Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат ҳам маориф дар ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду устувории он таъсири амиқ ва дарозмуддат дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҳамзамон, соҳаи маорифро ҳамчун самти калидии таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ унвон намуда, иброз доштанд, ки “дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон ба масъалаи тарбияи онҳо диққати зарурӣ диҳанд. Роҳбарони шаҳру вилоят вазифадор карда шуданд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳар маҳали аҳолинишин, ки дар он то 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман барои бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муҳимияти дастгирии соҳаи маориф як ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи ташаккули ҷомеаи босавод ва ташаббускор мегардад. Соҳаи маорифи кишвар фаъолона рушд карда, шумораи бештари кӯдаконро ба таҳсил фаро мегирад. Давоми панҷ соли охир дар шаҳри Истаравшан шумораи хонандагон аз 59233 нафари соли 2020 ба 60679 нафари соли 2025 афзуда, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва васеъ кардани системаи таълимро тақозо мекунад.  Дар ин марҳила 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ воқеъ дар деҳаи Куҳандижи деҳоти Зарҳалол барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст аз ҷониби кумитаи падару модарон, деҳаи Ниҷонии деҳоти Ниҷонӣ барои 360 ҷойи нишаст дар ду баст ва деҳаи Таги чинори деҳоти Гули Сурх барои 480 нафар ҷойи нишаст дар ду баст бо кӯмаки сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар маҷмӯъ барои 1440 нафар оғоз гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон, дар давоми солҳои 2021-2025 дар назди муассисаҳои таълимӣ биноҳо ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7310 нафар ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуданд. Бо вуҷуди ин, имрӯз зарурияти рушди минбаъдаи инфрасохтори таълимро метавон қайд намуд.

Дар ин давра дар шаҳри Истаравшан 4 кӯдакистон, аз он ҷумла кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” (соли 2021) дар шаҳраки Истаравшани деҳоти Зарҳалол барои 200 нафар кӯдак, кӯдакистони хусусии “Аладдин” (соли 2022) дар шаҳраки Гули Сурх барои 100 нафар кӯдак, кӯдакистони хусусии “Донояк” (соли 2024) дар деҳаи Пошкенти деҳоти Пошкент барои 100 нафар кӯдак ва ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 бо номи “Табассуми насли Истиқлол” (соли 2024) барои 140 нафар кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар 5  соли охир бо назардошти ифтитоҳи гуруҳҳои иловагӣ наздик 1000 нафар кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд.

Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Истаравшан 60 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 1981 нафар кӯдак таъсис дода шуданд, ки нисбат ба соли 2020 31 марказ ва 1135 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Омӯзиши барвақтии кӯдак ба гирифтани таҳсили минбаъда дар муассиси таълимӣ заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва муассисаи таълимиро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир хуб мешуд волидайн бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ корҳои ободониву созандагӣ ва муҳайёнамоии шароити мусоиди таълим дар соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан вусъат доранд.

Агар ба маълумоти оморӣ таваҷҷӯҳ намоем, соли 2025 дар шаҳри Истаравшан сохтмони 25 иншооти гуногун бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, хусусан соҳибкорон, аҳолӣ ва кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Аз ҷумла: 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав барои 6240 ҷойи нишаст дар ду баст, 4 бинои нави муассисаҳои таълимии фаъолиятдошта барои 5320 ҷойи нишаст дар ду баст, 7 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4680 ҷойи нишаст дар ду баст, 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст, 2 кӯдакистон (аз ҷумла 1 кӯдакистони хусусӣ) барои 210 нафар кӯдак, 3 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 2 маҷлисгоҳ, 4 ошхона, 2 китобхона ва 3 гуруҳи инкишофи барвақтии кӯдак.

Дар маҷмӯъ, ҷиҳати фароҳам овардани 16720 ҷойи нишаст дар ду баст барои хонандагон ва фарогирии 210 кӯдак ба зинаи таҳсилоти томактабӣ сохтмони биноҳои таълимӣ идома доранд.

Ҳамзамон, соли 2025 сохтмони 1 муассисаи таълимии нав барои 3000 ҷойи нишаст (50 синфхона) дар ду баст дар деҳаи Кӯл аз тарафи соҳибкор Умаров Мансур, азнавсозии бинои МТМУ №4 аз тарафи МИҲД-и вилоят барои 2200 ҷойи нишаст дар ду баст ва МТМУ №18 аз тарафи аҳолии деҳаи Саримазор барои 1680 ҷойи нишаст дар ду баст(28 синфхона) оғоз мегарданд.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4 гурӯҳи иловагӣ дар назди 2 муассисаи томактабӣ барои 125 кӯдак ва 1 маҷлисгоҳ, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Раёсати  маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вобаста ба сохтмону азнавсозии иншоотҳои соҳаи маориф ва бартараф намудани ҳолати пайдошавии норасогии ҷойи нишаст бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр,  соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кумитаи падару модарон ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.  Ободии муассисаҳои таълимӣ рамзи эҳтиром ба илму дониш ва таваҷҷӯҳ ба насли ояндасоз ба ҳисоб меравад. Мактабҳои тоза ва замонавӣ дар шаҳри Истаравшан шароити хуб барои таҳсил фароҳам оварда, дар дили кӯдакон муҳаббат ба маърифатро меафрӯзанд.

Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Истаравшан на танҳо як амали иқтисодӣ, балки ба як иқдоми фарҳангию маърифатӣ табдил ёфтааст. Зеро ҳар як синфхонае, ки обод мешавад, ба садҳо кӯдакон имкони бештари таҳсил меорад. Истаравшан аз давраҳои қадим ба ҳайси шаҳри дониш ва фарҳанг шинохта шудааст. Имрӯз низ идомаи ҳамин суннат дар сохтмон ва ободии муассисаҳои таълимӣ таҷассум меёбад ва воқеан дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази илму маърифат мубаддал ёфта истодааст. Бо итминон метавон гуфт, ки бо чунин ободкорӣ насли донишманд ва соҳибмаърифат дар шаҳри Истаравшан ба воя мерасад ва фардои дурахшони кишварро таъмин хоҳад намуд.

Бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ!

Барои ҳамин қадами аввали ҳар як кӯдак бояд устувору дар роҳи дуруст гузошта шавад то фардо боиси ифтихори волидайну устодон гардад!

“Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь