Наворбардории наздикон дар озмунҳо зери нигаронӣ
Дар замоне ки технология ба як бахши ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтааст ва ҳар лаҳза метавонад ба воситаи як телефони одӣ сабт ва ҳифз гардад, як суоли муҳим матраҳ мешавад: чаро баъзе ҳакамони озмунҳо иҷозат намедиҳанд, ки наздикони довталабон ҳунарнамоии ӯро ба навор гиранд?
Ин рафтор на танҳо волидайн ва дӯстони довталабро дар ҳайрат мегузорад, балки як муҳити нофаҳмӣ ва эҳсоси дуршавӣ миёнӣ иштирокчӣ ва ташкилкунандагони озмун эҷод мекунад. Барои бисёре аз наздикон, сабт кардани ҳунарнамоии фарзанд, шогирд ва ё дӯсташон на танҳо як коре барои хотира, балки як амали пурмуҳаббат ва ифтихор аст. Вале вақте иҷозаи чунин сабт дода намешавад, гӯё он гармӣ ва эҳсоси дастгирии равонӣ аз миён меравад.
Имкониятҳои нав ва маҳдудиятҳои кӯҳна
Яке аз баҳсҳои асосии ҳакамон ин аст, ки наворбардории ғайрикасбӣ метавонад муҳити озмунро халалдор кунад ё сабаб шавад, ки ҳунарнамоии дигарон низ бе иҷозат паҳн гардад. Дар баъзе мавридҳо, сабтҳои ғайрикасбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, ба баҳсҳои беасос ва интиқодҳои нодуруст замина фароҳам меоранд.
Далели дигар, ҳуқуқи муаллифӣ ва моликияти зеҳнӣ мебошад. Агар озмуне бар пояи барномаи расмӣ ё сенарияи махсус ташкил шудааст, ташкили видеоҳои бе иҷозати расмӣ метавонад боиси нақзи ҳуқуқи муаллифон ва созмондиҳандагон гардад. Ҳамчунин, баъзе довталабон худ низ мехоҳанд, ки ҳунари онҳо танҳо дар муҳити расмӣ ба намоиш гузошта шавад ва аз паҳншавии тасвирҳои номуносиб дар шабакаҳо худдорӣ мешавад.
Аммо бо вуҷуди ин, набояд фаромӯш кард, ки манъи комили наворбардорӣ бе шарҳи равшан метавонад таассуроти манфӣ дар байни волидайн ва мухлисон ба бор орад. Онҳо худро канорзада эҳсос мекунанд, ва шояд ҳатто гумон баранд, ки шаффофияти озмун зери суол рафтааст, ки ин ҳақиқати воқеӣ дорад.
Ҳалли ин мушкилот дар тавозуни оқилона аст. Масалан:
– Имкони сабти расмӣ: агар ташкилкунандагон худашон навори касбӣ омода кунанд ва онро дар ихтиёри иштирокчиён гузоранд, бисёре аз волидайн эҳсос намекунанд, ки аз ин таҷриба маҳрум шудаанд.
– Нигоҳ доштани фосилаи муайян барои наворбардорӣ: бо ҷойгиркунии дуруст ва назорат, новобаста ба ҳузури камераҳо, метавон оромии муҳити озмунро таъмин кард.
– Иҷоза бо шарт: ба волидайн фаҳмонида шавад, ки наворҳои сабтшуда набояд ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёбанд, агар ҳуқуқи муаллиф поймол шавад.
Дар натиҷа, суол ин нест, ки чаро навор гирифтан манъ аст, балки чаро шароит ва равобити хуб байни довталабон, волидайн ва ҳакамон ба вуҷуд оварда намешавад.
Бо фазои шаффоф, муназзам ва ҳамкорона, метавон ҳам эҳтироми ҳунари довталабро нигоҳ дошт, ҳам эҳсоси ифтихори волидайнро бе ихтилофу норозигӣ.
Аммо суоли дигар ин аст: оё манъ кардани пурра сабти лаҳзаҳои шахсӣ роҳи беҳтар аст? Чаро ба ҷойи манъ кардан, тартиботи муайяну одилона ҷорӣ намешавад, ки масалан, сабт танҳо дар минтақаи муайян бо садои паст ва бе халалрасонӣ ба дигарон иҷозат дода шавад?
Нигоҳ аз зовияи равонӣ ва иҷтимоӣ
Барои як довталаб, дидани чеҳраи волидайн ва ё шунидани садои ташвиқкунандаи онҳо метавонад таъсири рӯҳии мусбат дошта бошад. Онҳо эҳсос мекунанд, ки танҳо нестанд. Манъ кардани сабт метавонад як навъ фишори эҳсосиро ба худи иштирокчӣ ворид намояд, гӯё байни ӯ ва наздиконаш деворе гузошта шудааст.
Пешниҳод
Ба ҷойи манъи комил, бурдани як низоми равшани танзими наворбардорӣ беҳтар аст. Мисли:
– Сабт танҳо аз масофаи муайян ва бе халалрасонӣ ба дигарон.
– Баъд аз анҷоми озмун, имкони сабти дубора барои шахсони наздик фароҳам шавад.
– Дар ҳолати зарурӣ, худи ташкилкунанда наворҳои ҳунарнамоии довталабонро ба наздикон дастрас кунад.
Ҳар озмун на танҳо майдони рақобат, балки майдони эҳсос ва ифтихори хонаводаҳо низ ҳаст. Наворбардорӣ як роҳи ҳифзи хотира ва эҳсосоти гарми лаҳзаҳост. Ба ҷои манъ, бояд онро танзим кард, бо эҳтиром ба довталаб, наздиконаш ва низоми озмун. Зеро санъат ва истеъдод, вақте ки бо муҳаббати наздикон омехта мешавад, ҳақиқатан шукуфо мегардад.
Камолиддин Каримов,
узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон