Ализод Азизулло 7 январи соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Абдулҳафиз Одиназодаро иваз кард.
Ализод Азизулло зодаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон буда, соли 1983 ба дунё омада, фаъолияти кориашро соли 2006 аз роҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Кӯшониён оғоз карда, баъдан раиси Кумитаи идораи замини ин ноҳия ва як соли охир муовини аввали раиси ноҳияи Кӯшониён фаъолият кардааст.
Нақшаҳо дар оянда
Ализод Азизулло, зимни як сӯҳбати кӯтоҳ ба “Фараҳ” гуфт, ки нақшаҳои кориашро сараввал аз корҳор ободониву бунёдкорӣ оғоз карда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд истиқбол мегирад.
Ҳамзамон номбурда илова кард, ки баҳри рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон, занон чораҳои зарурӣ андешида ҳама мушкилоту камбудиҳои дар ин соҳаҳо бартараф хоҳад кард.
Ҳамзамон, баҳри таъмини сокинон бо ҷойи кор ва зиндагии шоистаи онҳо талош карда, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро дар ноҳия зиёд карда, афзоиши маҳсулоти саноатиро афзун намояд.
Номбурда илова кард, ки ноҳияи Ҷайҳун, ки “таъминкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, баҳри рушди ин соҳа талош хоҳем кард.
Дар фарҷоми суҳбат Ализод Азизулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки дар давраи роҳбариаш дар ин ноҳия пеш аз ҳама барои рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош карда ба назди мардуми оддӣ рафта, баҳри бартараф кардани мушкилоти онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
дар бахши минтака монед

Раиси нави Ҷайҳун кист? Ва чи нақша дорад?
Блоки рекламавӣ


