баландтар аст. Аз сари пули гардиши маркази ноҳияи Шаҳринав (посёлкаи Шаҳринав) то кӯли Темурдара тақрибан 36 км масофа аст. Воқеан, масофаи роҳ аз шаҳри Душанбе то гардиши деҳаи Қаратоғ 42 км мебошад.

Ман аз боло поин шудам ва дар соҳили ғарбӣ Алиҷонро бо Анис дидам, ки дар сояи бед нишаста буданд. Ман ҳам ба назди онҳо рафтам ва болои санге дар соя нишастам.

– Мо ду соат пеш расидем,- гуфт Анис.-  Ман ин ҷо шуморо интизор истодаам. Нодир бо Эҳсон ба соҳили шарқӣ рафтанд ва ҳозир меоянд.

Ман ба соати телефони дастӣ нигаристам. Соат расо се шуда буд. Ҳозир мо дар 5 соат ба кӯл расидем. Соли 2008-ум ин масофаро дар се соат тай карда будем.

– Вақт кам аст. Ақаллан соати чор пас гаштан лозим, вагарна дар торикӣ дар дара мемонем ва мошин рондан дар ин роҳи хароб хеле мушкил аст,- гуфтам ман.

– Бале, дуруст мегӯед. Дар рӯшанӣ мошинро ба чуқуриҳо зада-зада овардем,- сухани маро тақвият дод Алиҷон ва афзуд:- Биёед, ягон чиз хӯред, вақти хӯроки нисфирӯзӣ кайҳо гузашт.

Ман сару рӯямро дар дарёчае, ки аз кӯл мебаромад, шуста, пеши онҳо баргаштам. Алиҷон анвои хӯрокаро аз борхалта, ки Эҳсон бардошта оварда буд, берун баровард. Ман пакети гелосу бодирингро гирифта барои шустан ба лаби дарёча овардам. Аввал пакети бодиринг ва баъд гелосро шустам. Пакетҳо пуроб буданд. Барои холӣ кардани об чӯбчаи нӯгтезеро гирифта, аз таги пакет сӯрох кардам. Дар як лаҳза об аз пакетҳо берун шуд.

Ҳамин вақт Нодиру Эҳсон низ баргаштанд. Мо ба ғизохӯрӣ нишастем. Мо бо худ хӯроки саридастӣ гирифта будем. Зани Анис барои мо бегоҳ пирожкии бо картошка пухта, 15 дона тухм ҷӯшонида буд. Ба ғайри ин нон ва шириниҳо низ доштем. Ман чор дона пирожки ва як дона бодирингу каме гелос хӯрдам. Аз хастагӣ ба ғайри об дигар аз гулӯ чизе намегузашт.

– Ба ёдатон бошад, 17 сол пеш вақте ин ҷо омада будем, табиат тамоман дигар буд,- гуфтам ман ба бародарон.

– Он вақт 22 рӯз дертар аз ҳозира омада будем, вале табиат сабзу хуррам буд. Ҳоло сабзазореро намебинӣ,- гуфт Алиҷон.

– Он вақт ғайри худамон дигар касе ин ҷо набуд. Ҳоло бошад, дар соҳили шарқӣ барои пой мондан ҷой нест,- гуфт Нодир.- Шояд ҳоло беш аз 100 нафар ба ин ҷо омада бошанд.

– Ман бори сеюм аст, ки ин ҷо меоям. Ҳеҷ вақт об аз болои сарбанд ҷорӣ намешуд,- мушоҳидаашро гуфт Анис.

– Воқеан ҳам, тағйирёбии иқлим мушоҳида мешавад. Оби кӯл зиёд шудааст,- гуфтам ман.- Ба назар чунин мерасад, ки кӯҳпораву сангреза фаромада, роҳро дигар кардааст. Пеш роҳи кӯл чунин душвору пуразоб набуд.

– Ман ин ҳолатро чанд сол пеш, 15-уми августи соли 2021, ҳангоми сафари кӯли Париён низ мушоҳида карда будам. Ман он ҷо ба шумо гуфта будам, ки соли 1975-ум, вақте ки ман бори аввал ба кӯли Париён омадам, роҳаш мушкилгузар набуд. Дар соҳили шимолӣ кӯҳ ба кӯл намечаспид ва роҳи ҳамвор аз он ҷо мегузашт. Ҳамчунин дар ин соҳили кӯл, дар лаби об буттаҳои зиёди марминҷон мерӯид. Ҳоло бошад, кӯҳпораву сангрезаҳо ба кӯл мерасанд ва пайроҳа аз болои сангрезаҳо мегузарад. Аз марминҷон бошад, нишоне ҳам намондааст, шояд зери об ё сангрезаҳо мондаанд,- гуфтам ман.

Мо суҳбаткунон ғизо хӯрдем ва баъдан дар пасманзари кӯл акс гирифтем.

Бозгашт

Соати расо 4 барои ба деҳаи Ҳакимӣ баргаштан ба роҳ баромадем. Албатта, ҳангоми фаромадан кас нафастанг намешуд ва мо камтар дар роҳ истода дам мегирифтем. Мушкилӣ дар роҳи нишеби баландиҳо пеш меомад. Зеро ҳангоми фаромадан вазни бадан ба зонуҳо таъсир карда, ба мушакҳои пой зӯр меовард. Мо зуд ба роҳи ағба расидем ва пеш аз фаромадан тасмим гирифтем, ки каме истироҳат карда, баъд роҳро идома диҳем. Мо дар сояи дарахтон нишаста будем, ки гурӯҳи «дайдучаҳо» низ баргаштанд. Онҳо низ каме дам гирифта, нафас рост карданд ва баъдан бо роҳи ағба пойин шуданд. Мо каме интизор шудем, ки онҳо поинтар фароянд. Зеро дар роҳи пурпечутоби ағба агар санге аз зери пои касе канда шавад, он сангҳои дигарро бо худ нишеб карда, дар поин метавонад дигаронро маъюб бикунад ва ҳатто бикушад.

Ниҳоят мо ҳам ба роҳ баромадем. Пешопеш Эҳсон ва баъди ӯ ман ба роҳи ағба баромадам. Аз паси ман тақрибан 10 қадам қафо Анис ва Нодир равон шуданд. Аз қафои онҳо Алиҷон меомад. Мо махсус ба ин шева мефаромадем, то дар лаҳзаи пои касе лағжидан, тавонем, ки ба ӯ кумак намоем.

Аз ағба фаромадан аз баромаданаш мушкилтар буд. Зеро вазни шахс ӯро ба пеш тела медод. Баъди тақрибан 20 дақиқа аз пеш гурӯҳи «дайдучаҳо» намудор шуданд. Онҳо ба мушкилӣ мефаромаданд. Дар хамгаште ду нафар занҳои ин гурӯҳ фаромада наметавонистанд. Ба кумаки онҳо марде шитофт. Ӯ аз мо хоҳиш кард, ки дар ҷоямон таваққуф кунем, то онҳоро ба ҷои бехавф фарорад. Мо ҳам истодем. Зеро талаботи кӯҳгардӣ ҳаминро тақозо мекард. Ниҳоят онҳо ба ҷои бехавф гузаштанд ва мо ҳам роҳамонро идома додем.

Дар чунин роҳ агар буттаву дарахтон бошад, он бехавфтар мешавад, заро агар пой лағжад ҳам, метавонӣ буттаеро дорӣ. Вале дар қитъаҳое, ки роҳ аз регзори кушода мегузарад, агар шахс аз пой афтад, сарозер ба поён меравад ва зинда монданаш дар гумон аст. Бинобар ин мо эҳтиёткорона қадам монда, пойин мешудем. Ниҳоят ба пойини ағба, ба майдони кушод расидем ва барои нафасросткунӣ болои сангҳои сари роҳ нишастем. «Дайдучаҳо» низ ин ҷо дам мегирифтанд. Ба соат нигаристам. Соат расо 6 шуда буд. Мо ағбаро дар як соат фаромада будем. Баъди ду соат торикӣ мефаромад. Дар дара бошад, торикӣ нисбат ба водӣ пештар мефарояд. То мошини мо боз қариб ним соат роҳи дигар буд. Мо ба роҳ баромадем. Вақте ба назди мошин расидем, соат аллакай шашуним шуда буд. Ману Нодиру Эҳсон дар ҷойҳое, ки таги мошин ба санг мерасид, пиёда мешудем. Дар кӯтал мо пиёда шудем ва мошинамон ба сӯи деҳаи Ҳакимӣ равон шуд. Вақте ки ба хонаҳои болои деҳа наздик мешудем, роҳро чанд нафар духтарону бачаҳои 10-12-сола бо роҳбарии зане санг монда, баста буданд, то мошин нагузарад.

– Роҳро бастед, арӯс мебаранд?,- пурсидам ман.

– Не, шофири электромобил ба 100 сомонӣ асал гирифта, 10 сомонӣ додааст,- гуфт яке аз бачаҳо.- Ҳамонро интизорем, то пулро гирем.

Мо ба роҳамон идома додем ва баъди дарёчаро аз болои чӯб гузаштан мошинамонро дидем. Алиҷону Анис баъди аз дарёча гузаштан моро интизор буданд. Алиҷон мошинро ба ҳаракат даровард ва боз азоби роҳ сар шуд. Ба мисли омадан бо мушкилӣ бармегаштем. Об аз гармии рӯз зиёд шуда буд ва бештар аз ҳотаҳо ба роҳ баромада буд. Дар бисёр ҷо таги мошин ба санг мезад. Баъзан аз пеш мошин меомад ва аз тангии роҳ ду мошин гузашта наметавонист ва яке бояд ба дигаре роҳ медод. Вақте ба деҳаи Абду расидем, шом шуд ва ҳангоми ба Куран расидан, аллакай торикӣ фаромада буд. Ниҳоят соати ҳаштуним ба деҳа расидем. Нодир ба шаҳр баргашт, пагоҳ бояд ба кор мерафт. Ману Алиҷон аз хастагӣ тасмим гирифтем, ки имшаб дар деҳа мемонем ва субҳ ба Душанбе бармегардем.

Натиҷаи ин сафар нишон дод, ки ҳоҳишмандони сафари кӯҳсор дар худи Тоҷикистон ҳам зиёданд. Вале мо дар бораи рушди сайёҳӣ бисёр ҳарф занем ҳам, барои пешравии он кӯшиш намекунем. Масалан, роҳи мошингардро, ки аз он кони ангишт, гулмоҳипарварон ва сокинони деҳаҳои Лаби Ҷӯ ва Ҳакимӣ истифода мекунанд, ақаллан бо грейдер ҳамвор кардан мумкин аст, то мошинҳои сабукрав ҳам бе мушкилӣ ҳаракат бикунанд.

Роҳи пиёдагарди ағбаро ба Темурдара 10 нафар дар 2-3 рӯз бо зоғнӯл ва белу каланд тахту ҳамвор ва бехатар карда метавонанд. Танҳо масъулият ва кӯшишу ғайрати масъулин лозим аст.

Ҷовид Муқим

08.07.2025

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь