Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар семоҳаи аввали соли 2022 хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Подшоҳзода Нуринисо суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифи кишварро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат хонда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Пешвои миллат супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
-Шуъбаи маорифи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон фаъолияти худро дар се моҳи соли 2022 тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, такмилу ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сатҳу сифати дониши хонандагон ва пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид, – гуфт Н. Подшоҳзода.
Баррасии масъалаҳо дар шӯро
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия дар ин давра 3 шӯро бо баррасии 20 масъала гузаронида шуд, ки аз он 7 масъала оид ба вазъи таълиму тарбия, 13 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳо ва фармоишҳо, рафти иҷроиши барномаҳои давлатӣ, нақша чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қарорҳои раиси ноҳия марбут ба соҳаи маориф мебошанд, ки оид ба иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Базаи кадрӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон
-Дар ҳудуди ноҳия 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, як литсей, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсиноӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 46 муассиса бо забони тоҷикӣ, 6 муассиса бо забони ӯзбекӣ ва 10 муассиса дузабона ( тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 32229 хонанда, аз ҷумла 15601 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ба таълиму тарбияи хонандагон 1706 / 847 нафар омӯзгорон, аз ин шумора бо таҳсилоти олӣ 1052 / 337, бо таҳсилоти олии нопурра 19/14,бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 493 / 362, бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 142 / 134 нафар ( ки аз ин шумора 128 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар дар курсҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд) машғул мебошанд, – зикр кард ҳамсуҳбатамон ва афзуд, ки дар чанд соли охир масъалаи ба ҷойи кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ 39 нафар сафарбар карда шуд, ки то имрӯз 25 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир ва бо кор таъмин карда шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, такмилу ихтисоси бозомӯзӣ, тибқи нақшаи КТИ, ки шумораи онҳо 97 нафарро ташкил медиҳад, дар се моҳи соли ҷорӣ 94 нафар омӯзгорон ба курси такмили ихтисос сафарбар карда шуданд, ки 96,9 фоизи нақшаи моҳонаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади амалӣ намудани Қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 04.12.2013, № 12/13 оид ба иҷрои Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2013, №18/9 «Оид ба рафти татбиқи нақшаи намунавии таълимӣ, интихоби самаранокии равия ва зерравияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ», фаъолияти муассисаҳои таълимии №№ 1, 4, 8, 10, 20 ва литсейро аз рӯи равияҳои табиӣ –математикӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ба роҳ мондааст.
Фаъолияти занону духтарон дар соҳа
-Ҷалби занону духтарони лаёқатманд дар соҳаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон маврди таваҷҷуҳи ҳмешагӣ буда, шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон 52 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла як нафар мудири шуъбаи маориф, 3 нафар мушовир, 11 нафар директори муассиса ( 17,7 % ), 34 нафар муовин (54,8 % ) ва 4 нафар мудири муассисаҳои томактабӣ мебошанд. Шавқу рағбати ҷавондухтарон барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар зинаи сеюм сол аз сол зиёд шуда истодааст. Муассисаҳои таҳсилоти умумии асосиро дар соли таҳсили 2020-2021-ум 998 нафар духтарон хатм намуда , 889 нафари онҳо (87 %) таҳсилро дар зинаи сеюми таҳсилот давом дода истодаанд, – зикр кард Н. Подшоҳзода.
Бунёдкорӣ ва созандагӣ
Номбурда ҳамзамон изҳор дошт, ки азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти таълимӣ самти афзалиятноки рушди соҳаи маориф боқӣ монда, ин иқдом аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба таври доимӣ пайгирӣ карда мешавад.
