Ё чаро ронандагон дар роҳ ба хонандагон роҳ намедиҳанд?
Субҳ, вақте соатҳои дарсӣ оғоз меёбад, кӯчаҳо пур аз ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мегарданд. Дар миёни издиҳоми роҳгузарон, симои хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ, сумкаҳои пурбор ва нигоҳи соддаву умедворона ба чашм мерасад. Аммо, мутаассифона, на ҳамеша ин кӯдакон бо эҳсоси бехатарӣ аз кӯча мегузаранд.
Солҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт дар бисёре аз ҳолатҳо қоидаи «ба пиёдагардон роҳ додан» – ро сарфи назар мекунанд. Хусусан дар назди муассисаҳои таълимӣ, ки бояд аз ҷиҳати амният зери назорати ҷиддии ҳам кормандони БДА ва ҳам худи ронандагон бошад, баъзеҳо бо беэътиноӣ ва шитобкорӣ ба ҳаёти кӯдакон таҳдид мекунанд.
Савол ба миён меояд: чаро?
1. Фарҳанги пасти ҳаракат дар роҳ. Бисёре аз ронандагон то ҳол дарк накардаанд, ки гузаронидани пиёдагардон, махсусан кӯдакон, на «лутф» балки ӯҳдадорӣ ва қонун аст.
2. Шитоб барои ба ҷое расидан. Баъзе ронандагон барои расидан ба ҷои таъиншуда қоидаҳоро зери по мекунанд ва ҳаёти дигарон, ҳатто кӯдаконро зери хатар мегузоранд.
3. Камбуди назорат. Дар баъзе кӯчаҳо, махсусан назди мактабҳо, полиси роҳ ҳузур надорад ва ҳамин боиси риоя нашудани тартибот мегардад.
4. Муқаррар нашудани аломатҳои роҳ. Дар назди баъзе мактабҳо ҳатто аломатҳои “Пиёдагард” ё “Мактаб” мавҷуд нестанд, ки худ сабаби бетартибии ронандагон мегардад. Ҳар чанд аксу навор аз назди МТМУ рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ гирифта шудааст, ки дар он ҳам аломати мактаббачагон, пиёдагузар вуҷуд дорад аммо ин ронандагон…
Пешниҳодҳо барои ислоҳи вазъ:
– Баланд бардоштани маърифати ронандагон. Бо роҳи таблиғ, барномаҳои телевизионӣ ва ҳатто ҷарима, бояд ронанда фаҳмад, ки кӯдак муқаддастарин пиёдагард аст.
– Насб кардани аломатҳои роҳ. Дар тамоми мактабҳо ва кӯдакистонҳо бояд аломатҳои роҳ ва ҳатто чароғакҳои тугмагӣ насб шаванд.
– Ҳузури нозирони БДА ба таври доимӣ дар вақти ба муассиси таълимӣ омадани хонандагон ба дарс ва ҳангоми баргашт ба хона.
– Таълиму тарбияи кӯдакон. Хонандагон низ бояд донанд, ки чӣ гуна бо эҳтиёт аз роҳ гузаранд, вале масъулияти асосӣ ҳамоно бо ронандагон аст.
Ҳар фарзанде, ки субҳ ба мактаб меравад, умед дорад, ки пас аз гирифтани дарс ба хона солиму саломат бармегардад. Ин амниятро на танҳо давлат, балки ҳар як фард: ронанда, роҳгузар, омӯзгор ва волидайн бояд таъмин кунанд.
Аз ин рӯ, ҳар як ронанда бояд ҳангоми дидани кӯдаке дар канори роҳ, гӯё фарзанди худашро бинад ва бе таъхир ӯро роҳ диҳад. Зеро дар пушти ҳар як кӯдак, як оила ва як миллат умед бастааст.
Камолиддин Каримов,
узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон



