Дар як деҳаи кӯҳистонии вилояти Суғди Тоҷикистон муҳоҷирони корӣ синфхонаҳои нав сохтанд.
Имрӯз, 24-уми сентябр хонандагони мавзеи Дашти Моҳхон, маҳаллае дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ соҳиби синфхонаҳои нав шуданд. Муассисаи мазкур, соли 2015 бо маблағгузории Ҳукумати ноҳияи Айнӣ бунёд шуда, аз 7 синфхона иборат буд. Муҳассилини маҳалла то синфи чор дар ин муассиса таҳсил карда, барои омӯхтани дониш дар синфҳои болоӣ ба муассисаи садамавии деҳаи Фатмев, ки дар масофаи 3 километр дур ҷойгир аст, мерафтанд.
Дар авоили соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ, Равшан Раҳимзода зимни як сафари кориаш дар ин деҳа, ба сокинон гуфт, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, ки бунёдаш нотамом аст, сохтмонаш аз сар гирифта мешавад. Он замон маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ низ бо нашри чанд акс аз оғози сохмони муассисаи нави дуошёна дар деҳаи Фатмеви ҷамоати деҳоти Рарз хабар дода буд.
Моҳи майи соли 2025 бошандагони маҳаллаи Моҳхон пешниҳод карданд, ки дар ошёнаи дуюми муассиса синфхонаҳои нав бунёд мекунанд.
Ба иттилои сокини деҳаи Фатмев Насим Ҳошимӣ, ки масъулияти ҷамъоварии маблағро ба уҳда дошт, оғози таътили тобистона бо маблағгузории муҳоҷирони корӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони синфхонаҳо шуруъ шуданд.
“Дар давоми моҳҳои июн-сентябри соли равон синфхонаҳо ба таври ҳашари дастаҷамъонаи сокинон ва сохмончиёни деҳа бунёд шуд. Маблағгузори сохтмон муҳоҷирон ва сокинони деҳа мебошанд. Ошёнаи дуюм аз 6 синфхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва роҳрави барҳаво иборат аст. Мизу курсӣ ва дигар ашёи хониш аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи Айнӣ таъмин шудаанд”, – гуфт ин сокини деҳа.
Зимни ба истифода додани муассиса, ки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода низ дар он ҳузур дошт, сокинони деҳа аз бунёдкории муҳоҷирон ва таваҷҷӯҳи давлат нисбат ба соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ карданд. Падару модарон ва омӯзгорон таъкид намуданд, ки дар тарбияву таълими фарзандонашон аҳмияти ҷиддӣ дода, кӯшиш мекунанд, то онҳо чун наврасу ҷавони ояндадор ба камол расанд.
Таъкид бояд кард, ки аз тарафи ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар муассисаи рақамии 11 низ сохмон ҷараён дорад. Дар назар аст, моҳҳои наздик муассисаи мазкур ба истифода дода шавад.
Деҳаи Фатмев, як деҳаи кӯҳистонӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон буда, ёдгории он “Манораи деҳаи Фатмев” ба гурӯҳи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон шомил аст ва замони бунёди он ба асри 11-12 мерасад. Ин деҳа қаблан бо роҳҳои валангораш дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Меҳмононе, ки ҳангоми сафар аз роҳи ин деҳа истифода мебурданд бо нашри аксу навор аз мавзеъҳои “Сафедиён” ва “Кӯҳпар” хостори таъмири роҳ шуданд. Сокинони деҳаи Фатмев дар идомаи бунёдкориҳояшон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ бо Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ, роҳҳои байни деҳаро низ таъмир намоянд.
Маҳкам Маҳкамзода, махсус барои “Фараҳ”

Кӯдакони маҳаллаи Дашти Моҳхон соҳиби синфхонаҳо шуданд
Блоки рекламавӣ