Дар семоҳи аввали соли 2022, сохтмони синфхонаҳои иловагии 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба анҷом расида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №21 воқеъ дар деҳаи Эшмаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод шаш синфхона, утоқи кории директор ва хонаи омӯзгорон барои 120 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби буҷети маҳал ва соҳибкорон ба маблағи 500000 ва филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, воқеъ дар деҳаи истгоҳи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, барои 100 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 923000 аз ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» сохта бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 воқеъ дар деҳаи Ҳақикати Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод шаш синфхона, утоқи кории директор ва хонаи омӯзгорон барои 180 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби ташкилоти ҷамъияти хайриявии «Тавҳид» ба маблағи 950000 сомонӣ сохта шуда, бо иштироки Сарвазири мамлакат ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар соли 2022 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №22, 11 синфхона барои 220 ҷойи нишст дар як баст, муассисаи таълимии №23, 11 синфхонаи иловагӣ барои 220 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии №44, 3 синфхонаи иловагӣ барои 60 ҷойи нишаст ва муассисаи таълимии №50, 8 синфхона барои 160 ҷойи нишаст сохтмонаш оғоз гардид. Муассисаҳои таълимии №1,18 ва 37 аз тендер гузаштаанд ва сохтмонашон рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Сохтмони як бинои иловагӣ дар назди муассисаи томактабии №1 ва сохтмони 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умуии №17 аз ҳисоби Барномаи КАСА-1000 ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 12 ва 31 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №24, аз ҳисоби буҷети маҳал ва соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст.
Амалисозии барномаҳои давлатӣ
Вобаста ба ҷараёни амалисозии барномаҳои давлатие, ки ба соҳаи маориф тааллуқ доранд, ҳамсуҳбатамон изҳор дошт, ки ин масъала таҳти назорати ҳамешагии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қарор дорад.
Шуъбаи маориф баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, № 443 тасдиқ шудааст, як қатор корҳоро дар се моҳи аввали соли 2022 ба анҷом расонид. Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия моҳи январи соли ҷорӣ курси кутоҳмуддат оид ба омӯзиши истифодаи тахтаҳои электронӣ, видеопроектор ва барномаҳои компютериро бо иштироки 165 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳо ташкил ва баргузор намуд. Боиси қайд аст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 50 адад компютери таъмирталаб аз ҷониби Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз таъмир бароварда шуд. Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳия оид ба ҳолати барномабандӣ ва ивази қисмҳои эҳтиётӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия ёрии амалии худро расониданд.
Дастовард ва пешрафтҳои хонандагон
Тавре мавсуф дар идомаи суҳбар изҳор дошт, солҳои охир дар ноҳия рушди соҳаи тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Айни замон назди 43 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 1294 нафар кӯдаки синни 2-6 сола ва Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки 18 нафар мураббӣ бо маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ фаъолият мекунанд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф бо мақсади дарёфт ва ҷалби хонандагони шоиставу боистеъдод, иштироки онҳоро дар озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ таъмин намуд. Дар се моҳи аввали соли 2022 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Олимпиадаи фаннии вилоятӣ иштирок намуда, аз шумораи умумии хонандагони синфи 11 (96 нафар) 15 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Хонандагони синфҳои 9-10, 84 нафар дар даври вилоятӣ иштирок намуда, 8 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Хонандагони синфҳои 7-8, 81 нафар дар даври вилоятӣ иштирок намуда, 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанҳои омӯхташаванда (даври вилоятӣ) барои синфҳои 5-6 аз рӯи нуҳ фан баргузор гардид, ки 3 нафар хонандагони синфҳои 5-6 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни байналмиллалӣ «IMAS» иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 сазовори ҷойи якум ва хонандаи синфи 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон ба ҳолати 05.04.2022, 31 нафар ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятӣ бошад, сазовори 1 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм ва 23 ҷойи сеюм гаштанд. Ҳамчунин, 6 нафар хонандагони лаёқатманди синфи 11 муасисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон дар даври Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва 1 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштанд.
Дар ин давра озмуни даври ноҳиявии «Луғатдони беҳтарин» байни синфҳои 1-4 ва 5-7 баргузор гардид, ки аз муассисаҳои таълимии ноҳия 168 нафар иштирок намуда, 10 нафар хонандагони беҳтарин ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Даври ноҳиявии озмуни «Донояк» низ байни синфҳои 2- 4 баргузор гардид, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 126 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони беҳтарин ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
– Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷиҳати тақвият бахшидан ва рушди соҳа, ҳамчунин, иҷрои он ҷанбаъҳое, ки ба соҳаи маориф тааллуқ дорад, аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад, – афзуд дар анҷоми суҳбат Подшоҳзода Нуринисо.
МТЖТ



