Гулистон!
Бозоре, ки бо кӯдакӣ ва наврасии мо пайванди зич дошт.
Бозоре, ки на танҳо макони тиҷорат, балки маркази ризқу рӯзӣ, ҷӯшу хурӯши зиндагӣ, ва мушкилосонкуни мардуми Панҷакент буд…
Солҳои наврасии мо модарам дар дӯкони шафати бозор дӯзанда буданд. Мо бо шавқу шитоб барои ришта, матоъ, ё чизе ба он медавидем.
Имрӯз, ки он ба хок яксон шуд, фақат молу чиз насӯхт балки ормонҳо, хотираҳо, меҳнатҳои сахту сангин, ёдҳои гарму сарди роҳи ағбаҳою гузаргоҳи сарҳадии Саразм ва роҳи ризқи садҳо нафар хокистар шуд.
Соҳибкорони бечора ба хокистар табдил ёфтани чизу пулашонро не, хушҳолиашон, оромиш ва ниҳоят орзуҳояшонро мисли навори даҳшатнок диданд.
Ва дақиқан ба саломатии тану ҷонашон зарба хӯрданд.
Ҳатто ҳастанд шахсоне, ки бо умеди беҳтар кардани рӯзгори худ бори зиёдеро ба қарз гирифтаанд.
Ин сӯхтор фақат як фоҷиаи моддӣ нест — ин доғи бузурги хотираҳо ва меҳнати дастаҷамъии чандин насл аст.
Ба хешу пайвандони бозоршин, ба ҳар як фурӯшанда, коргар, мизоҷ ва хонаводае, ки аз ин мусибат зарар дид, ҳамдардам, зеро аҳли ин соҳа набошам ҳам, гоҳ гоҳ азобу меҳнаташонро дарк кардаам…
Мафтуна Қосимзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь