Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифротгароӣ дар авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа, ки ба ин гирдоб осонтар печида мешаванд, ҷавонон мебошанд. Ташкили корбарӣ оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи коршиноси масоили динӣ М. Маҳрамбеков: “Ифротгароӣ маҳз дар заминае пайдо мешавад, ки он ҷо бекорӣ, бедонишӣ, хурофотгароӣ, ноогоҳӣ реша давонида бошад. Бинобар ин, дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидан аз манфиат холӣ нест”. Боиси таассуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва саводи кофӣ надоштан худро ба коми тундгароӣ ва ифротгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:
Надоштани маълумот оиди ифротгароӣ ва терроризм; ҳисси молу сарват (пул); надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ;
Албатта, онҳое, ки мегӯянд, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Зуҳури ифродгароии сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.
Далер Баромбеков ҷомеашиноси тоҷик ва коршиноси дигари соҳа мегӯяд: “Мусаллам аст, ки ҷавҳари ҳама гуна қувва дар ҷомеа ба вуҷуди ҷавонон мутааллиқ буда, имрӯз низ дар баробари созандагию бунёдкории ҷавонон ба ифротгароӣ ва куштор низ маҳз ҳамин гурӯҳи иҷтимоии аҳолӣ муқаддамтар аз ҳама гом мебардоранд ва қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа мебошанд. Баъзе аз ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд ва роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ, онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгаро шомил намудан осонтар аст. Бинобар ин, тарбия амиқ ва ҷо додани ватандӯстӣ, ҳамчунин ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ як роҳи муҳими боз доштани онҳо аз ифротгароист ”.
Тағйир додани фикру назари ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма ва тариқи пинҳонӣ тарғиби ақидаҳои динӣ-экстремистӣ, ки мутаассифона, дар шаклҳои гуногун сурат мегирад, ба ҷавонони ноогоҳ таъсири худро мегузорад. Ба андешаи муҳаққиқон навад дарсади аъзоёни гурӯҳҳои фиребхӯрдаи ноогоҳ ҷавонон мебошанд. Дар воқеъ, терроризму ифротгароӣ, таассуби диниву хуруфотпарастӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳои террористӣ-ифротгаро тамоюли хатарноки ҷаҳони имрӯз эътироф гардидааст, ки моро водор месозад то дар зеҳни ҷавонони имрӯза ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ҷойгир намуда, нагузорем, ки фирефтаи ақидаҳои фарҳанги бегонапарастӣ, хуруфотзада ва шомили ягон созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро гарданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар зеҳни ҷавонону наврасон баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ, пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ва роҳҳои асосии таъмини амну субот ба шумор меравад. Чи тавре, ки таърихи гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик аз он шаҳодат медиҳад, ҳисси баланди ватандӯстӣ яке аз рукнҳои ҳувияти миллии қадимаи мардуми тоҷик буда, имрӯз омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.
Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Зеро ҷавонон имрӯз дар Тоҷикистон ба сифати нерӯи созандаву пуриқтидори имрӯзу фардо ва ҳомии асили Ватан эътироф шудаанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, дар ниҳоди ҷавонони содиқи Тоҷикистон аз доштани тафаккуру ҳисси баланди ватандориву меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ дарак медиҳад.
Мавод дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо байни ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба тундгароӣ», ки аз тараифи Ҳукумати Канада ва БРСММ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” амалӣ мегардад, омода шудааст.