Соли 2019-ум зимни як сафарии кории худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар баъди ифтитоҳи Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов санги асоси боғи навро дар масоҳати 48 гектар гузошта буд. Аммо то ҳол ин боғ бо омилҳои гуногун бунёд нагардидааст. Ин дар ҳолест, ки аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар лоиҳаи боғи мазкур хело зебову замонавӣ омода карда шудааст.
Раиси вилоят дар бораи бунёди боғ чӣ гуфт?
Раиси вилояти Хатлон зимни нишасти хабарии худ оид ба масъалаи бунёди ин боғ гуфт, ки яке аз масъалаҳои мавҷуд дар шаҳри Бохтар, ин набудани як мавзеъи хубу замонавӣ ва васеъ барои истироҳати шаҳрвандони шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Бохтар боғу гулгаштҳои зиёданд, ки ҳамаи онҳо барои истироҳати сокинон бозсозӣ шуданд, аммо имкноияташон маҳдуд аст.
Аз ҷониби Роҳбари давлат дастур дар бораи бунёди як боғи фарҳанги фароғатӣ барои мардуми Бохтар шуда буд, тибқи ҳамин дастур мо ба таври хаттӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Заминҳое, ки барои ин боғ пешбинӣ шудааст, заминҳои кишоварзӣ аст. Тибқи қонунгузории кишвар иҷозати Ҳукумати кишвар лозим аст. Муттасиффона аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ пешниҳоди мо дастгирӣ наёфт. Мо корбарӣ мекунем ва боз муроҷиат менамоем. Мо омода будем, бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва бо дастгирии соҳибкорон як боғи намунавӣ, барои сокинон бунёд кунем, – гуфт раиси вилоят.
Шаҳрдори Бохтар лоиҳаи боғ омода аст, аммо
Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдумаҷид соли гузашта зимни нишасти хабарии худ, иттилоъ дода буд, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Бохтар дар масоҳати 58 гектар боғи замонавӣ бунёд карда мешавад.
-Лоиҳаи ин боғ аллакай омода аст, аз руйи лоиҳа боғи нави замонавӣ бо тамоми шароити истироҳату фароғат сохта мешавад.
Собиқ шаҳрдори Бохтар низ аз баҳси худ бо кумитаву идораҳо изҳори нигаронӣ карда буд
Исмоилзода Абдуалим, собиқ раиси шаҳри Бохтар, зимни як нишасти хабарии худ иттилоъ дода буд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои боғе, ки аз ҷониби Роҳбари давлат санги асос гузошта шуда буд, омода аст, аммо мутаассифона Кумитаи даллатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон он вақт тақозо карда буд, ки бояд парвандаи ҳар як бинои ин маҷмааи фароғатиро дар алоҳидагӣ тайёр кунем.
Орзуи сокинони шаҳр оё амалӣ мешавад?
Айни замон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар як боғи нисбатан мукаммали фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р. Мурчаев мебошад, ки бинобар хурд буданаш, имкони ғунҷоиши ҳамаи хоҳишмандонро надорад.
Аз ноумедиҳо басе умед аст…
Бунёди боғе, ки Пешвои миллат соли 2019 капсулаи нома ба наслиҳои оянда ва санги асоси онро дар масоҳати 48 гектар гузошта буд, ин орзӯи деринаи мардуми шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он аст. Умед дорем, ки масъулони Вазорату идораҳои болозикр дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар барои бунёди боғи мазкур хулосаи худро хоҳанд дод.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь