Ё аз бузургдошти Ҳабибулло Файзулло то зиёрати Ҳазрати Султон ва  марқади Зафар Мирзоён

Рӯзи 20-уми июн мо роҳи Ховалингро пеш гирифтем ва рӯзи дигар дар маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоири ҷавонмаргу номдори тоҷик Ҳабибулло Файзулло ширкат кардем. Ин маҳфил аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати раис ва муовинони иттифоқ, шоирону носирон, мунаққидон, ҳунармандон ва рӯзноманигорони шинохта дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг роҳандозӣ шуд.

Ҳабибулло Файзулло, ки 15-уми марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинг зода шуда буд, яке аз шоирони ҷавонмарг, вале шинохтаи адабиёти муосири тоҷик мебошад. Ӯ Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкии Маскавро хатм карда, дар мақоми мухталиф хидмат кардааст. Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин маҳфил гуфт, Ҳабибулло Файзулло дар ду ҷанба муаррифгари диёр ва ватанаш буд: аввалан бо ашъораш, сониян бо меҳмоннавозиаш.

Ӯ барои тақвияти суханаш иброз дошт:

“Ҳабибулло Файзулло устод Сотим Улуғзодаро ба Восеъ овард, ки сабаби навиштани романи “Восеъ” шуд. Ҳамин тавр, устод Ҷалол Икромиро ба ин диёр овард. Ва даҳҳо шоирону нависандагони шинохтаи тоҷикро. Ҳабибулло Файзулло шеъри моро то Маскав ҳам бурд.”

Раиси Иттифоқ се хосияти асосии шеъри Ҳабибулло Файзуллоро таъкид кард:

“Ҳабибулло Файзулло мушаххас мегуфт, адрес дошт;

Аз аввалин шоирони мо аст, ки тасвиргароӣ кард, бо сухан сурат кашид;

Бо табиат пайванди мустаҳкам дошт, шоир ба ҳар гулу гиёҳ, ҷӯю чашма, дашту гулдоманҳо шеър мегуфт.

Адолати Мирзо, рӯзноманигори маъруф ва яке аз хешовандони наздики Ҳабибулло Файзулло гуфт:

“Дар 22-солагиаш узви Иттифоқи нависандагони СССР шуд. Ҳабибулло Файзулло ҷавонтарин узви ин иттиҳодия буд. Ин кори саҳл набуд.”

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, китоби нави “Дӯстон, ёди шумо базм марост”-ро рӯнамоӣ карда, изҳор дошт:

“Дар ин китоб хотираҳои дӯстон дар бораи шеър ва шахсияти Ҳабибулло Файзулло ҷамъ омадааст ва барои дарки бештари шахсият ва эҷодиёти ӯ аҳамияти зиёд дорад.”

Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гуфт:

“Бо Ҳабибулло Файзулло дар театр ошно шудам ва шоир фоҷиаи машҳури Еврипид “Медея”-ро маҳз барои ҳунарофарии ман тарҷума кардааст.”

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон таъкид кард:

“Ҳабибулло Файзулло бо вуҷуди ҷавонӣ бо чеҳраҳои адабии иттиҳоди Шӯравӣ, ба мисли Расул Ғамзатов ва Чингиз Айтматов иртиботи дӯстӣ дошт.”

Дар моварои суханрониҳои маҳфили адабӣ сарояндагон аз ашъори Ҳабибулло Файзулло таронаҳои дилнишин суруданд.

Доираи мавзӯи ашъори шоир васеъ ва доманадор буд. Дар ашъораш Ватан, модар, сарзамини зебою мардуми он, ишқу ошиқӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯз бо мазмуни баланд тараннум шудаанд. Чунон ки ӯ Ватанро зебо васф намудааст:

Ватан дар синаам бо ин бузургӣ,

Ба монанди диле маъво гирифтаст…

Ин шоири соҳибистеъдод 8-уми июни соли 1980 дар садамаи нақлиёт аз олам чашм пӯшид ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд.

Боздиди Осорхонаи Ҷӯрабек Назриев

Дар Ховалинг мо аз Осорхонаи Ҷӯрабек Назриевро боздид кардем, ки ба хотираи ин олим ва овозхони шинохтаи тоҷик бахшида шудааст.

Ҷӯрабек Назриев (23 июни 1946, ноҳияи Ховалинг — 24 майи 2020, Душанбе) доктори илми филология ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Дар осорхона бо зиндагинома ва кори илмии ин шахсияти намоён ошно шудем. Ӯ соли 1974 дар мавзӯъи “Мактабии Шерозӣ ва достони “Лайливу Манҷун”-и ӯ” рисолаи номзадӣ, соли 1996 дар мавзӯъи “Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик” рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Ҷӯрабек Назриев натанҳо олими барҷаста, балки овозхони маъруфи тоҷик буд. Дар соҳаи мусиқиофаринӣ ва сурудхонӣ соҳиби мактаби хоссае буда, чандин ҳунарманди соҳибноми ҷумҳурӣ шогирди мактаби ҳунарии ӯ ҳастанд. Асарҳои зиёди илмии ӯ дар соҳаи адабиётшиносӣ аз қабили “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мактабӣ, “Сулаймоннома”-и Зулолии Хонсорӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ

Яке аз нуқтаҳои асосии сафари мо зиёрати мақбараи Султон Увайси Қаранӣ буд. Ин оромгоҳ дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, зойирини зиёдро ҷамъ меорад. Мақбара дар деҳаи Ҳазрати Султон, дар масофаи 18 км аз маркази ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст.

Ин мавзеи таърихӣ бо табиати зебои худ, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш ва паррандагони нодир машҳур аст. Маҷмаа аз мақбара, боғ ва меҳмонхона иборат аст. Деҳае, ки мақбара дар он қомат афрохтааст, Мазори Султон ном дорад ва мардуми зиёде онро доимо зиёрат мекунанд.

Ривоёти маҳаллӣ нақл мекунанд, ки Ҳазрати Султон пеш аз маргаш ба халифа ва пайравонаш васият кардааст, ки тобути ӯро бар шутури сафед бор кунанд ва ҷасади ӯро дар ҳар ҷое ки шутур ба зону шинаду хоб кунад, бояд дар он ҷо дафн кунанд. Шутур дар ҳафт ҷой мехобад ва бедор мешавад ва он ҷойҳо ба макони муқаддас табдил мешаванд. Ниҳоят шутур дар ҷойи ҳозираи деҳаи Мазор меистад ва изи пой ва ҷойи даҳони он ҳайвон чор чашма мебарояд: Шифо, Мурод, Раҳмат ва Ганҷ.

Дар омади гап, ин чашмаҳо манбаи илҳоми шоири зодаи Ховалинг Ҳабибулло Файзулло ҳам гаштааст.

Аз саргузашти Увайси Қаранӣ нақл мекунанд, ки вақте модари бемораш об талабид, ӯ то дами бедор шудани модар дар назди бистараш бо як пиёла об истод. Модар дар ҳаққи фарзандаш дуо карда, мегӯяд:

“Писари маро ба султонӣ қабул кунед”.

Дуои модар мустаҷоб мешавад ва барои ӯ султонӣ муясар мешавад.

Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ соли 1992 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст. Соли 2004 ҳукумати маҳаллӣ онро ҳамчун “Мазори Ҳазрати Султон” ва мамнӯъгоҳи таърихӣ ба қайд гирифт.

Дуое дар оромгоҳи Зафар Мирзоён

Дар давоми сафар мо оромгоҳи Зафар Мирзоёнро низ зиёрат кардем. Ин зиёрат барои мо аҳамияти ҷудогона дошт, зеро имкон дод ба хотираи ин рӯзноманигор, публисист ва шоҳномапажӯҳи барҷаста эҳтиром гузорем.

Зафар Мирзоён (5 майи 1945 – 7 июни 2023) яке аз симоҳои маъруфи фарҳангии Тоҷикистон аст, ки зодаи Ховалинг мебошад. Ӯ хатмкардаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Ховалинг ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мақоми мухталиф хидмат кардааст.

Зафар Мирзоён муддате тарҷумон дар Афғонистон низ буд. Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили “Шоҳномахонӣ”-ро сарварӣ намуда, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дарс додааст.

Ӯ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ интишор кардааст. Андешаҳои ӯ дар 3 китоб бо унвонҳои “Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон”, “Ниёиши некон ва покон” ва “Худовандгори сухани порсӣ” ба табъ расонидааст.

Зафар Мирзоён шаби 7-уми июни 2023 дар 78-солагӣ даргузашт ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Ӯ ҳамчун раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” низ фаъолияти фарҳангӣ дошт.

Чанд ҳарфе аз Ховалинг

Ховалинг, ки як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст. Этимологияи ин калима аз шакли “хваралунка”-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, ки ба маънии “диёри офтобӣ” ишора мекунад. Табиат ва иқлими мусоид ва офтобии ин диёр таҳкимдиҳандаи ин далел мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия чандин мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кӯлдара, ки ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз кӯҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Ин сафар ба мо натанҳо имкон дод, ки дар маҳфили адабӣ ширкат кунем, балки бо таърих ва фарҳанги Ховалинг низ ошно шавем. Ховалинг бо табиати зебо, таърихи кӯҳан ва фарзандони донишманду ҳунарманди худ ҳамеша ҷойи алоҳидае дар дили мо хоҳад дошт.

МЕҲРОФАРИН

Душанбе – Ховалинг – Душанбе, махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь