Пирзода Диловар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 7 январи соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Бахтиёр Назарзода раиси ин шаҳр таъин гардид. Мавсуф фаъолиятро аз чӣ оғоз мекунанд ва барои рушти шаҳри Кӯлоб чи нақша дорад?
Хизмат ба халқу ватан вазифаи аввалиндарача
Пирзода Диловар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбати телефонӣ ба “Фараҳ” гуфт, ки “аввалин коре, ки ӯ дар шаҳр анҷом медиҳад, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва хизмати содиқона ба халқу ватан аст”.
Дар идома ӯ қайд кард, ки “шаҳри Кӯлоб, яке аз шаҳрҳои калонтарини вилояти Хатлон буда, барои ободу зебо гардонидани маркази шаҳр то дурдастарин деҳаҳо чораҳои зарурӣ меандешад, то сокинони шаҳро бо ҷойи кор таъмин намуда, барои некӯаҳволии онҳо шароити хуб фароҳам оварад”.
Иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар мадди аввал
Пирзода Диловар афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2026-ро “Соли таҳкиму вусъат додани корҳои ободонӣ” эълон намуданд. Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зебоиву тозагии маҳалҳо, рушди инфрасохтор ва сафарбарсозии ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад. “Мо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари талош мекунем, ки корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд истиқбол гирем” – изҳор дошт мавсуф.
Бартараф кардани мушкилоти сокинони шаҳр мароми мост
Номбурда дар идома гуфт, ки барои ҳаллӣ мушкилоти сокинони шаҳри Кӯлоб ба назди онҳо рафта аз наздик ба онҳо сӯҳбат карда, мушкилоту камбудиҳои сокинонро бартараф хоҳад кард.
Ҳамзамон, баҳри таъмини сокинон бо ҷойи кор бунёдии коргоҳу корхонаҳои нави санатиро зиёд карда, таваҷҷуҳашро ба ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ зиёд мекунад.
Пирзода Диловар кист?
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода 44 сола буда фаъолиятро аз “Тоҷикзаминсоз” оғоз карда, баъдан ҳамчунин раиси Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва минтақаи Кӯлоб фаъолият кардааст. Ҳамзамон, ӯ ду сол солҳои 2022–2024 раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон буда аз соли 2024 то рӯзи 7 январи соли 2025 ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон фаъолият мекард.
Пирзода Диловар, рӯзи 7 январи соли ҷорӣ бо Фармони Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Бахтиёр Назарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь